Кӯҳистон ҳамеша бо табиати асрорангез, қуллаҳои сарбафалак кашида, чашмаҳои мусаффо, ҳавои тоза ва одамони меҳнатдӯсташ дар қалби ҳар бинанда нақши худро мегузорад. Вақте ба гӯшаҳои дурдасти кӯҳистони диёр сафар мекунед, дар баробари зебоиҳои табиат боз як манзараи дигар — симои тағйирёфтаи деҳоти кӯҳистон, ободониву созандагӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ба назар мерасад.

Ин манзараҳоро гурӯҳи журналистони вилояти Суғд, ки дар доираи пресстур ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуданд, бо чашми сар диданд.

Сафари рӯзноманигорон рӯзи 30-юми сентябр аз яке аз деҳаҳои хушманзараи ноҳия — Оббурдон оғоз гардид. Деҳе, ки табиат дар он гӯё бо тамоми ҳусни худ ҷилванамоӣ мекунад. Сабзу хуррамии атроф, кӯҳҳои гирду пеш, ҳавои форам ва меҳмоннавозии сокинон ба ин мавзеъ ҳусни хос мебахшад.

Аммо Оббурдон танҳо бо табиати зебояш ҷолиб нест. Ин ҷо намунаи равшани он низ ҳаст, ки чӣ гуна дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар деҳаҳои кӯҳистон тадриҷан симои худро дигар карда, ба макони зиндагии шоистаи мардум табдил меёбанд.

Бино ба иттилои раиси кумитаи маҳалла Неъматулло Қозизода, дар Оббурдон беш аз 400 хоҷагӣ зиндагӣ дошта, шуғли асосии мардум кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Мардум аз субҳи содиқ то шом дар замин, боғу чарогоҳ ва дигар бахшҳои хоҷагидорӣ заҳмат мекашанд. Ҳамин меҳнати ҳалол ва муносибати самимӣ ба сарзамини аҷдодӣ аст, ки зиндагиро дар ин гӯшаи кӯҳистон пеш мебарад.

Симои навини деҳа — натиҷаи солҳои созандагӣ

Ҳамаи ин дигаргуниҳо дар пеши чашми мардум сурат гирифтаанд.

Роҳҳои мошингарди деҳа низ тадриҷан ба талаботи рӯз мутобиқ мегарданд. Танҳо имсол зиёда аз ду километр роҳ пурра мумфарш карда шудааст. Ин иқдом барои сокинони деҳа воқеан рӯйдоди муҳим аст, зеро роҳи хуб натанҳо рафтуомади мардумро осон мекунад, балки ба рушди иқтисодӣ, дастрасии бозорҳо ва беҳтар гардидани зиндагии аҳолӣ низ таъсири бевосита мерасонад.

Яке аз дастовардҳои муҳими солҳои охир барои сокинони Оббурдон ин таъмини манзилҳо бо оби нӯшокӣ мебошад.

Дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ба манзили наздики 400 хоҷагӣ хати оби нӯшокӣ дароварда шуд. Агар солҳои пеш сокинон асосан аз оби ҷӯйбор истифода мебурданд, имрӯз оби тоза ба хонаҳо расидааст.

Ин тағйирот шояд дар назари касе як иқдоми одӣ намояд, аммо барои сокини кӯҳистон, ки солҳо барои дастрас кардани об талош мекард, чунин имконият неъмати бузург аст.

Бо ворид гардидани оби нӯшокӣ ба хонаҳо зиндагии рӯзмарраи мардум низ осонтар шудааст. Кадбонуҳо ҳангоми омода кардани ғизо, шустану тоза кардани хона ва дигар корҳои рӯзгор сабукиро эҳсос мекунанд. Бо истифода аз дастгоҳҳои муосири рӯзгор имконияти истифодаи оби гарм низ фароҳам омадааст.

Раиси кумитаи маҳали деҳа Неъматулло Қозизода бо қаноатмандӣ аз ин дигаргуниҳо мегӯяд:

– Бо чашми сар мебинем, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми кӯҳистон чӣ гуна шароити хубу хуш фароҳам меорад. Чунин шароит марҳила ба марҳила дар деҳаҳои дигари Кӯҳистони Мастчоҳ муҳайё мешавад.

