Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Иҷтимоӣ

Маводҳои охирон

  • Туҳмати навбатии хоинони миллат
  • Тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ
  • Илму маърифат – наҷот аз гумроҳӣ
  • Сиёсатзадаҳои Амрикову Аврупо
  • Ҳарзагӯии паймоншиканон
  • Паймони миллӣ эътирозҳои беасос доранд
  • Хиёнат ба сулҳу оштӣ
  • Таъмини амният вазифаи мост!
  • Хатари падидаҳои манфӣ ба осудагиву субот
  • Дар назди қонун ҳама баробар

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ШАРИФОВА МАВЛУДА
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Такягоҳи мусофирон дар рўзҳои зимистон

Информация о материале
Опубликовано: 20 февраля 2026
Просмотров: 144

Дар фасли зимистон ҳаракат дар роҳи Хуҷанд–Душанбе, бахусус дар минтақаи кӯҳии Анзоб, ба мушкил рӯ ба рӯ мегардад. Бар асари тармафароӣ ва бориши шадиди барф роҳ муваққатан баста шуда, ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад. Даҳҳо мошин дар масир дармонда, мусофирону ронандагон соатҳо дар шароити сардӣ интизори боз шудани роҳ мемонанд. Ин вазъ на танҳо равуои шаҳрвандонро мушкил месозад, балки хатари ҷиддӣ ба амнияти онҳо эҷод мекунад.

Дар чунин шароит нақлиёти ҳавоӣ ба яке аз роҳҳои алтернативии бехатар табдил ёфта, таваҷҷуҳи мусофирон ба хатсайри Хуҷанд–Душанбе меафзояд. Маҳз ҳамин масъала дар нишасти матбуотии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” матраҳ гардид.

Рӯзноманигорон  бо мақсади бартараф шудани ин мушкилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти фурудгоҳ ба директори генералии  Ҷамъияти  саҳомии  кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии  Хуҷанд”  Қурбони Алимардон  бо саволҳои мушаххас муроҷиат карданд.

Тибқи иттилои ӯ нархи  чиптаи  ҳавопаймо дар хатсайри  Хуҷанд-Душанбе 701 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки қаблан 601 сомониро ташкил медод.  Ҳамзамон дар  хатсайри Хуҷанд-Душанбе  ғайр аз рӯзи душанбе  ҳамарӯза 2-3 парвоз ба анҷом расонида мешавад. Аммо масъалаи болоравии нархи чипта  нигаронкунанда боқӣ монд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки  шумораи мусофирони  хатсайрҳои байналхалқӣ дар соли 2025-ум  ба 107 ҳазору  231 нафар расидааст,  ки  нисбат ба соли гузашта  906 нафар  кам  мебошад.  Теъдоди мусофирони хатсайрҳои  маҳаллӣ бошад 105 ҳазору 042 нафар буда,  дар муқоиса ба соли гузашта 7 ҳазору 616 нафар коҳиш ёфтааст. 

Ин нишондодҳо аз коҳиши  мусофирон дарак дода,   ба фаъолияти молиявии фурудгоҳ низ таъсир расонидааст. Даромади умумӣ дар соли 2025-ум  ба 157 миллиону 439 ҳазору 886 сомонӣ баробар гардида,  нисбат ба соли гузашта  73,7 фоиз  кам шудааст.  Соли 2024-ум ин нишондиҳанда  ба 213 миллиону 718 ҳазору  596 сомонӣ расида буд.  Сабаби асосии коҳиши даромадро  аз  кам шудани  шумораи мусофирон арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки аз даромади умумии соли 2025  139 миллиону  808 ҳазору  196 сомонӣ харҷ гардида,   17 миллиону 631 ҳазору 690 сомонӣ фоида ба даст омадааст.

