Мо, як гурӯҳ рӯзноманигорони вилояти Суғд, бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар кардем. Ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали ворид шудан ба ноҳия эҳсос гардид, ки ин ҷо фарҳанги меҳмоннавозӣ, самимият ва эҳтиром ба мардум ҷойгоҳи хоса дорад. Қабули гарму самимии меҳмонон аз ҷониби раиси ноҳия ва масъулини мақомоти иҷроия бозгӯи он буд, ки робитаи роҳбарият бо сокинон танҳо дар доираи вазифа маҳдуд набуда, дар асоси ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобил бунёд ёфтааст. Хоксорӣ дар рафтор, гуфтори ором ва таваҷҷуҳи самимӣ ба сокинон аз ҷумлаи хислатҳое буданд, ки дар ҷараёни сафар ба хубӣ эҳсос мешуданд.
Аммо ҳақиқати фаъолияти ҳар як роҳбар на дар суханҳои таърифӣ, балки дар натиҷаи кору заҳмати ӯ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ноҳияро на аз паси мизи нишаст, балки аз дохили маҳаллаҳо, роҳҳо, иншооти навбунёд ва суҳбат бо сокинон бишносем. Он чӣ кӣ дидем, аз рақамҳои ҳисоботӣ ҳам бештар сухан мегуфт. Роҳҳои нав, корхонаҳои бунёдшаванда, муассисаҳои таълимии дар ҳоли сохтмон ва чеҳраҳои қаноатманди мардум аз он шаҳодат медоданд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои созандагӣ воқеан бо суръат идома доранд.
Нахустин нуқтаи боздиди корвони рӯзноманигорон кӯчаи ба номи Даврон Мерганов дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз буд. Дар ин ҷо беш аз ду километр роҳи маҳаллӣ мавриди мумфаршкунӣ қарор дошта, техникаву мутахассисон бе таваққуф фаъолият мекарданд. Барои сокинони маҳалла ин танҳо як роҳи нав нест, балки роҳи осони расидан ба мактаб, беморхона, бозор ва дигар марказҳои хизматрасонӣ мебошад.
Дар ҷараёни суҳбат бо сокинон эҳсос гардид, ки онҳо ин гуна корҳои ободониро ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи давлат ва мақомоти маҳаллӣ арзёбӣ мекунанд. Маҳз чунин иқдомҳо сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намуда, барои рушди маҳал заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Тибқи иттилои масъулин дар ноҳия ҳамагӣ 965,8 километр роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, танҳо дар соли 2026-ум таъмиру таҷдиди 158 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорон ва сокинон зиёда аз 100 километр роҳҳои маҳаллӣ пурра мумфарш гардида, 30 километр роҳ таъмири ҷорӣ ва 63 километр шағалпӯш шудааст. Дар маҷмӯъ иҷрои нақшаи таъмиру тармими роҳҳо ба 123 фоиз расонида шуда, ҳадаф гузошта шудааст, ки то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 200 километр роҳ мумфарш мешавад.
Аз роҳсозӣ ба соҳаи маориф рӯ овардем.
Нахуст аз раванди сохтмони мактаб дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз дидан намуда, ба кӯдакистони рақами 6-и «Гулшан» рафтем. Ин муассисаи томактабӣ имрӯз 570 нафар тарбиятгирандаро дар 20 гурӯҳ фаро гирифтааст. Дар синфхонаҳо муҳити хуби таълиму тарбия, воситаҳои омӯзишӣ ва шароити муносиб барои рушди кӯдакон муҳайё гардидааст. Зимни боздид кӯдакони ин муассиса бо барномаи фарҳангӣ таваҷҷӯҳи рӯзноманигоронро ба худ ҷалб намуда, бо суруду рақсҳои дилнишин ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Дар баробари маориф, рушди соҳаи варзиш низ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз самтҳои муҳими фаъолияти созанда ба ҳисоб меравад. Ҳангоми боздид аз толори варзишии «Чемпион» мушоҳида гардид, ки ҷавондухтарони варзишгар бо омодагии хуб машқу тамрин доранд. Мураббиён бо ҳар як шогирд алоҳида кор карда, барои рушди маҳорати онҳо шароити зарурӣ фароҳам овардаанд.
Ба гуфтаи мураббии МД Мактаби махсуси варзишии волейбол Дилафрӯз Содиқова соли ҷорӣ ҷавондухтарони ин мактаб дар мусобиқаи волейболбозӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷойи аввалро соҳиб шудаанд.
Имрӯз дар ноҳия 29 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 60 майдончаи варзишӣ ва 5 мактаби варзишӣ фаъолият дошта, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ боз 4 майдонча ва 2 толори нави варзишӣ сохта шудааст. Ба гуфтаи масъулони ин соҳа то ҷамъбасти нӯҳмоҳа боз 3 майдонча ва 2 толори варзишии дигар сохта мешавад.
