Дар шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати роҳбарони муассисаҳои молиявии ҳудуди вилоят ва намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нахуст Наврӯз Валиев, мудири шуъбаи минтақавӣ оид ба натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки дар ин давра, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 21 миллиону 188 ҳазор сомонӣ расида, суръати рушд 8 фоизро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ, 11 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият карда, 108 филиал, 510 маркази хизматрасонӣ ва 11 нуқтаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ хизмат расониданд. Ҳамзамон, 1231 банкомат, 919 терминали пешниҳоди пули нақд ва 1884 терминали худкору худхизматрасон ба аҳолӣ хизмат намуд
-Аз ҷумла, дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 1087 ПОС-терминал ва 10631 QR-рамзи ягона, дар муассисаҳои давлатӣ 1091 ПОС-терминал ва 2338 QR-рамзи ягона пардохти ғайринақдӣ ба роҳ монданд. Шумораи ҳамёнҳои мобилӣ ба 2 миллиону 859,3 ҳазор расида, шумораи кортҳои пардохтӣ 3 миллиону 635,5 ҳазорро ташкил дод,-гуфт Наврӯз Валиев.
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ, ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар мавриди 524 адад кам шудани шумораи терминали пешниҳоди пули нақд ва афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ посухҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки бо сабаби кӯҳна шудани як қатор терминали пешниҳоди пули нақд ва иваз намудани онҳо ба терминалҳои худкор, ки якбора чанд функсияро иҷро мекунанд, шумораи онҳо ба таври назаррас коҳиш ёфт. Аммо ин барои гардиши пулӣ нақд ва гирифтани он ягон монеа ворид накард.
Дар мавриди ҳолатҳои қаллобӣ, мудири шуъбаи минтақавӣ зикр кард, ки дар ин давра 382 ҳолати қаллобӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 193 ҳазор сомонӣ хисорот ворид гардид. Аз ин миқдор, беш аз 226,79 ҳазор сомонӣ зарар барқарор карда шуд.
-Мо барои баланд бардоштани саводнокии моливии аҳолӣ як қатор чорабиниҳои мақсаднок, аз ҷумла фестивали саводнокии молиявӣ баргузор кардем, то онҳо ба доми қаллобони интернетӣ наафтанд. Мо дар ин самт корбариро идома медиҳем, -гуфт ӯ дар фарҷоми нишаст.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”