Истиқлолият ва чеҳраи дигаргуншудаи кӯҳистон

Воқеан, агар ба гузаштаи наздик назар афканем, бисёре аз ин имкониятҳо барои сокинони деҳоти кӯҳистон орзу буданд. Имрӯз бошад, мактабу кӯдакистон, марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳои мумфарш, хатҳои оби нӯшокӣ, неруи барқ ва дигар шароитҳои муосир ба як қисми зиндагии мардум табдил ёфтаанд.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ имрӯз 52 деҳаи хурду бузург дошта, дар он беш аз 27 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар баъзе мавзеъҳо бо истифода аз захираҳои фаровони об неругоҳҳои хурди барқи обӣ низ фаъолият доранд.

Ин ҳама гувоҳи он аст, ки Истиқлолият танҳо мафҳуми сиёсӣ нест. Истиқлолият дар зиндагии мардум, дар мактаби нав, роҳи обод, оби нӯшокӣ, кӯдакистон, майдони варзиш, боғи бунёдшуда, замини азхудшуда ва ҳар як хонае, ки шароити зиндагияш беҳтар гардидааст, таҷассум меёбад.

Меҳрон — маркази нав, симои нави ноҳия

Субҳи рӯзи дигар — 1-уми октябр — корвони журналистон ба шаҳраки Меҳрон, маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, расид.

Меҳрон яке аз намунаҳои равшани ободкориҳои солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад. Шаҳрак дар маконе бунёд гардидааст, ки аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ ба деҳаҳои хурду бузурги ноҳия мувофиқ буда, барои маркази маъмуриву иҷтимоии ноҳия шароити муносиб фароҳам меорад.

Ҳамин ки ба Меҳрон наздик мешавед, аз дур парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзи миллии кишвар ба назар мерасад. Ин манзара дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор аз Ватан ва соҳибистиқлолиро бедор мекунад.

Имрӯз дар шаҳрак сохтмони як қатор иншооти маъмурию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ идома дорад. Биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, сохторҳои амниятӣ, бахшҳои шуғли аҳолӣ, андоз, беморхона, бонк, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тадриҷан қомат афрохтаанд.

Ҳар як бинои нав натанҳо ба симои меъмории шаҳрак ҳусн мебахшад, балки нишонаи шаклгирии як маркази муосири маъмурию иҷтимоӣ мебошад.

Раванди ободонии Меҳрон таҳти таваҷҷуҳ ва назорати роҳбарияти давлат қарор дошта, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи он заминаи муҳим мегузоранд.

Пешвози самимии раиси ноҳия

Дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия журналистонро раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ва масъулони сохторҳои гуногуни ноҳия истиқбол гирифтанд.

Мулоқот бо роҳбари ноҳия танҳо як вохӯрии расмӣ набуд. Дар он бештар аз ҳама рӯҳияи созандагӣ, муҳаббат ба диёр ва боварӣ ба фардои ноҳия эҳсос мешуд.

Хайрулло Бобозода аз ҷумлаи роҳбарони ҷавоне мебошад, ки солҳои зиёд аст дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият намуда, рушди онро аз наздик роҳбарӣ мекунад. Қариб ҳашт сол аст, ки ӯ дар ин ноҳияи кӯҳсор масъулияти роҳбариро бар дӯш дорад.

Дар ин муддат нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия низ тағйир ёфтаанд.

Агар дар солҳои аввали фаъолияти ӯ буҷети ноҳия тақрибан 11 миллион сомониро ташкил медод, имрӯз он ба наздики 70 миллион сомонӣ расидааст. Албатта, рақамро ба рӯйи коғаз овардан осон аст, аммо дар паси чунин нишондиҳандаҳо заҳмати шабонарӯзӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушд, ҷалби сармоя, ҳалли мушкилоти мардум ва масъулияти роҳбарӣ меистад.

Раиси ноҳия зимни суҳбат бо журналистон аз дастовардҳои ноҳия бо ифтихор сухан гуфта, таъкид намуд:

– Ифтихори мо аз он аст, ки ҳамчун ҳамсоли соҳибистиқлолии Ватани азиз рушд мекунему пеш меравем, обод мекунему месозем ва сарфи назар аз ҷавонии ноҳия дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муассир мегузорем. Ба фардои шукуфон ва мусаффои ноҳия эътимоди қавӣ дорем.

Ин суханон танҳо як изҳори назар нестанд. Онро метавон дар мисоли тағйироти солҳои охири ноҳия мушоҳида кард.

Аз 17 лоиҳаи амалкунанда, ки ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия равона гардидаанд, имрӯз татбиқи лоиҳаи нӯҳум идома дорад.