Новобаста аз коҳиши  шумораи мусофирон ва кам шудани даромад, корҳои ободониву созандагӣ  ва бунёди иншооти нав  дар соли 2025-ум  дар ҳудуди  ҶСК “Фурудгоҳи  байналмилалии  Хуҷанд” вусъат ёфта, як қатор  иншооти нав   мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар доираи татбиқи барномаҳои созандагӣ, бунёди меҳмонхонаи нав — маҷмааи «Кайҳон» ба истифода дода шуд, ки аз 5 ошёна ва 90 ҳуҷра иборат буда,  дорои 23 ҳуҷраи люкс, 6 VIP ва  1 бизнес мебошад.  Дар он тамоми шароити муосир барои қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ фароҳам гардидааст.

Ҳамзамон, бинои нави хизматрасонии техникии парвозҳо бо масоҳати 2808 метри мураббаъ мавриди истифода қарор гирифт, ки аз се ошёна иборат буда, барои ҷойгиронии мошинҳои махсус, утоқҳои хизматӣ ва сохторҳои муҳандисию авиатсионӣ пешбинӣ шудааст.  Дар шафати он мошинсарой бо масоҳати 864 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Илова бар ин, корҳои асфалтпӯшкунӣ дар минтақаи протоколӣ ва роҳҳои наздик ба иншоот анҷом дода шуда, бо истифода аз асфалти хушсифат масоҳати зиёда аз 22 670 метри мураббаъ мумфарш шуд. Барои ин беш аз 3 576 тонна асфалт масраф гардидааст.

Дар маҷмӯъ, нишасти матбуотӣ  фарогири масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  буд.  Масъулин  аз нигаҳдории суботи молиявӣ, идомаи татбиқи  лоиҳаҳои  созандагӣ ва нақшаҳои рушди инфрасохтор дар соли 2026 иттилоъ доданд.

 

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Татбиқи лоиҳа

Информация о материале
Опубликовано: 12 февраля 2026
Просмотров: 154

Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадизода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, вазъи соҳаи кишоварзӣ, ҳолати системаи обтаъминкунӣ ва ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Раиси ноҳия таъкид кард, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои калидии иқтисоди ноҳияи Ашт маҳсуб ёфта, рушди бемайлони он аз ҳолати низоми обтаъминкунӣ вобастагии зич дорад. Ба иттилои ӯ, 93 фоизи заминҳои обии ноҳия тавассути системаи мошинӣ бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд. Аз ин рӯ, фаъолияти мураттабу босамари истгоҳу пойгоҳҳои обкашӣ дар фарогирии пурраи майдонҳои кишти зироатҳо, боғу токзорҳо, инчунин васеъ намудани майдонҳо бо роҳи азхудкунии заминҳои нав нақши ҳалкунанда дорад.

-Дар ин самт дар ноҳия Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ фаъолият намуда, дар тавозуни он 34 истгоҳи обкашӣ, 55 чоҳи амудӣ, 152,5 километр шабакаҳои обёрикунандаи байнихоҷагӣ ва 450,7 километр шабакаҳои обёрикунандаи дохилихоҷагӣ мавриди истифода қарор доранд. Нигоҳдорӣ, таъмир ва истифодаи самараноки ин иншоот имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ беҳтар гардад,-таъкид кард Шуҳрат Муҳаммадизода.

Зимни нишаст инчунин ба рафти иҷрои лоиҳаи муҳими стратегӣ - “Нерӯгоҳи офтобии фотоэлектрикии Ашт 250 МВт” таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Раиси ноҳия изҳор дошт, лоиҳаи неругоҳи офтобӣ зиёда аз 793 гектар заминро фаро гирифта, дар доманаи қаторкӯҳҳои Қурама, асосан дар ҳудуди заминҳои Ҷамоати шаҳраки Шайдон ҷойгир мебошад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 150 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот то моҳи августи соли 2026 идома меёбанд.

