- Информация о материале
- Просмотров: 92
Дар шароите, ки рафтори аудитория тағйир ёфтааст, синамо дигар танҳо ба толор маҳдуд намемонад. Имрӯз тамошобин камтар ба кинотеатр меравад ва бештар вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронад. Ин воқеият Ромиш Яздон, коргардон ва сенариянависро водор кард, ки ба усулҳои нав рӯ оварад.
Маълум аст, ки мушкил на дар набудани шавқи мардум ба кино, балки дар тағйир ёфтани фазои тамошост.
- Мо дарк кардем, ки агар мардумро дубора ба кинотеатр баргардонидан хоҳем, бояд аввал онҳоро дар ҳамон ҷое пайдо кунем, ки ҳузур доранд, яъне дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳамин тариқ, идеяи сохтани аудиторияи худӣ ба миён омад. Яъне аввал эътимод бояд ба даст орем, баъд тамошобинро барои дидани синамо даъват созем, - афзуд коргардон.
- Информация о материале
- Просмотров: 83
Хайру эҳсон ва шод намудани қалби ашхоси ниёзманд аз фазилатҳои беҳтарини инсонӣ ба шумор рафта, хирадмандону донишмандон дар ин бора зиёд гуфтаанд. Носири Хусрави Қабодиёнӣ, ки аз шоирони бузурги форсу тоҷик маҳсуб меёбад, дар китоби “Саодатнома”-и хеш доир ба аҳамият ва фавоиди хайру саховат сухан гуфта, онро аз беҳтарин хислатҳои ҷавонмардӣ меҳисобад.
Ба бахши кулл, то дастат шавад пур,
Макун бо кас ба симу зар тафохур.
Бидеҳ, чун дод неъмат Кирдугорат,
Ки надҳад баҳри ту меросхорат.
- Информация о материале
- Просмотров: 120
Дирӯз ҷаласаи Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадҷон Мамадҷонов ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони вилоят интихоб шуд. Номзадии ӯро дар ин вазифаи пурмасъули ҷамъиятӣ муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Шарифов муаррифӣ кард.
Зимни ҷаласа масъалаи омодагӣ ва баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ шуд. Ҳамзамон, иштирокдорон хотираи собиқ раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Турсунбой Раҳматовро, ки 7-уми ноябри соли гузашта вафот карда буд, бо эълони дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд. Марҳум дар давоми 8 сол ин вазифаро бар уҳда дошт.
- Информация о материале
- Просмотров: 62
Дар асоси нақшаи тасдиқгардида оид ба ҷамъбасти фаъолияти солона бо иштироки роҳбари Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Хуҷанд Камол Расулов, роҳбари техникии Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон Искандар Юнусов, роҳбари Филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон Муҳиддин Аҳмадзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни он натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2025, вазъи таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳо бо нерӯи барқ, нишондиҳандаҳои молиявӣ, сатҳи талафот ва ҷамъоварии маблағҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки фаъолияти филиал дар соли сипарӣ пеш аз ҳама ба таъмини боэътимод ва босифати эҳтиёҷоти иқтисодиёт ва аҳолии шаҳри Хуҷанд бо нерӯи барқ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва беҳтар намудани интизоми пардохт равона гардида буд. Дар ин замина як қатор тадбирҳои техникӣ ва ташкилӣ амалӣ карда шуданд.
Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, соли сипарӣ ба шаҳри Хуҷанд 905 миллион 810 ҳазору 824 кВт/соат нерӯи барқ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 85 миллион 463 ҳазору 682 кВт/соат зиёд мебошад. Афзоиши ҳаҷми қабул ва истифодаи нерӯи барқ, пеш аз ҳама, ба зиёд гардидани шумораи муштариён, бахусус муштариёни маишӣ, ба истифода дода шудани биноҳои баландошёна ва манзилҳои нав, инчунин рушди корхонаҳои истеҳсолӣ ва зиёд шудани нуқтаҳои барқгирии электромобилҳо марбут дониста шуд.
Талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳо 64 миллион 227 ҳазору 339 кВт/соатро ташкил дода, ба 7,09 фоизи ҳаҷми умумӣ баробар мебошад. Қайд гардид, ки нисбат ба соли гузашта нишондиҳандаи талафот 0,11 фоиз коҳиш ёфтааст, ки натиҷаи корҳои мақсаднок дар самти таҷдиди хатҳои барқ, иваз намудани ноқилҳои фарсуда, насби ҳисобкунакҳои муосир ва пурзӯр намудани назорати техникӣ мебошад.
Дар бахши аҳолӣ истеъмоли нерӯи барқ 510 миллион 971 ҳазору 246 кВт/соатро ташкил додааст. Маблағи пардохтшуда аз ҷониби аҳолӣ 169 миллион 221 ҳазору 33 сомониро дар бар гирифта, иҷрои нақша дар ин самт 100,14 фоиз таъмин гардидааст. Роҳбарият ин нишондиҳандаро далели болоравии фарҳанги истифодаи нерӯи барқ ва масъулияти шаҳрвандон дар иҷрои ӯҳдадориҳои пардохтӣ арзёбӣ намуд.
Зимни нишаст масъулин изҳор доштанд, ки барои таъмини устувории шабакаҳо ва беҳтар намудани сифати барқрасонӣ дар соли сипаригардида як қатор корҳои таҷдид ва навсозӣ амалӣ шуданд. Аз ҷумла, таъмиру барқарорсозии зеристгоҳҳо, иваз намудани трансформаторҳои фарсуда, мустаҳкам намудани хатҳои ҳавоӣ ва татбиқи унсурҳои рақамикунонӣ дар низоми баҳисобгирӣ.
Дар баробари дастовардҳо, намояндагони шабакаҳои барқӣ инчунин аз мавҷуд будани баъзе муаммоҳо, аз ҷумла сарбории афзояндаи шабакаҳо дар мавсими сармо, зарурати иваз намудани қисме аз таҷҳизоти кӯҳна ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории зич бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллӣ дар самти ошкор ва пешгирии қонуншиканиҳо тақвият дода мешавад.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”
- Информация о материале
- Просмотров: 76
-Алҳол 1 миллиону 478 нафар бонувони вилоят хизматчиии давлатӣ мебошанд. Ба Маркази иттилоотӣ ва машваратии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаи оиладорӣ 2321 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки сабаби муроҷиатҳо гирифтани саҳм ба замин, хушунат, бекор кардани ақди никоҳ, тақсими молу мулк ва дигарҳо мебошад,- гуфт сардори Раёсати кор бо занон ва оила Хуршеда Хоҷазода.
Соли 2025 ба Маркази занон “Гулрухсор” 1100 нафар зан муроҷиат намуданд. Раёсати кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо ин марказ баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дастгирии заноне, ки ба хушунати хонаводагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, фаъолияташро хуб ба роҳ монда, ба ин нафарон ёрии ҳуқуқию равонӣ мерасонад.
-Шумораи умумии гирандагони стипендияҳо дар вилоят 1703 нафар аст, ки аз ин шумора 853 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ, 250 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилоят барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва 600 нафар гирандаи стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, -иброз дошт сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода.
Аз ҷониби Раёсат ва сохторҳо беш аз 910 аксияву ҳамоиш, оиди шомил нашудан ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар намуди ҷинояткорӣ гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, вобаста ба баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон дар соли ҷорӣ аз ҷонибӣ масъулини Раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 4320 чорабинӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар анҷоми нишаст рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои шуғли ҷавонон, дастгирии оилаҳои ниёзманд, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ саволҳо пешниҳод намуданд.
Тӯҳфа РОЗИҚОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




