Таъмини боэътимоди неруи барқ яке аз омилҳои калидии рушди устувори шаҳрҳо, бахусус минтақаҳои саноатӣ ба шумор меравад. Дар шаҳри Бӯстон солҳои охир бо назардошти афзоиши аҳолӣ, рушди корхонаҳои саноатӣ ва васеъшавии инфрасохтори ёрирасон, зарурати навсозии шабакаҳои барқ ба масъалаи аввалиндараҷа табдил ёфтааст.

Айни ҳол шабакаҳои барқи шаҳри Бӯстон дорои се зеристгоҳи барқӣ мебошанд, ки аз онҳо як адад бо шиддати 110/6 кВ ва ду адад бо шиддати 35/6 кВ фаъолият доранд. Ин инфрасохтор бо ҷалби 102 нафар корманд ба зиёда аз 14 ҳазор муштарӣ, аз ҷумла аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва насосҳои обкашӣ хизмат мерасонад.

Бо дарназардошти чунин ҳаҷми хизматрасонӣ, масъалаи коҳиш додани талафоти неруи барқ ва баланд бардоштани самаранокии ҳисоббаробаркунӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад.

Маҳз бо ҳамин мақсад, моҳи декабри соли 2025, дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, дар шаҳри Бӯстон лоиҳаи системаи ҳисобгирии муосир (ҳисобкунакҳои барқии билингӣ) амалӣ карда шуд.

Дар доираи ин лоиҳа то имрӯз 36 корхонаи саноатӣ ва 50 ҳисобкунаки сефазагӣ барои аҳолӣ васлу насб гардида, пурра ба фаъолият оғоз кардаанд. Хусусияти ҷолиби ин иқдом дар он аст, ки корҳои насб ва ба истифода додани таҷҳизот бидуни ҷалби пудратчӣ, бо ташаббуси роҳбарият ва иштироки мустақими се нафар мутахассис анҷом дода шудааст. Ин омил на танҳо хароҷотро коҳиш дода, балки сатҳи масъулият ва касбияти кормандонро низ нишон медиҳад.

Қадами муҳими дигар дар самти таҳкими шабакаҳои барқ навсозии зеристгоҳи барқии «Юмгон» ба ҳисоб меравад. Дар ин зеристгоҳ ду адад трансформатори муосир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба истифода дода шуданд. Арзиши таҷҳизот 1 миллион доллари амрикоӣ, ё худ 15 миллион сомониро ташкил медиҳад. Муҳим он аст, ки корҳои васлу насб пурра аз ҷониби мутахассисони маҳаллии шабакаҳои барқи шаҳр анҷом дода шуда, боз ҳам эҳтиёҷ ба пудратчиёни хориҷӣ ба миён наомад.

Трансформаторҳои қаблан мавҷудаи зеристгоҳи «Юмгон» дорои тавоноии 16 ҳазор киловолт-ампер буда, зиёда аз 40 сол истифода мешуданд. Бо насби таҷҳизоти нав, иқтидори умумии зеристгоҳ аз 32 ҳазор киловолт-ампер то 50 ҳазор киловолт-ампер афзоиш ёфт. Дар маҷмуъ, иқтидори зеристгоҳ 18 мегаваттро ташкил дода, имконият фароҳам меорад, ки дар оянда дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои нави саноатӣ ва иншооти ёрирасон бунёд шаванд.

Татбиқи ин тадбирҳо ба чанд натиҷаи муҳим оварда мерасонад: таъмини боэътимоди неруи барқ, коҳиш додани сарбории шабакаҳо, пешгирии қатъшавиҳои технологӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр. Ҳамзамон, бо навсозии таҷҳизот сатҳи эътимоднокии шабакаҳои барқӣ боло рафта, муҳлати хизмати зеристгоҳи «Юмгон» барои солҳои дароз тамдид мегардад.

Дар маҷмӯъ, таҷрибаи шаҳри Бӯстон нишон медиҳад, ки сармоягузории ҳадафманд ба инфрасохтори энергетикӣ на танҳо мушкилоти ҷории таъминоти барқро ҳал мекунад, балки ба як омили стратегӣ барои рушди саноат, ҷалби сармоя ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ табдил меёбад.

 

Насими Саидмуҳаммад,

“Ҳақиқати Суғд”