Баробари шунидани калимаи "зан" дар пеши чашмонам симои Модарам намудор мешавад. Аҷаб дунёест дунёи фонӣ, дунёи гузаро, дунёи бевафо. Модарҷон, пазмонат шудаам ва дар танҳои чашм мепӯшам, хандаҳоят, суханҳои форамат, насиҳатҳоят ба гӯшам мерасад. Афсӯс, вақте чашмамро мекушоям, ин садо хомӯш мегардад, чунки ин тасаввур аз хотиротам мебошад.
Модарҷони ба дилу ҷон баробарам, дилам пур аз алам аст, лек афсӯс розшунавам танҳо ту будӣ. Аё модар, чӣ гуна сухан гӯям, то дар пешам ҳозир шавӣ. Оҳ, кош чархи фалак ақиб мегашту боз як бори дигар туро медидам, модарҷонам. Дар оғӯш мегирифтаму ҳама розӣ диламро мегуфтам, маслиҳатҳои муфид медодӣ бароям. Оҳ, модар, чашмонам ҳамеша бо ёди ту нам ҳастанд, чӣ қадар сангину мушкил аст ин дурӣ аз ту. Биё, модарҷон, даст бар сарам бигузор ва дили чун мавҷҳои дарёи пурталотум гаштаамро ором намо, биё то он, ки рози диламро бигӯям модарҷон. Аз назди хонаат мегузараму, аммо ба хонаат даромада наметавонам, хонаат зебише надорад, зебоии хонаро бо худ бурдӣ, модарҷонам.
Қадри Зан-Модар
Модаронамонро дар вақти дар ҳаёт буданашон ҳурмату эҳтиром кунем, чаро, ки зиндагӣ гузаро аст.
Модар ягона шахсест, ки туро бе сухан мефаҳмад.
Модар ҳамаи бори гарони зиндагиро дар дўши худ дорад.
Вақте, ки духтар дар оила тарбияи хуб гирифт, соҳиби маълумоту касб гардид, дар хонаи шавҳар бе душворӣ зиндагӣ хоҳад кард. Духтари ботарбия шавҳари худро низ тарбия карда метавонад. Фарзандҳояш ояндаи нек доранд. Барои ба қуллаҳои баланд баромадани шавҳари худ мубориза мебарад.
Устод Турсунзода занро сарчашмаи ишқу зиндагӣ ва офарандаву созандаи ҳаёти солим ба қалам додааст. Устувории мавқеи зан, дилсӯзии ӯ нисбат ба фарзандон метавонад фарзандонро аз роҳи каҷ ба роҳи рост ҳидоят намояд.
Нақши зан дар оила хеле калон ва душвор аст. Зан пеш аз ҳама пурсабру пуртоқат, дурандеш, сарфаю сариштакор, бомаданият, кадбону, модари меҳрубону зани вафодор бошад. Зане, ки оила ва шавҳари худро дӯст медорад, аз ҳеҷ гуна душвори рӯҳафтода намешавад. Занҳои мо баробари мардон дар корхонаҳо заҳмат мекашанд. Шабона бо рўбучини хона, пухту паз, ҷомашўи, тарбияи фарзанд машғуланд, ҳамчунин эркагию инҷиқиҳои шавҳари худро мебардоранд.
Модар будан истеъдод аст, истеъдоди фавқулода. Модар будан қурбонӣ мехоҳад ва самараи ҷоннисориҳои ӯ фарзандони номовараш ҳастанд. Ҳамон замон модар худро тинҷу ором, хушбахту осуда эҳсос мекунад, ки нақшҳои офаридаи гирди домонаш ӯро зеб медиҳанд, аз гармии офтобу аз расидани об рангҳояшон тира нагарданд. Ана ҳамин гулҳо, яъне фарзандон, дунёи модаранд, ки гирди домони ӯ нақшофарӣ шудаанд.
Дунёи модар, дунёи пур аз мушкиливу ранҷу заҳматҳо, дунёи сабру таҳаммул, шабзиндадориву бахшиданҳост. Модар фариштаи пок аст. Озоре аз ӯ бинӣ, бубахшо. Дурӯғе гӯяд, рост пиндор. Ранҷе диҳад, ба дил нагир. Ҳар гуноҳи модар, ба хотири накуӣ ба фарзанд аст. Он ҳама ранҷу кулфате, ки модар барои фарзанд мекашад, дар як тарафи бузургтарин тарозуи адолати дунё ҳамеша вазнинтар аст. Бори ҳамвазни он танҳо як пора дили меҳрубони фарзанд буда метавонад. Баробари ҳамсар интихоб шуданаш, ба дӯши зан масъулиятҳои зиёде бор мешавад.
Бояд ҳамсар не, ҳамдилро интихоб кард. Дар баробари вазифаҳои ҳамсарӣ омӯхтани хислат, рафтор, табъу завқи як нафари дигар кори саҳлу осон нест. Ҳамон замон ҳамдили ӯ мешавӣ, ки ӯро пурра омӯхтаӣ. Ҳатто биҳишти занро вобастаи ризои шавҳар ва биҳишти ҳама инсонҳоро бо баъзе хусусиятҳо, аз ҷумла наслофарӣ, зери қадамҳои модарони арҷманд гуфтааст. «Омӯхтани зан шавҳари хешро ва муҳаббати ҳамдигарӣ ин ду нафарро баъди якчанд соли зиндагии якҷоя зоҳиру ботинашонро ба ҳам монанд месозад». Яъне рӯйи саҳнаи зиндагӣ зан бояд беҳтарин ҳунарманд ва шавҳару фарзандон мухлисони асили ӯ бошанд, зеро зани хуб барои мард неъмат аст.
Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.
Маҳз, ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад.
Нақши муҳим ва таъсиррасонии мусбати онҳо чӣ дар муҳити хонавода ва чӣ дар ҷомеа эҳсос карда мешавад.
Ба ҳамин хотир Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаро таъкид месозанд.
Ҳар зане, ки роҳбар аст, маънии онро дорад, ки ҷасуру нотарс аст. Зеро, дар баробари чанд рисолати муҳиме, ки зан ба иҷро мерасонад, дар мақоми роҳбарӣ ҳам бо боварӣ ба худ кор мекунад. Ҳатто ба ҷиддикор будани занон Роҳбари давлат низ эътимод дораду эътиқодманд ва аз ин ҷост, ки мақому манзалати онҳоро рӯз то рӯз баландтар мебардоранд. Сирри муваффақияти занони роҳбар дар он аст, ки онҳо дар баробари сиёсатмадор будан, ҳалиму нармгуфторанд.
Зеро табиати Зан-Модар ширингуфториву дилёбиро талаб мекунад.
Аз ҳамин ҷост, ки занон дар зинаҳои роҳбарӣ ба комёбиҳо ноил мегарданду маҳбуби ҳамагон мешаванд.
Барно Абдуғаффорова,
«Ҳақиқати Суғд»