Гуфта шуд, ки дар марҳилаи сохтмон наздики 600 нафар ба корҳои гуногун ҷалб мегарданд, ки қисми зиёди онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Ин тадбир ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти иншоот аз ҷониби сармоягузори маҳаллӣ - ҶДММ “Аён Энерҷӣ” ва паймонкор-ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ анҷом дода мешаванд. Ба таъкиди раиси ноҳия, дар ҷараёни татбиқи лоиҳа талаботи меъёрҳои экологӣ ва техникии байналмилалӣ пурра риоя мегарданд.

Дар ҷамъбаст Шуҳрат Муҳаммадизода иброз дошт, ки татбиқи неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ дар ноҳияи Ашт на танҳо ба таъмини устувори ноҳия ва ҷумҳурӣ бо нерӯи барқи тоза ва барқароршаванда мусоидат менамояд, балки имкониятҳои содироти нерӯи барқ, рушди иқтисоди маҳаллӣ, ҷалби сармоягузориҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолиро фароҳам меорад.

 

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”

Таъмин бо ҷойи кор

Информация о материале
Опубликовано: 12 февраля 2026
Просмотров: 104

Соли 2025 аз ҷониби шуъбаву бахшҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 21090 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар ин бора Оқилзода Ғайрат, сардори Раёсати Агентӣ зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки давраи ҳисоботӣ 2230 нафар тавассути квота бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки аз онҳо 568 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рухсатшуда, 483 нафар шаҳрвандони то синни 18 сола, 445 нафар волидони яккаву танҳо ё шахсоне, ки дар тарбияашон фарзандони ноболиғ доранд, 316 нафар волидони серфарзанд, 203 нафар шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодшуда, 172 нафар шаҳрвандони ба синни нафақа наздик, 29 нафар маъюб, 9 нафар шахсони то синни 18 сола, ки бо сабаби вафоти волидайн сарпарастии оиларо ба уҳда доранд ва 5 нафар ятим мебошад.

Ҳамзамон, дар давраи сипаригардида ба 4951 нафар ба маблағи 5 миллиону 772,6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуд, ки аз он 43,2 ҳазор сомонӣ ба 3 нафари аз кор ихтисоршуда, 5 миллиону 199 ҳазор сомонӣ ба 4531 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рухсатшуда ва 530,4 ҳазор сомонӣ ба 417 нафар шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодшуда равона шудааст.

-Соли 2025 ба Раёсати Агентӣ 744 нафари муҳоҷири меҳнатӣ муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 115 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, 167 ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуда, 40 нафар бо корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, ба 50 нафар барои фаъолияти соҳибкорӣ 211,3 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд,-илова кард сардори Раёсат. Ҳамзамон, зикр намуд, ки ба 519 нафар шаҳрванди бекор ба маблағи 2 миллиону 304,8 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод шуд. Ин маблағҳо барои оғози фаъолият дар самти хизматрасонӣ, тиҷорат ва истеҳсолот истифода бурда мешаванд.

-Айни замон дар вилоят 16 маркази касбу ҳунаромӯзии тобеи Агентӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо беш 40 намуди ихтисос омӯзонида мешаванд. Соли сипаригардида 5215 нафар ба омӯзиш ҷалб карда шуданд, ки пас аз хатм ба онҳо шаҳодатнома дода шуд. Инчунин, 3947 нафар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, пардадӯзӣ, қаннодӣ, ошпазӣ, гулдӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, адрасбофӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ, йӯрмадӯзӣ, бофандагӣ, попуридӯзӣ, ҷомадӯзӣ ва нонпазӣ ҷалб гардиданд,-шарҳ дод Оқилзода Ғайрат.

 

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”

Соли вусъати сохтмон ва созандагиҳо

Информация о материале
Опубликовано: 12 февраля 2026
Просмотров: 160

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар нишасти матбуотӣ ба кормандони васоити ахбори омма доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2025 иттилоъ дода иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода як силсила корҳои назаррасро роҳандозӣ намуд.