Қисмати дигари сафари мо ба корхонаи истеҳсолии «Organicyarn» рост омад. Ин корхона, ки соли 2018 таъсис ёфтааст, имрӯз яке аз калонтарин корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳсуб мешавад.
Ҳанӯз аз даромадгоҳи корхона садои таҷҳизоти муосир ба гӯш мерасид.
Дар дохили сехҳо садҳо килограмм нахи пахта ба ресмони хушсифат табдил меёфт. Ҳар як дастгоҳ бо дақиқии баланд фаъолият мекард ва кормандон бо масъулияти зиёд раванди истеҳсолотро назорат менамуданд.
Директори генералии ҶДММ «Organicyarn» Абдумубин Тоҷибоев зимни суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки корхона бо истифода аз технологияҳои навтарин имрӯз маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар шаш моҳи соли 2026-ум дар корхона 1220 тонна маҳсулот истеҳсол гардида, аз он 1009 тонна ресмони пахтагӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин содирот шудааст. Айни замон зиёда аз 230 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Ҷолиб он аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов занҷираи истеҳсолӣ аз пахтакорӣ оғоз шуда, то маҳсулоти тайёри содиротӣ идома меёбад. Ин намунаи воқеии татбиқи сиёсати коркарди ашёи хом дар дохили кишвар мебошад.
Соли равон боз панҷ корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Аз ҷумла, ҶДММ “Хишти ганҷ” бо иқтидори 36 миллион дона истеҳсоли хишт дар як сол бо 85 ҷойи корӣ, ҶДММ “Файзи Меҳробод” бо иқтидори 480 тонна истеҳсоли оби нӯшокӣ дар як сол бо 21 ҷойи корӣ, ҶДДМ “Шоҳҷаҳон” бо иқтидори 1 миллион куб истеҳсоли бетон дар як сол бо 200 ҷойи корӣ, Кооперативи тиҷоратии “Муҳайё” бо итидори 1,5 миллион тонна коркарди регу шағал дар як сол 20 ҷойи корӣ ва ҶДММ “Диёри Юсуф” бо иқтидори 600 миллион тонна истеҳсоли хӯроки чорво дар як сол 15 ҷойи корӣ. Аз таъсиси ин корхонаҳо аллакай 341 ҷойи кори холӣ муайян аст, ки барои беҳбудии сатҳи зиндагии 341 нафар мусоидат хоҳад кард.
Гарчанде ноҳияи Ҷаббор Расулов аз минтақаҳои аграрии вилоят маҳсуб меёбад, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ бештару хубтар роҳандозӣ гардидааст. Корвони рӯзноманигорон дар идомаи боздид бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии «Корхонаи кӯҳӣ-ғанигардонӣ» шинос шуданд Имрӯз ин корхона на танҳо ба истихроҷи реги кварсӣ машғул аст, балки ба маркази татбиқи яке аз бузургтарин тарҳҳои саноатии ноҳияи Ҷаббор Расулов табдил ёфтааст.
Зимни суҳбат бо рӯзноманигорон сармуҳандиси корхона Ӯктам Ҳошимов иттилоъ дод, ки лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли шиша ва корхонаи хурди истеҳсоли зарфҳои шишагӣ пурра омода буда, тамоми корҳои таҳқиқоти геологӣ ва ташхисҳои зарурӣ анҷом ёфтаанд. Дар оянда дар ин ҷо истеҳсоли шишаи варақӣ, банка ва шишаҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда мешавад.
Ашёи хоми асосии ин истеҳсолот реги кварсии кони «Қӯрғонча» мебошад. Ба арзёбии мутахассисон, захираи ин кон зиёда аз 40 миллион тоннаро ташкил дода, барои тақрибан 400 соли оянда кифоят хоҳад кард.
Айни замон дар корхона 47 нафар фаъолият намуда, ҳар рӯз то 400 тонна реги кварсӣ коркард мешавад. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон наздики 15 ҳазор тонна реги кварсӣ истеҳсол гардида, ҳамарӯза то 500 тонна маҳсулот ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон интиқол дода мешавад.
Дар соли ҷорӣ ба истифода додани корхонаи истеҳсоли шиша бо иқтидори 400 тонна коркарди қум дар як шабонарӯз ба нақша гирифта шудааст. Ин тарҳ бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ гардида, беш аз 200 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард.
Ин ҳама нишон медиҳад, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов тадриҷан аз содиркунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти тайёр табдил меёбад. Ин самте мебошад, ки имрӯз иқтисодиёти кишвар ба он ниёз дорад.
