Санаи 2-юми июни соли 2026 бар асари боришоти шадиди борон дар як қатор деҳаҳои ноҳияи Айнӣ сел омада, ба хоҷагии халқ ва инфрасохтори маҳаллӣ зарари ҷиддӣ расонд.
Тибқи маълумоти охирин, офати табиӣ ба деҳаҳои Сангистон, Куруд, Зоосун ва Хушекат, инчунин ба қисматҳои алоҳидаи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ зарар расонида, мушкилоти зиёдеро ба бор овардааст.
Муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода иттилоъ дод, ки бо мақсади ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ин ҳодисаи табиӣ дар ноҳия ситоди махсуси ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шуда, тамоми корҳои барқарорсозӣ таҳти назорати қатъӣ қарор доранд.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута ва расонидани кӯмаки саривақтӣ ба аҳолии зарардида гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия, бо иштироки сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд ташкил карда шудаанд.
Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҳаҷми умумии зарари расонидашударо муайян ва арзёбӣ намуда истодааст. Ҳамзамон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми сохторҳои дахлдори вилоятиву ноҳиявӣ бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ барои рафъи оқибатҳои офат сафарбар гардидаанд.
Дар минтақаҳои осебдида корҳои тозакунии роҳҳо, барқарорсозии хатҳои интиқоли неруи барқ ва таъмири дигар иншооти инфрасохтори зарардида босуръат идома доранд.
Вазъият таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, барои ҳарчи зудтар ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани сокинони деҳаҳои зарардида тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Сурайё Ҳакимова,
“Ҳақиқати Суғд”