–Дар соли сипаригашта соҳаи сохтмон дар шаҳри Хуҷанд рушди босуръат касб намуда, ҳаҷми маблағгузории асосӣ ба ин бахш 1 миллиарду 743,6 миллион сомонӣ ё 163,7 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми корҳои сохтмонию васлкунӣ ба 1 миллиарду 644,4 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ 194,2 фоиз афзоиш ёфт. Инчунин, ҳаҷми корҳои пудратӣ ба 1 миллиарду 431,1 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда 2,2 маротиба зиёд мебошад,–гуфт раиси шаҳр.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр сохтмон ва азнавсозии 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда буд. Танҳо дар соли 2025 аз ин ҳисоб 370 адад иншоот бунёд шуд ва иҷрои нақшаи умумии панҷсола ба 115,0 фоиз баробар гардид.

Боиси ифтихор аст, ки дар соли 2025 зимни сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 27 адад иншооти ҳаётан муҳим дар шаҳр ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар нишасти матбуотӣ бештар дар самти ободонии кӯчаҳо ва таъмири роҳҳо диққати бештар дода шуд. Фирдавс Шарифзода дар ин самт гуфт, ки дар доираи корҳои ободонӣ дар соли 2025 ба масофаи 55,7 километр роҳҳои мавзеъи шаҳр мумфарш ва таъмири асосӣ гузаронида шуданд ки ин 111,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар хиёбони Раҳмон Набиев дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон хатти партовоб ба масофаи 2150 метр бо қубурҳои қутраш 800 миллиметра васлу насб гардид.

Баҳри афзун намудани ҳусну таровати шаҳр биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор ёфта, қубурҳои обу ташноби онҳо иваз шуданд.

Ҳамчунин, раиси шаҳр доир ба бахши саноат афзуд, ки корхонаҳои шаҳр ба маблағи 2 миллиарду 145,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба соли пешина 120,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ин миқдор 461,2 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот шуда, 127 корхона маҳсулоти воридотивазкунанда ба маблағи 1 миллиарду 20,8 миллион сомонӣ истеҳсол намуданд. Дар ин давра бо ҷалби зиёда аз 36,5 миллион сомонӣ сармоя 32 адад корхонаи нави истеҳсолӣ бо 400 ҷойи корӣ таъсис ёфт.

Доир ба даромади буҷети умумӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 - ум ба маблағи 1 миллиарду 27,9 миллион сомонӣ таъмин гардида, аз нақша 125,9 миллион сомонӣ зиёд ворид шуд. Ин имкон дод, ки 25 миллион сомонӣ маблағи баландшавии музди меҳнат ва нафақаи шаҳрвандон пурра таъмин гардад. Ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 305,2 миллион сомонӣ равон шуда, 34 адад муассисаи ин соҳаҳо бунёду азнавсозӣ гардиданд.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон саволҳои гуногун доир ба паҳлуҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр пешниҳод карданд.

 

Шаҳбону ОЛИМОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Чораҳои зарурӣ мебояд

Информация о материале
Опубликовано: 10 февраля 2026
Просмотров: 163

Мувофиқи маълумоти шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен давоми соли 2025-ум 286 ҷинояткорӣ содир шудааст. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 51 ҳолат зиёд мебошад. Ҷиноятҳои содиршуда аз ҳисоби занон 25 адад ва аз ҳисоби ҷавонон 59 ададро ташкил медиҳад. Дар ин бора раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфти ӯ бештари ҷинояткорӣ  дар  намуди қаллобӣ содир шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ масъалаҳою мушкилоти мухталифи ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Рӯзноманигорон  оид ба вазъи мактабу маориф,  тандурустӣ, ҳолатҳои ҷинояткорӣ, сохтмону таъмири роҳ ва масъалаҳои иҷтимоӣ саволу ҷавоб намуда, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия посухҳои мушаххас гирифтанд.

пурра...

  1. Ҳамкории мутақобила сарчашмаи пешрафт аст
  2. Шаҳри зебои сайёҳӣ
  3. Барори соли аспи сурхи оташин

Страница 5 из 5

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.