Дар идомаи сафар рӯзноманигорон аз корхонаи пойафзолдӯзии «Шоҳин» низ боздид намуданд. Ин корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосир маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуда, барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, аҳолии ноҳияро бо пойафзолҳои замонавию босифат таъмин мекунад. Тибқи иттилои маъулон давоми шаш моҳи соли 2026-ум беш аз 3000 ҷуфт пойафзоли мардона ва занона истеҳсол гардида, ба фурӯш бароварда шудааст. Дар ин коргоҳ 40 нафар ба кор ҷалб гардида, музди маоши миёнаи онҳо 1500 -2000 сомониро ташкил медиҳад.
Дар сехи дӯзандагии «Гӯзал» бошад, садои мошинҳои дарздӯзӣ лаҳзае қатъ намешуд. Дар рӯйи мизҳо либосҳои мактабӣ бо тартиби махсус ҷойгир гардида буданд.
Директори корхона Гӯзал Файзуллоева зимни суҳбат гуфт, ки имсол барои 20 муассисаи таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов наздики 20 ҳазор маҷмӯи либоси мактабӣ омода карда мешавад. Аллакай зиёда аз нисфи фармоиш иҷро гардидааст.
Пас аз боздид аз корхонаҳои истеҳсолӣ роҳи мо ба бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Маркази саломатии Меҳробод идома ёфт. Дар ин ҷо бо шароити фароҳамшуда барои хизматрасонии аҳолӣ шинос шуда, аз корҳои анҷомёфта таассуроти нек бардоштем.
Аз он ҷо ба маконе расидем, ки имрӯз корҳои омодагӣ ба як иншооти муҳими варзишӣ ҷараён доранд. Варзишгоҳи марказии «Ҷавонӣ», воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ мешавад. Тавре мудири бахши сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов Абдурасул Исматуллоев иттилоъ дод, варзишгоҳ барои 3 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, баъди анҷоми корҳои азнавсозӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва чорабиниҳои оммавӣ хизмат хоҳад кард.
Сафар идома дошт. Ин навбат моро дар саҳроҳои сабзу хуррами хоҷагии деҳқонии «Комунаи Париж»-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз пешвоз гирифтанд. Хоҷагӣ, ки аз 10 саҳмдор иборат буда, дар масоҳати 13,5 гектар фаъолият мекунад, намунаи истифодаи самараноки замин аст. Дар ин ҷо пахта, ҷуворимакка барои дон, гандум, ҷав, картошка, полезӣ, юнучқа ва маҳсулоти боғдорӣ парвариш меёбанд. Ҳангоми суҳбат деҳқонон иброз доштанд, ки бо меҳнати ҳалол ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин барои афзоиши ҳосилнокӣ талош доранд.
Сипас мо ба сӯи деҳаи қадимаи Қурғонча равон шудем. Деҳае, ки имрӯз бо роҳҳои мумфарш, иншооти нав ва фазои ободу зебояш аз дигаргуниҳои солҳои охир башорат медиҳад. Суҳбат бо сокинон нишон дод, ки онҳо ин пешрафтҳоро самараи ваҳдат, меҳнати аҳлона ва дастгирии сиёсати созандаи давлат медонанд.
Ин деҳа таърихи беш аз 500-сола дошта, дар минтақаи наздисарҳадӣ ҷойгир аст ва беш аз 6 ҳазор нафар аҳолиро дар бар мегирад. Солҳои тӯлонӣ сокинони деҳа аз мушкилоти роҳҳои вайрон ранҷ мекашиданд. Аммо дар солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкори ватандӯст Абдуқаҳҳор Мерганов ва бо ҷалби сокинон зиёда аз 10 километр роҳи деҳа мумфарш гардида, симои Қурғончаро куллан дигаргун кардааст.
Ҳамзамон дар ин деҳа сохтмони як кӯдакистони хусусӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаюм Каримов барои 120 нафар тарбиятгиранда ва дар деҳаи Навбунёд, як муассисаи тобмактабии хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Далер Каримов барои 200 нафар тарбиятгиранда идома дорад. Ин иқдом далели он аст, ки рушди соҳаи маориф на танҳо маркази ноҳия, балки дурдасттарин маҳаллаҳоро низ фаро гирифтааст.
Сафари корвони рӯзноманигорон дар ҳаминҷо хотима ёфт. Ин сафар нишон дод, ки корҳои ободониву созандагӣ дар ин гӯшаи мамлакат танҳо дар ҳисоботҳо маҳдуд нестанд, балки дар симои роҳҳои нав, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар рӯҳияи умеду қаноатмандии мардум таҷассум ёфтаанд. Имрӯз ноҳия бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби ташаббуси соҳибкорону сокинон ба сӯи рушди устувор қадам мегузорад. Бешубҳа, идомаи чунин корҳои созанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба яке аз ноҳияҳои пешсафи вилояти Суғд табдил хоҳад дод.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”