Картошка — ганҷи замини кӯҳистон

Кӯҳистони Мастчоҳро имрӯз бе картошкапарварӣ тасаввур кардан душвор аст.

Ин соҳа барои иқтисодиёти ноҳия аҳамияти калидӣ дошта, сол ба сол майдони кишт ва ҳаҷми истеҳсоли он афзоиш меёбад. Заминҳои наздикуҳӣ, талу теппаҳо ва қитъаҳои қаблан истифоданашуда тадриҷан ба гардиши кишоварзӣ ворид мешаванд.

Ба иттилои Мирзоумар Аҳмадов, сарагрономи Ассотсиатсияи картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар мавсими имсола бо азхудкунии заминҳои талу теппа ва мавзеъҳои наздикӯҳӣ майдони кишти картошка ба наздики 4 ҳазор гектар расонида шудааст.

Истифодаи тухмиҳои хушсифат, аз ҷумла навъи «Пикассо», меҳнати содиқонаи кишоварзон ва таваҷҷуҳи аҳолӣ ба соҳа имкон фароҳам овардааст, ки ҳосилнокӣ баланд бардошта шавад. Тибқи пешбинӣ, аз ҳар гектар аз 1000 то 1200 сентнер ҳосили картошка гирифтан имконпазир буда, ҳаҷми умумии истеҳсолро дар соли ҷорӣ метавонад ба 200 ҳазор тонна расад.

Ин рақамҳо аҳамияти стратегӣ доранд. Зеро картошка яке аз маҳсулоти серистеъмоли бозори дохилӣ буда, талабот ба он дар минтақа сол ба сол меафзояд.

Алҳол дар вилояти Суғд нисбат ба дигар манотиқе, ки асосан бо истеҳсоли  картошка шуғл меварзанд, иқтидори Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди минбаъдаи ин соҳа боз ҳам бештар аст.

Фаровонии оби полезӣ, иқлими мусоид, заминҳои кӯҳсор ва меҳнати деҳқон барои васеъ намудани майдони кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ имкониятҳои хуб фароҳам меоранд.

Падаск — оғози гардиши заминҳои нав

Яке аз лоиҳаҳои муҳиме, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ амалӣ мегардад, азхудкунии заминҳои наздикӯҳии мавзеи Падаск мебошад.

Дар доираи ин лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки барои обёрии зиёда аз 600 гектар замини нав аз мавзеи Тагоб ба масофаи 12 километр тавассути қубурҳои обрасонӣ оби полезӣ интиқол дода шавад.

Арзиши лоиҳа, тибқи иттилои раиси ноҳия, 29 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Корҳои ибтидоӣ аллакай оғоз гардида, қубурҳои обрасонӣ дастрас шудаанд. Интизор меравад, ки марҳилаи аввали лоиҳа дар соли оянда, дар арафа ва рӯзҳои таҷлили Наврӯз, ба иҷро расонида шавад.

Аҳамияти лоиҳа танҳо бо обёрии 600 гектар маҳдуд намешавад. Ба гардиши кишоварзӣ ворид гардидани чунин миқдор замин метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд шудани даромади хоҷагиҳо ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар мусоидат намояд.

Зеро ҳар як қитъаи замине, ки имрӯз бо об таъмин шуда, фардо ҳосил медиҳад, дар асл як қадами дигар ба сӯи худкифоии озуқаворӣ ва рушди устувори деҳот мебошад.

Дар баробари картошкапарварӣ боғдорӣ низ дар ноҳия рӯ ба рушд дорад.

Масоҳати боғҳои себ имрӯз ба тақрибан 300 гектар расида, дар мавсим истеҳсоли то 5 ҳазор тонна себи хушсифат ва хушлаззат пешбинӣ мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшуда на танҳо талаботи бозори дохилиро қонеъ месозад, балки имконияти содироти онро низ фароҳам меорад.

Роҳ — пайванди деҳа бо зиндагии нав

Яке аз масъалаҳои муҳим барои ҳар ноҳияи кӯҳистон роҳ мебошад.

Роҳ на танҳо воситаи ҳаракати нақлиёт, балки василаи пайвастани деҳа бо марказ, истеҳсолкунанда бо бозор, бемор бо муассисаи тиббӣ ва хонанда бо мактаб аст.

Дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ имрӯз 151 километр роҳи автомобилгард мавҷуд мебошад.

Тибқи иттилои роҳбарияти муассиса Неъматулло Қозизода, солҳои зиёд баъзе қитъаҳои роҳ ба таъмири ҷиддӣ ниёз доштанд ва мавзеъҳои душворгузар мушкилоти зиёдеро ба бор меоварданд.

