Дар ҷомеаи мо зан танҳо модару ҳамсар нест, балки нерӯи созанда, ташаббускор ва такягоҳи маънавии мардум аст. Муқаддасхон Мамадҷонова аз ҷумлаи ҳамин гуна бонувони фаъолу хайрхоҳ мебошад, ки бо рафтори нек ва амалҳои шоистааш дар дилҳои сокинони маҳалла ҷой гирифтааст.
Ӯ раиси Шӯрои занони маҳаллаи Ҷаббор Расулов дар шаҳри Хуҷанд буда, фаъолияти роҳбариаш аз 17-уми январи соли 2024 оғоз гардидааст. Муқаддасхон бо меҳнати содиқонаи худ дар маҳалла мақоми худро пайдо кард. Ӯ пайваста заҳмат мекашад, то ки мушкилии касеро осон кунад.
Дар маҳаллаи Ҷаббор Расулов 6 ҳазору 426 нафар зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 3 ҳазору 556 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бо саҳми Муқаддасхон занон бештар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида, рӯҳияи ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ дар байни онҳо тақвият меёбад.
Сокини маҳалла Сайёҳат Абдусаматова зимни суҳбат гуфт, ки Муқаддасхон ҳамеша дар паҳлуи мост. Ӯ занест, ки кору пайкораш ҳамеша бо дастгирӣ ва ғамхорӣ барои мардум нигаронида шудааст.
Шавҳари Сайёҳат, Абдулатиф Абдусаматов, низ илова кард.
-Муқаддасхон на танҳо роҳбари занҳои маҳалла аст, балки ба оилаҳои камбизоат низ кӯмак мерасонад. Дасти ёрии ӯ ба 180 оилаи ниёзманд расидааст ва намунаи ибрати дигарон мебошад.
Муқаддасхон зодаи шаҳри Хуҷанд буда, фаъолияти кориашро аз кӯдакистони шаҳр ба ҳайси мураббӣ оғоз кардааст. Собиқаи кори ӯ 27 сола буда, ҳамзамон аз ҳунари дӯзандагӣ низ бохабар аст ва дар сехи дӯзандагии Текстилсити фаъолият кардааст.
Ҳоло Муқаддасхон дар рушди соҳаи фарҳанг саҳми назаррас дорад. Ӯ тарғиб ва ҳифзи либосҳои миллиро пеш мебарад, сокинонро муттаҳид месозад ва барои баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангӣ ва корҳои ободонӣ ташаббус нишон медиҳад.
Дар арафаи Рӯзи Модар, аҳли маҳалла ин бонуи арҷмандро самимона табрик гуфта, барояш саломатӣ, рӯзгори обод, умри дароз ва комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.
Муқаддасхон Мамадҷонова бо дилу дасти пурмеҳр ва амали хайрхоҳонааш намунаи ибрат барои занон ва тамоми ҷомеа мебошад.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”




