Дар партави 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марҳилаи нави рушду созандагиро дар таърихи миллат оғоз бахшид, имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ бо суръати тоза идома доранд. Истиқлолият барои мардуми тоҷик натанҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки омили асосии пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисод, сохтмон ва соҳибкорӣ гардид.
Дар ин замина, шаҳри Хуҷанд ҳамчун маркази муҳими иқтисодиву фарҳангии вилояти Суғд сол ба сол рушд намуда, симои худро дигаргун месозад. Яке аз нишонаҳои равшани ин пешрафт бунёди марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ мебошад, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.
Айни ҳол дар кӯчаи “Себзор”-и маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд сохтмони маркази муосири савдои дуошёнаи «Амид» бо таҳхонааш бомаром идома дорад. Иншооти мазкур бо маблағгузории ҶДММ «Амид» аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Сарбуна» бунёд гардида, намунаи равшани саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Маркази муосири савдои «Амид» аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он беш аз 3000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо асосан фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ ба роҳ монда мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани марказ, шароити мусоиди савдо фароҳам гардида, аҳолӣ метавонад маҳсулоти хушсифату дастрасро дар муҳити замонавӣ харидорӣ намояд.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 40 нафар сохтмончӣ ва мутахассисони баландихтисоси ватанӣ ба кор ҷалб шудаанд. Ин нишон медиҳад, ки лоиҳа на танҳо як иншооти савдо, балки манбаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи даромади оилаҳо мебошад. Баъди пурра ба истифода додани маркази савдо, то 100 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки дар шароити иқтисоди бозоргонӣ аҳамияти хоса дорад.
Бояд таъкид кард, ки маҳз дар солҳои Истиқлолият фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ фароҳам омада, бахши хусусӣ ба яке аз такягоҳҳои асосии рушди иқтисоди кишвар табдил ёфт. Давлат бо роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорони миллӣ ва фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои фаъолияти озодонаи онҳо, ба татбиқи чунин лоиҳаҳои муҳим замина гузошт.
Дар баробари маркази савдои «Амид», аз ҷониби ҳамин ҷамъият боз як сардхона барои нигоҳдории то 3000 тонна маҳсулот дар маҳаллаи 17-и шаҳри Хуҷанд сохта шуда, ба истифода дода мешавад. Бунёди чунин иншооти инфрасохторӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, нигоҳдории босифати маҳсулот ва пешгирии талафот аҳамияти калон дорад. Ин иқдом ба танзими бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фаслҳои сол мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз, ки кишвар ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинад, чунин корҳои созандагӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо вусъат ёфтаанд. Ҳар як иншооти нав, ҳар як маркази савдо, ҳар як корхонаи истеҳсолӣ самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати дурандешонаи давлат ба шумор меравад.
Маркази муосири савдои «Амид» низ ҳамчун рамзи рушди соҳибкорӣ ва иқтидори иқтисодии ватанӣ метавонад саҳми худро дар пешрафти шаҳри Хуҷанд гузорад. Иншооти мазкур на танҳо муҳити савдоро муосир мегардонад, балки ба зебоии шаҳр низ ҳусни тоза зам мекунад.
Бешубҳа, дастовардҳои имрӯзаи мо натиҷаи истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Дар тӯли 35 сол Тоҷикистон аз марҳилаҳои душвор гузашта, имрӯз ба давлати рӯ ба рушд ва созанда табдил ёфтааст. Пешрафти инфрасохтор, бунёди роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, марказҳои савдо ва дигар иншооти иҷтимоӣ далели равшани сиёсати созандаи давлат мебошад.
Ҳамин тавр, бунёди маркази савдои «Амид» ва сардхонаи муосир дар шаҳри Хуҷанд идомаи мантиқии раванди созандагиест, ки дар партави Истиқлолият амалӣ мегардад. Ин гуна иқдомҳо шаҳодат медиҳанд, ки мардуми Тоҷикистон бо истифода аз фазои орому устувор ба ояндаи дурахшон бо боварии комил қадам мегузоранд.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор ва масъулияти бузург аст. Маҳз бо заҳмати содиқона, дастгирии соҳибкорони ватандӯст ва идомаи корҳои ободонӣ метавонем дастовардҳои Истиқлолиятро боз ҳам ғанитар гардонем ва Тоҷикистони азизро ба кишвари пешрафтаву шукуфон табдил диҳем.
Нодир Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»




