(1906, 1918, 1930, 1942, 1954, 1966, 1978, 1990, 2002, 2014, 2026)
Нафароне, ки дар соли асп таваллуд шудаанд, шахсони машҳуранд. Онҳо шахси бодиққат, хушзеҳн, шӯхтабиат буда, саводи хуби молиявӣ доранд. Баъзан чунин ҳам мешавад, ки бисёр суханиашон боиси дилбазании атрофиён мегардад. Агар бо “аспҳо” муддати бисёр сухан накунед, онҳо худро гум мекунанд, зеро сукут кардан барояшон азоби сахттарин аст.
Инсонҳое, ки ба соли асп мансубанд, соҳиби ҷозибаи махсус буда, ба қавле “хунашон ҷӯшидааст”. Онҳо нисбат ба атрофиён боэътибору мафтункор буда, хислати хуби ба кас ёрирасониро доранд ва маҳз бо ҳамон хислаташон аз дигар зодагони бурҷ фарқ мекунанд. Аммо ҳаминро бояд донист, ки онҳо худпараст буда, якравӣ хоси онҳост. Аспҳо ба қавле характери зинда доранд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳамеша дар маркази эътибор ва таваҷҷуҳи атрофиён қарор дошта бошанд, баҳсу мунозира барояшон бегона нест. Бар замми он ки нутқашон буррост, соҳиби ақлу ҳуш ва истеъдод ҳастанд. Ҷиҳати ҷолиби зодагони ин бурҷ дар он аст, ки онҳо поку ҳалол гаштанро меписанданд, ростгӯӣ хислати онҳо бошад, ҳазлу мутоиба ёри ҳамешагии онҳост. Лекин бо вуҷуди шӯхтабиату савохатманд будан табиати руҳафтодагиву пессимистӣ онҳоро водор месозад, ки ба нафарони дастгир эҳтиёҷ дошта бошанд. Ҳарчанд симои зоҳириашон худбоварии онҳоро нишон диҳад ҳам, аммо дар асл ба худ бовар надоранд, онҳо дар ҷустуҷӯи такягоҳ буда, ёрии дигаронро интизор мешаванд.
Нафароне, ки “шаҳд”-и ғазаби аспонро дучор шудаанд, бояд бо онҳо эҳтиёткор бошанд. Зудҷаҳлӣ ва тезии онҳо гоҳо сабабгори аз гуфтаҳои худ пушаймон шудану афсӯс хӯрдану бахшиш пурсидани онҳо мегардад.
Аспон фаъол бошанд ҳам, бесабранд. Онҳо барои расидан ба мақсад бо суръати тез ҳаракат мекунанд, аммо дар баробари ин роҳи тайкардаашонро тез-тез иваз мекунанд. Ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам дар касбию соҳавӣ дар қалби онҳо ҳамеша эҳсосоти тарс ниҳон аст. Аспон ҳатто хурдтарин муаммо ва ташвишҳои зиндагиро ба сифати фоҷиаи бузург қабул менамоянд.
Нафароне, ки дар соли асп таваллуд шудаанд, соҳиби тани зебову барно буда, хушлибосанд. Таърифу таҳсинро дӯст медоранд, зеро ҳарчанд дар намуд шахсони бовариноканд, аммо инсонҳоеанд, ки муҳтоҷи таҳсини дигаронанд. Дар баробари ин, аспон одате доранд, ки дигаронро бо маҳорати махсус таърифу таҳсин карда метавонанд. Дар ҷамъият буданро хеле дӯст медоранд. Бинобар он онҳо бештар ба ҷойҳои ҷамъиятӣ-консерт, театр ва майдончаҳои варзишӣ рафтанро меписанданд. Аксари зодагони ин бурҷ бо мусобиқаҳои варзишӣ машғул мешаванд.
Аспон тезкор бо боақл мешаванд. Хотираи онҳо хеле қавист, барои дар хотир нигоҳ доштан ё азхуд кардани ягон маълумот қобилияти фавқулода доранд. Азбаски шавқу рағбат ва тасаввуроташон гуногун аст, иштирок дар чорабиниҳои гуногун ва лоиҳаҳо дар як вақтро дӯст медоранд. Бинобар он, аҷаб нест, ки барои иҷрои аксари корҳо қувва ва вақти онҳо нокифоя бошад.
Мегӯянд, ки хуни аспон ҳамеша дар ҷӯш буда, пурэҳтиросанд ва тайёр ҳастанд, ки ба дарёи эҳсосот батамом ғӯта зананд. Онҳо ҳатто андеша ҳам намекунанд, ки хислатҳои манфиашонро набояд ошкор кард. Агар Асп дӯст дорад, ба чашмаш ғайр аз дӯстдоштааш каси дигар наменамояд. Дар баробари он ки онҳо ба ҷуфти худ ғамхорона муносибат менамоянд, зодагони ин мучал кӯшиш менамоянд, ки мустақил бошанд.
Аспон дар бораи таъминоти моддии худ бисёр андеша меронанд, аммо ҳоҷат ба он нест. Вакилони ин бурҷ масъалаҳои молиявиро бо муваффақият идора менамоянд, дар кисаи онҳо ҳамеша маблағи муайян мавҷуд аст. Онҳо саёҳатро хеле дӯст медоранд ва кӯшиш мекунанд, ки мавзеъҳои гуногунро сайр карда бошанд. Барои аспон симои зоҳирӣ нақши бузург дорад.
Вакилони ин бурҷ хушҳол ва шӯхтабиат буда, тавассути меҳнатдӯстиашон дар роҳи расидан ба мақсад муваффақ мегарданд. Фаъолияти озоди онҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногун сабабгори ба муваффақият расиданашон мегардад.
Интихоби касб барои нафароне, дар дар соли асп ба дунё омадаанд, душвор нахоҳад буд, зеро бо нафари дигар дар суҳбати самимӣ буданро дӯст медоранд. Дар баробари табъи хуши ҳамешагиашон қобилияти ташкилотчигӣ дошта, дар сухангӯӣ касе ба онҳо баробар шуда наметавонад.
Таҳияи Шоира,
“Ҳақиқати Суғд”




