Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотии раиси ноҳия Рабим Ғафурзода баргузор гардид.

Нахуст раиси ноҳия оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли ҷорӣ маълумот дода, таъкид намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ободонии ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Шаҳристон симои тоза касб карда, як қатор иншооти муҳимми иҷтимоию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин раванд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъати бештар гирифтааст.

-Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмони 227 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 215 адади онҳо мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 95 фоизи нақшаро ташкил медиҳад,- гуфт Рабим Ғафурзода. Ҳамзамон, таъкид кард, ки барои ба истифода додани иншооти боқимонда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. 

Дар қисмати саволу ҷавоб ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” оид ба вазъи китобхонаҳо иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ноҳия як китобхонаи марказӣ фаъолият дошта, ба зиёда аз 52 ҳазор нафар хизмат мерасонад. Зикр гардид, ки бо назардошти нақши китобхонаҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ва ташаккули завқи китобхонӣ, фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоии ноҳия ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, масъалаи дастрасии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилоти олӣ тавассути квотаи президентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи иттилои раиси ноҳия, имсол 28 хатмкунанда тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд. Ба таъкиди масъулин, чунин имконият барои ҷавонони ноҳия замина фароҳам меорад, ки бо истифода аз имтиёзҳои пешбинишуда таҳсилоти олӣ гирифта, ҳамчун мутахассис дар рушди соҳаҳои гуногун саҳм гузоранд.

Дар нишаст ҳамчунин масъалаи афзоиши ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ матраҳ гардид. Ба гуфтаи раиси ноҳия, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода набудани баъзе ҷавонон ба ҳаёти мустақили оилавӣ аз омилҳои асосии ин раванд ба ҳисоб мераванд. Таъкид гардид, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо миёни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию оилавӣ ва таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ бояд тақвият дода шаванд.

Масъалаи қарзи истифодаи нерӯи барқ низ аз ҷумлаи мавзуъҳое буд, ки рӯзноманигорон ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, қарзи ташкилоту муассисаҳо барои истифодаи нерӯи барқ 943,4 ҳазор сомонӣ ва қарзи аҳолӣ 1 миллиону 305,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарз бошад, 3,3 миллион сомонӣ арзёбӣ гардид. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҷиҳати коҳиш додани қарзи истифодаи нерӯи барқ ва беҳтар намудани вазъи пардохт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”