Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Иҷтимоӣ

Маводҳои охирон

  • Туҳмати навбатии хоинони миллат
  • Тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ
  • Илму маърифат – наҷот аз гумроҳӣ
  • Сиёсатзадаҳои Амрикову Аврупо
  • Ҳарзагӯии паймоншиканон
  • Паймони миллӣ эътирозҳои беасос доранд
  • Хиёнат ба сулҳу оштӣ
  • Таъмини амният вазифаи мост!
  • Хатари падидаҳои манфӣ ба осудагиву субот
  • Дар назди қонун ҳама баробар

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Натиҷаҳо назаррасанд

Информация о материале
Опубликовано: 13 августа 2026
Просмотров: 15

Шарифҷон Ҷумъазода раиси шаҳри Исфара зимни нишасти матбуотӣ омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шаҳр арзёбӣ кард. Тавре ӯ гуфт, дар зарфи солҳои 2022–2026 дар Исфара иҷрои 1085 лоиҳа ба нақша гирифташуда, то имрӯз 1005 лоиҳа ба маблағи беш аз 377 миллион сомонӣ амалӣ гардид, ки иҷрои нақшаро ба андозаи 101,1 фисад таъмин сохт. 

Ин лоиҳаҳо соҳаҳои ҳаётан муҳимро фаро гирифта, сохтмони иншоотҳои зеринро таъмин намуданд. Аз ҷумла,  13 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, 170  иншооти маориф, 50 иншооти тандурустӣ, 21 иншооти соҳаи варзиш, 15 иншооти истироҳатию фароғатӣ ва сайёҳӣ, 49 маркази савдою хизматрасонӣ, 16 кӯпрук, 18 бинои маъмурӣ ва 18 бинои бисёрошёна. Дар соли ҷорӣ низ 59 иншоот ба истифода дода шуда, дар 36 иншооти дигар корҳо босуръат давом доранд.

Тавре таъкид гардид, гардиши савдои хориҷӣ ба 80,8 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 42, 3 милион доллар зиёд аст. Содирот низ ба зиёда аз 17 миллиону 260 ҳазор доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3775508 миллион доллар зиёд мебошад. Дар шаҳри Исфара ҳамчунин чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. Аз оғози татбиқи ин лоиҳаҳо 12,3 миллион доллари ИМА азхуд шуд. Дар доираи лоиҳаи грантии CASA-1000, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, 9 миллион доллар маблағи грантӣ азхуд гардид. Ҳамзамон, ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахши саноат низ идома дорад. Ширкати чинии «Chin Pingmei Shenma Holding Co Ltd» ба корхонаи «Ангишт»-и ҶДММ «Талант» аз маблағи умумии сармоягузории пешбинишуда 430 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид кард.

Аз шумораи умумии лоиҳаҳои амалишуда 873 лоиҳа аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорон ва сокинон иҷро гардид. Бино ба таъкиди раиси шаҳр, бахши хусусӣ низ дар иқтисоди Исфара нақши назаррас дорад. То ин давра шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба 17 ҳазору 933 нафар расид. Аз ин шумора 2090 нафар тибқи патент, 1596 нафар бо шаҳодатномаи дорои шартҳои махсус ва 1039 субъект бо шаҳодатнома фаъолият дошта, 12 ҳазору 290 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст.

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба 1 миллиону  865,3 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиши он ба 112,8 фоиз баробар шуд. Саршумори чорвои калони шохдор ба 50 ҳазору 904 сар расида, нисбат ба соли гузашта 733 сар зиёд шуд. Истеҳсоли гӯшт 2 ҳазору 270,3 тонна ва истеҳсоли шир 12 ҳазору 497,7 тонна мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ танҳо дар солҳои охир ба 14 миллиарду 865 ҳазор сомонӣ расид, ки суръати афзоиши он 112,8% аст. Нисбат ба соли пешин истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба таври назаррас афзуд, аз ҷумла  картошка 30 401 тонна, сабзавот: 50 868 тонна, полезиҳо 1 034 тонна ва меваҷот  ба 52 545 тонна, ки аз ин ҳиосб 44 563 тонна зардолуи машҳури Исфара аст, расид, - шарҳ дод раиси шаҳр.

Дар соҳаи маорифи шаҳри Исфара истифодаи технологияҳои муосир ва рушди инфрасохтори таълимӣ идома дорад. Дар давраи ҳисоботӣ барои муассисаҳои таълимӣ 16 компютер, 21 принтер, 170 тахтаи электронӣ ва 180 проектор харида шуд. Дар натиҷа, шумораи умумии компютерҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба 2 ҳазору 613 адад расидааст.

- Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ду кӯдакистон барои 64 кӯдак ва биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии №60 ва №70, ки барои 840 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаст, ба истифода дода шуд. Дар муассисаи таълимии №76 низ се синфхонаи технологӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамзамон, дар деҳоти Навгилем сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 720 ҷойи нишаст идома дорад. Дар ин иншоот ҳамчунин толори варзишӣ сохта мешавад, - иттилоъ доданд масъулини соҳа.

 Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Касбомўзии шаҳрвандони бекор

Информация о материале
Опубликовано: 13 августа 2026
Просмотров: 16

Оид ба фаъолияти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд давоми нимсолаи якуми соли 2026 сардори раёсат Ғайрат Оқилзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони васоити ахбори омма гузориш дод. Зикр гардид, ки мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” давоми соли 2026-ум дар ҳудуди вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 20602 нафар шаҳрванди корҷӯй ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷониби мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 12080 шаҳрванд барои бо ҷои корӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 58,6 фоизи нақшаи Барнома аст.

Ҳамасола бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандкардашуда, яъне квота муқаррар мегардад, ки имсол 2332 ҷойро ташкил медиҳад. То ин муддат 1316 шаҳрванд бо ҷойи корӣ тариқи квота  бо кор таъмин гардиданд, ки 56,4 фоизи  нақшаи барномавиро  ташкил медиҳад.

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2026 бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта 180 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Тавассути ин ярмаркаҳо 1714 нафар корҷӯ ва бекорон бо ҷойҳои корӣ таъмин гашта, 1442 нафар ба касбомӯзонӣ ва 322 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ҷамъи шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи  ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 3478 нафарро ташкил дод.

Тибқи қоидаҳои расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро  доранд, ба 236 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 1 миллону 106,3 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт шудааст. 

Самти дигари фаъолияти мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин таъину пардохти кӯмакпулӣ ба шаҳрвандони бекор мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба 3112 нафар шаҳрванд  ба маблағи 3 миллиону 264,5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуд. Ҳисоби миёнаи кӯмакпулиҳои пардохтгардида дар вилоят 1049 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ба 2883 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатшуда 2 миллиону 948,1 ҳазор сомонӣ ва ба 229 нафар шахсони аз маҳбас озодшуда 316,4 ҳазор сомонӣ маблағ кӯмакпулӣ пардохт шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 982 шаҳрванди бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Шаҳрвандони бекор тавассути ташкили корҳои ҷамъиятӣ ба корҳои ободонию кабудизоркунии ҳудуд, корҳои обёрию ирригатсионӣ, хизматрасонӣ ва нигоҳубини пиронсолону маъюбон, ба тартиб овардани ёдгориҳо, масҷиду ҷойҳои муқаддас ва дигар намуди корҳо сафарбар гардиданд.

Боиси зикр аст, ки касбомӯзонии шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо воситаи филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” ба роҳ монда шуд.

- Имрӯз дар вилоят як корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд”, 13 филиали Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе” дар деҳаи Маҳрами шаҳри Конибодом ва филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази касбомӯзию соҳибкории шаҳри Душанбе” дар шаҳри Гулистон фаъолият  доранд. Муҳлати омӯхтани касбҳо аз 1 то 3 моҳ буда, муассисаҳои таълимии мазкур аз рӯи зиёда аз 40 намуди ихтисосҳо касб омӯзонида метавонанд, - гуфт сардори раёсат.

Дар фарҷом намояндагони васоити ахбори омма ба масъулин саволҳо пешниҳод ­намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Баистифодадиҳии иншоот

Информация о материале
Опубликовано: 11 августа 2026
Просмотров: 11

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотии раиси ноҳия Рабим Ғафурзода баргузор гардид.

Нахуст раиси ноҳия оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли ҷорӣ маълумот дода, таъкид намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ободонии ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Шаҳристон симои тоза касб карда, як қатор иншооти муҳимми иҷтимоию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин раванд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъати бештар гирифтааст.

-Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмони 227 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 215 адади онҳо мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 95 фоизи нақшаро ташкил медиҳад,- гуфт Рабим Ғафурзода. Ҳамзамон, таъкид кард, ки барои ба истифода додани иншооти боқимонда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. 

Дар қисмати саволу ҷавоб ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” оид ба вазъи китобхонаҳо иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ноҳия як китобхонаи марказӣ фаъолият дошта, ба зиёда аз 52 ҳазор нафар хизмат мерасонад. Зикр гардид, ки бо назардошти нақши китобхонаҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ва ташаккули завқи китобхонӣ, фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоии ноҳия ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, масъалаи дастрасии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилоти олӣ тавассути квотаи президентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи иттилои раиси ноҳия, имсол 28 хатмкунанда тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд. Ба таъкиди масъулин, чунин имконият барои ҷавонони ноҳия замина фароҳам меорад, ки бо истифода аз имтиёзҳои пешбинишуда таҳсилоти олӣ гирифта, ҳамчун мутахассис дар рушди соҳаҳои гуногун саҳм гузоранд.

