- Информация о материале
- Просмотров: 212
Одамон меоянду мераванд, аммо баъзеҳо бо худ чароғе меоранд, ки шуълаи он пас аз рафтан низ хомӯш намешавад. Нависанда ва публитсист Қурбон Алӣ Ӯрмонов аз ҷумлаи ҳамин нодирмарде буд, ки зиндагии кӯтоҳ, вале пурмазмуну пурбори худро ба сухан, ба андеша ва ба хидмати маънавии ҷомеа бахшид.
Ӯ нависандае буд, ки ҳарфаш аз дил меомад ва ба дил менишаст. Журналисте, ки воқеиятро бо чашми ҳассоси эҷодкор медид ва инсоне, ки ҳузураш ба атрофиён оромиш мебахшид.
Қурбон Алӣ 5-уми январи соли 1936 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Аз ҳамин хоки содаву пок реша гирифт ва ба сӯи маърифат, сухан ва эҷод қадам ниҳод. Ӯ нависанда ва журналист буд, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС аз соли 1975. Солҳои гуногун ҳамчун нозири калони Хонаи эҷодиёти халқи вилоят, корманди идораи кинопракати вилоят ва дар идораҳои рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ дар вазифаҳои масъул фаъолият бурд.
- Информация о материале
- Просмотров: 115
Бо ҳукми сарнавишти нек камина баҳори соли 1972 ба остонаи қудсии идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” қадам ниҳодам, ки чунин бахти волоро ҳатто орзу карда наметавонистам. Гумон доштам, ки даргоҳи мазкур кибриёӣ ва бошандагонаш аз тоифаи фариштагонанд ва барои чун мо – одамони хокӣ - мутлақо дастнорас...
Рисолате, ки бароям шоиста донистанд, бевосита аз ҷониби котибот ва бавижа котиби масъул, роҳандозӣ мешуд. Бино бар ин, бо кормандони ин сохтори калидӣ бинои ошноӣ сохтан рост омад. Ана, дар ҳамин ҷо бори нахуст шарафи суҳбатро бо котиби масъули рӯзнома Қурбоналӣ Ӯрмонов дарёфтам ва иқрор мешавам, ки аз муоширати оғозин камина побанду гирифтори пурдониву хушгуфторӣ ва навпардозиҳои беназири устод гардидам.
- Информация о материале
- Просмотров: 164
Дар шароите, ки рафтори аудитория тағйир ёфтааст, синамо дигар танҳо ба толор маҳдуд намемонад. Имрӯз тамошобин камтар ба кинотеатр меравад ва бештар вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронад. Ин воқеият Ромиш Яздон, коргардон ва сенариянависро водор кард, ки ба усулҳои нав рӯ оварад.
Маълум аст, ки мушкил на дар набудани шавқи мардум ба кино, балки дар тағйир ёфтани фазои тамошост.
- Мо дарк кардем, ки агар мардумро дубора ба кинотеатр баргардонидан хоҳем, бояд аввал онҳоро дар ҳамон ҷое пайдо кунем, ки ҳузур доранд, яъне дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳамин тариқ, идеяи сохтани аудиторияи худӣ ба миён омад. Яъне аввал эътимод бояд ба даст орем, баъд тамошобинро барои дидани синамо даъват созем, - афзуд коргардон.
- Информация о материале
- Просмотров: 138
Хайру эҳсон ва шод намудани қалби ашхоси ниёзманд аз фазилатҳои беҳтарини инсонӣ ба шумор рафта, хирадмандону донишмандон дар ин бора зиёд гуфтаанд. Носири Хусрави Қабодиёнӣ, ки аз шоирони бузурги форсу тоҷик маҳсуб меёбад, дар китоби “Саодатнома”-и хеш доир ба аҳамият ва фавоиди хайру саховат сухан гуфта, онро аз беҳтарин хислатҳои ҷавонмардӣ меҳисобад.
Ба бахши кулл, то дастат шавад пур,
Макун бо кас ба симу зар тафохур.
Бидеҳ, чун дод неъмат Кирдугорат,
Ки надҳад баҳри ту меросхорат.
- Информация о материале
- Просмотров: 175
Дирӯз ҷаласаи Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадҷон Мамадҷонов ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони вилоят интихоб шуд. Номзадии ӯро дар ин вазифаи пурмасъули ҷамъиятӣ муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Шарифов муаррифӣ кард.
Зимни ҷаласа масъалаи омодагӣ ва баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ шуд. Ҳамзамон, иштирокдорон хотираи собиқ раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Турсунбой Раҳматовро, ки 7-уми ноябри соли гузашта вафот карда буд, бо эълони дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд. Марҳум дар давоми 8 сол ин вазифаро бар уҳда дошт.