Дар соли ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ танҳо дар як қатор қитъаҳо ду километр роҳ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ду километри дигар бо саҳми аҳолӣ ва саховатмандон таъмиру мумфарш карда шудааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони соҳаи роҳсозӣ ва лоиҳакашони Вазорати нақлиёти кишвар лоиҳаи таъмиру мумфаршкунии роҳҳои ноҳия таҳия шуда, корҳои экспертизаи давлатӣ идома доранд.

Интизор меравад, ки дар солҳои наздик таъмиру таҷдиди роҳҳо марҳила ба марҳила амалӣ гардад.

Неъматулло Қозизода, ки дар як вақт раиси куматаи маҳали деҳаи Оббурдонро ба зимма дошт, зимни суҳбат таъкид кард, ки дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии кишвар дар минтақа корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Мавсуф  мегӯяд, агар солҳои пеш сокинони деҳа барои истифодаи об асосан аз ҷӯйборҳо истифода мекарданд, имрӯз наздики 400 хоҷагӣ оби нӯшокиро бевосита ба манзилҳои худ ворид карда, пурра бо ҳисобченакҳо таъмин карда шудаанд.

Дар баробари ин, масъалаи таъмини оби полезӣ низ дар чанд мавзеъ ҳалли худро ёфта истодааст.

Ин тағйирот дар зиндагии мардум воқеан эҳсос мешавад. Имрӯз сокини деҳаи кӯҳистон ҳам метавонад дар манзили худ аз оби тоза, оби гарм, таҷҳизоти муосири рӯзгор, неруи барқ ва дигар имкониятҳое истифода барад, ки қаблан бештар хоси марказҳои шаҳрӣ буданд.

Кӯҳистони Мастчоҳ — ҳамсоли истиқлол, ҳамқадами созандагӣ

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷумлаи ноҳияҳои ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шояд ҳамин ҳамсолӣ рамзи хосе дошта бошад: ноҳияе, ки ҳамроҳ бо Ватани соҳибистиқлол ба камол расида, марҳила ба марҳила симои худро дигар мекунад.

Дар давоми 35 соли Истиқлол роҳи тайкардаи он роҳи осон набудааст. Кӯҳистон ҳамеша мушкилоти хоси худро дорад: релефи мураккаб, масофаҳои дур, роҳҳои душворгузар ва шароити сахти иқлимӣ. Аммо бо вуҷуди ин, зиндагӣ дар ин ҷо идома дорад. Баръакс, деҳаҳо обод мешаванд, роҳҳо мумфарш мегарданд, мактабҳо бунёд меёбанд, кӯдакистонҳо сохта мешаванд, заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд, боғҳо васеъ мешаванд ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд.

Ин раванд дар заминаи сиёсати созандаи давлат ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо меҳнати самимонаи мардуми заҳматкаши ноҳия идома дорад.

Сафари журналистони вилояти Суғд ба Кӯҳистони Мастчоҳ танҳо як сафар барои шиносоӣ бо табиат ва иншооти нав набуд. Ин сафар имкон дод, ки аз наздик бо зиндагии мардум, меҳнати деҳқонон, талошҳои роҳбарияти ноҳия, иқтидори кишоварзӣ ва раванди ободонию созандагӣ ошно шавем.

Аз Оббурдони сабзу хуррам то Меҳрони рӯ ба рушд аз мактабу кӯдакистони навбунёд то заминҳои картошка, аз роҳҳои мумфарш то қубурҳои обрасонии воқеъ дар баландиҳои беш аз 3000 метри деҳаи Падаск— дар ҳама ҷо як мафҳум бештар эҳсос мешуд: созандагӣ.

Имрӯз Кӯҳистони Мастчоҳ бо такя ба имкониятҳои худ, бо истифода аз захираҳои табиӣ ва неруи созандаи мардум ва дар заминаи сиёсати созандаву дурбинонаи роҳбарияти давлат қадам ба қадам пеш меравад.

Ва шояд муҳимтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамин бошад: мардум дигар танҳо ба фардо умед намебанданд — онҳо имрӯз барои сохтани фардои беҳтар амал мекунанд.

Ин аст чеҳраи Кӯҳистони Мастчоҳ — диёри кӯҳҳои баланд, заминҳои ҳосилхез, мардуми меҳнатдӯст ва ободкориҳои рӯзафзун.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”