Дар нишаст ҳамчунин масъалаи афзоиши ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ матраҳ гардид. Ба гуфтаи раиси ноҳия, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода набудани баъзе ҷавонон ба ҳаёти мустақили оилавӣ аз омилҳои асосии ин раванд ба ҳисоб мераванд. Таъкид гардид, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо миёни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию оилавӣ ва таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ бояд тақвият дода шаванд.

Масъалаи қарзи истифодаи нерӯи барқ низ аз ҷумлаи мавзуъҳое буд, ки рӯзноманигорон ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, қарзи ташкилоту муассисаҳо барои истифодаи нерӯи барқ 943,4 ҳазор сомонӣ ва қарзи аҳолӣ 1 миллиону 305,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарз бошад, 3,3 миллион сомонӣ арзёбӣ гардид. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҷиҳати коҳиш додани қарзи истифодаи нерӯи барқ ва беҳтар намудани вазъи пардохт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд” 

Пешгирӣ ва амалиёти наҷот

Информация о материале
Опубликовано: 11 августа 2026
Просмотров: 16

- Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар ҳудуди вилояти Суғд офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба мушоҳида расида, аз ҷониби сохторҳои масъули Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят силсилаи чорабиниҳои фаврӣ ва пешгирикунанда амалӣ карда шуданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар ҳудуди вилоят 6 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расид ва зарари расонидашуда 6 миллиону 316 ҳазор сомониро ташкил дод. Барои муқоиса, дар ҳамин давраи соли 2025 дар вилоят 5 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ сабт шуда, 4 нафар ҷони худро аз даст дода буданд ва зарари молиявӣ ба 847 ҳазор сомонӣ баробар буд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Фурқат Шодизода. 

Иттилоъ дода шуд, ки аз 6 ҳолати табиии соли ҷорӣ 5 ҳодисаи омадани сел дар шаҳри Панҷакент ва як ҳодисаи омадани сел дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шудааст.

Доир ба ҳолатҳои ғарқшавӣ ва фаъолияти наҷотдиҳандагон гуфта шуд, ки дар давоми нимсолаи якуми соли 2026 дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 ҳолати ғарқшавии фалокатовар бо сабабҳои гуногун ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (14 ҳолат) 7 нафар зиёд мебошад.

Бо сари вақт хабардор намудан ва фаъолияти фаврии наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар шаҳри Хуҷанд 5 нафар шаҳрванд аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби наҷотдиҳандагон 9 нафар наҷот дода шуда буд. Вобаста ба мавсими оббозӣ ва дар асоси нақша - чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ барои соли 2026, ки аз ҷониби Раиси Кумита тасдиқ гардидааст, санҷиши объектҳо ва омодагӣ идома доранд, ки гурӯҳи кории Раёсат ҳолати омодагии минтақаҳои истироҳатию меҳнатӣ, санитариву профилактикӣ ва варзишиву солимгардониро пайваста месанҷад. Барои бартараф намудани камбудиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба шахсони масъул 36 огоҳинама супорида шуд. Ҷиҳати кам кардани хавфи офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Исфара, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Гулистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии садҳои муҳофизатӣ гузаронида мешаванд.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани селроҳаҳо ба масофаи 27 ҳазору 592 метр ва тоза намудани каналҳои обёрикунанда ва заҳбуру заҳкашҳо ба масофаи 15 ҳазору 605 метр ба иҷро расонида шуд.

Аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳои мухталиф доир ба фаъолияти соҳа пешниҳод гардид ва диққати рӯзноманигорон бештар ба селроҳа ва оқибатҳои нохуши он, ғарқшавӣ ва паноҳгоҳҳо дар ҳолати ба вуқуъ пайвастани ҳолатҳои фавқулодда нигаронида шуда буд.

 Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқиати Суғд”

Бурду бохти чор ниҳоди давлатӣ

Информация о материале
Опубликовано: 10 августа 2026
Просмотров: 16

Нишасти матбуотии чор ниҳод, аз ҷумла Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Кумитаи идораи замини вилояти Суғд, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ва Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд доир гардид. Сохторҳои марбута доир ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 ба рӯзноманигорон маълумот доданд. 

- Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми шаш моҳи аввали соли равон 53 қуттии нав барои ҷамъоварии партовҳо ва 37 нуқтаи партовҷамъкунии навсохташуда ташкил гардид. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини назорати давлатӣ ва пешгирии ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои бесоҳиб насби камераҳои мушоҳидавӣ ба 103 адад расонида шуд. Натиҷаҳо нишон дод, ки бо мусоидати камераҳои мазкур 136 протокол тартиб дода шуда, 53 ҳазору 40 сомонӣ маблағи ҷарима пешниҳод ва бо пуррагӣ ситонида шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар моҳҳои апрел – майи соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 728 нуқтаи партовҳои бесоҳиб муайян гардида, то айни ҳол бо андешидани чораҳои зарурӣ 356 адади онҳо бартараф карда шудаанд.

