Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки 17-уми сентябри соли 2025 баргузор гардида буд, таъкид карда буданд, ки ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Ин нукта дар семинари иттилоотие, ки бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналмилалии донишҳои экологӣ баргузор гардид, таъкид шуд. Зикр гардид, ки тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор корҳои муҳим, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи “Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ” ва “Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030” бомаром ҷараён дорад.
Дар идома Мирзобаҳром Яъқубов, намояндаи созмони ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” (Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд) дар мавзӯи “Нақши созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва экологӣ” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки намояндагони васоити ахбори омма дар ҳамдастӣ бо кормандону ихтиёриёни созмонҳои ҷамъиятӣ метавонанд барои баланд бардоштани донишҳои экологии мардум ҳиссаи арзишманд гузоранд.
-Агар созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолияти муассир дошта бошанд, вале аз ҷониби ВАО муаррифӣ нашаванд, самарабахшии кори онҳо начандон таъмин мегардад. Зеро ҳар навъи ВАО таъсирбахш аст. Мардум ҳатман мебинад, мешунавад ва мехонад,-изҳор дошт ӯ.
Зимни суханронии худ Турдӣ Турдиев, номзади илмҳои география, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Табиати пиряхҳои Тоҷикистон ва дурнамои маҳаллисозии таназзули онҳо” зикр кард, ки баъзан маврид мафҳумҳои “пирях”, “яхбандӣ”, “яхбандии зеризаминӣ” ва амсоли ин нодуруст шарҳ дода мешаванд. Ин боис мегардад, ки дар доираҳои илмӣ нофаҳмӣ сар занад. Ӯ дар рӯнамоии маҷмӯаи нави илмии худ аз таърихи пайдоиши пиряхҳо дар Тоҷикистон, корҳои илмӣ-таҳқиқотии дар ин самт гузаронидашуда ва як қатор пешниҳодҳои муҳиму саривақтӣ ҷиҳати пешгирии обшавии пиряхҳо ва гармшавии босуръати сайёра маълумоти муфассал дод.
-Гузаштан ба иқтисодӣ “сабз”, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва офтобӣ аз қадамҳои муҳими кишвари мо дар самти кам кардани ҳаҷми газҳои гулхонаӣ мебошад. То соли 2040 шинонидани 2 миллиард дарахт барои ба кишвари “сабз” табдил ёфтани Тоҷикистон аз ташаббусҳои дигар дар ин самт мебошад, - таъкид намуд ӯ.
Дар ҷараёни семинари иттилоотӣ аз озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи “Криосфера ва тағйирёбии иқлим: таҳдидҳо ва роҳҳои мутобиқшавӣ”, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари давлат эълон гардидааст, низ ёдоварӣ шуд. Зикр гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани саводи экологии аҳолӣ ва ба ин васила ҷалби онҳо ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар фарҷом аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ҳукумати кишвар дар самти ҳифзи муҳити зист ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо ҳиссаи худро гузоранд, зеро танҳо дар ҳамдастӣ метавон ба ҳадафҳои бузургу созанда ноил шуд.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




