Раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо иштироки намояндаи мақомоти вилоятӣ, рӯзноманигорон, роҳбарони муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ва масъулини соҳаҳои гуногун нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Нахуст раиси шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Конибодом дар соли 2025 ҳисобот дода, иброз намуд, ки соли сипаришуда ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 415 миллиону 290 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ нишондиҳандаи устувори рушдро инъикос менамояд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз 72 корхонаи фаъол 32 корхона ҳаҷми истеҳсолоти худро зиёд намуда, 13 корхона фаъолияти худро дубора оғоз карданд. Ҳамзамон, дар як қатор корхонаҳо бинобар камбуди ашёи хом, маблағҳои гардон ва хусусияти мавсимии фаъолият коҳиши истеҳсолот ба мушоҳида расид. Айни замон 10 корхона муваққатан фаъолият намекунанд, аммо ҷиҳати барқарорсозии онҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Бино ба иттилои мавсуф дар соҳаи кишоварзӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки масоҳати умумии кишти зироатҳо дар соли 2025 ба 10 ҳазору 759,2 гектар расонида шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба васеъ намудани зироатҳои даромаднок — пахта, картошка ва сабзавот равона гардидааст. Дар баробари ин, истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ низ афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи ҳисоботӣ хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр 6187,1 тонна гӯшт, 28 ҳазору 588,1 тонна шир ва беш аз 13 миллиону 800 ҳазор дона тухм истеҳсол намудаанд. Саршумори чорвои калони шохдор ва моли майда низ нисбат ба соли гузашта афзудааст, ки ин далели рушди устувори соҳаи аграрӣ мебошад.
Дар идомаи нишаст раиси шаҳр таъкид намуд, ки дар аксари самтҳои хоҷагии халқ пешравиҳо ба назар мерасанд, вале дар баробари ин, камбудиҳо низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, масъалаҳои вобаста ба хизматрасониҳои коммуналӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи замин, беҳтарсозии муҳити зист ва рушди инфрасохтор зери назорати қатъии роҳбарият қарор доранд.
Раиси шаҳр ба ҳамаи саволҳо бо далелу рақамҳо муфассал посух дода, иброз дошт, ки рушди устувори шаҳр танҳо дар ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва ҷомеа имконпазир аст.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