- Дар давоми шаш моҳи соли 2026 аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 86 ҳолати худсарона ишғол намудани китъаҳои замин муайян ва барои қабул намудани қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуд. Умуман, аз тарафи кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ дар давоми шаш моҳи соли 2026 ба ҳолати 17-июни соли 2026 ҳамагӣ 3047 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 2244,80 гектар аз ҷумла корами обӣ 748,17 гектар, корами лалмӣ  45,65 гектар, боғоти обӣ 622,78 гектар, боғоти лалмӣ 1,80 гектар, чарогоҳҳо 415,54 гектар ва дигар заминҳо – 410,86 гектар ошкор шудааст. Вобаста ба ин протокол ва қарор тартиб дода, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ин қонуншиканиҳо роҳ додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1848742  сомонӣ ҷарима баста шуд, ки ба суратҳисоби махсуси кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 1600742  сомонӣ воридот таъмин карда шуд, - гуфт сардори Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Тоҳир Толибзода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2026 ба масоҳати умумии 598,92 гектар заминҳо аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ, ғайрикишоварзӣ, зери об, ҷангалу бешазор, буттазор ва корами лалмӣ ба намуди корами обӣ ва боғ гузаронида шудаанд Ҳамзамон, соли 2026 дар ноҳияи Спитамен 5 гектар заминҳои боир ба намуди заминҳои корами обӣ гузаронида шудаанд.

- Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншоотҳои обрасонии вилоят, аз ҳисоби буҷети вилоят 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, аз ин маблағҳо ба ноҳияи Зафаробод 1 миллион сомонӣ, ба ноҳияи Мастчоҳ 500 ҳазор сомонӣ ва ба ноҳияи Ашт 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, маблағҳои мазкур барои рушди соҳаи обрасонӣ мусоидат менамояд. Маблағҳои ҷудогардида дар соли 2026-ум дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Ашт барои харидории қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ ва инчунин барои омода намудани иншоотҳои обрасонии ноҳияҳо равона карда шуда истодааст. Дар ин мавсим таҷҳизотҳои муҳофизатии барқи пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳоро ба танзим дароварда шуда, аз тарафи нозирони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо санҷиш гузаронида шуд, - гуфт муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Ҳалимҷон Ҳоҷиев. 

Гуфта шуд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025 - 2026 бобати сари вақт ва тибқи меъёр бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо аз манбаъҳои худҷорӣ дарёи Хоҷабоқирғон, Оқсу, Исфара, Исфана ва Зарафшон ва дигар манбаъҳои обрасонӣ, аз тарафи Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо корбарӣ карда шуд.

Барои таъминоти оби полезӣ дар миқёси вилоят ба майдони 194,5 ҳазор гектар бастани шартномаи тарафайн ба нақша гирифта шуда, то имрӯз ба майдони 164,8 ҳазор гектар бо 88 ассотсиатсияи истифодабарандагони оби полезӣ шартномаи хизмати обрасонӣ баста шудааст, ё ки 85 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра қарзи истифодабарандагони об аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ аз санадҳои тасдиқшуда бо усули афзоиши 147,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

- Дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳаҷми маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 7 миллиарду 323 миллиону 213 ҳазор сомонӣ, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110,2 фоизро ташкил мекунад, баробар гардид. Аз ҷумла ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 3 миллиарду 291 миллиону 423,2 ҳазор сомонӣ ё 102,5 фоиз ва соҳаи чорводорӣ 4 миллиарду 031 миллиону 790,2 ҳазор сомонӣ ё 117,3 фоизро ташкил дод, - гуфт муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 48,6 фоиз ва бахши аҳолӣ 51,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ба 44,9 фоиз ва чорвопарварӣ ба 55,1 фоиз баробар гардид.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук дар вилоят ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба санаи 1 июли соли 2026-ум 65 миллиону 491 ҳазор долларро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ аз вилоят 16 ҳазору 137 тонна сабзавот, 44 ҳазору 972 тонна меваҷот, 29 тонна тамоку, 201 тонна пашм, 1084 тонна консерваҳо, 19 ҳазору 792 тонна нахи пахта ва 75 ҳазору 232 дона чарми хом содирот гардид.

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон оид ба фаъолияти чор ниҳоди марбута саволҳо пешниҳод гардиданд.

 Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд” 

  1. Ташаббусҳо боиси шукуфоист
  2. Дастовардҳои нимсола ва дурнамо
  3. Аз амал то натиҷа
  4. Деваштич: натиҷаҳо назаррасанд

Страница 1 из 5

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.