Як ҷавонмарди тоҷик имрӯз сокинони шаҳри Новый Уренгойи Русияро бо кулчақанду нонҳои гарм таъмин мекунад. Ӯ аз соли 2011 дар муҳоҷират қарор дошта, аз соли 2013 дар сехи хурди нонпазии ин шаҳр фаъолият мебарад. Ба гуфтаи ӯ, агар ҷавонон ҳунар ва касб дошта бошанд, дар ҳама ҷо метавонанд ҷойгоҳи худро пайдо намуда, миёни мардум соҳиби эҳтиром гарданд.

Солҳои охир муҳоҷирати ҷавонони тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ зиёд мушоҳида мешавад. Бештари онҳо барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ ба давлатҳои гуногун сафар мекунанд. Онҳо  на танҳо барои таъмини зиндагии худу оилаашон меҳнат менамоянд, балки бо касбу ҳунар ва маҳорати хеш дар ободии ҷомеае, ки дар он фаъолият доранд, низ саҳм мегузоранд.

Некрӯз Султонов аз ҷумлаи ҳамин ҷавонон мебошад, ки бо меҳнатдӯстӣ ва ҳунари худ дар байни сокинони маҳаллаи НЭСС-и шаҳри Новый Уренгой обрӯ пайдо кардааст. 

Ӯ зодаи ноҳияи  Деваштич буда,  мисли ҳазорон ҷавонони дигар  пас аз хатми мактаб  барои дарёфти зиндагии беҳтар  рӯ ба муҳоҷират овард.  Ҳоло   беш аз даҳ сол аст, ки  дар сехи хурди нонпазӣ фаъолият намуда, сокинон, бахусус кӯдакону хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва таълимиро бо кулчақанду нонҳои гарм таъмин мекунад. 

Ба гуфтаи Некрӯз, дар як шабонарӯз дар ин сех зиёда аз 2 ҳазор дона нон (хлеб) ва беш аз 3 ҳазор дона кулчақанд омода карда мешавад.

-Ин ҳаҷми кор нишон  медиҳад, ки нонпазӣ танҳо кори оддӣ нест, балки низоми дақиқ, масъулият ва заҳмати доимиро  талаб  мекунад. Мо бояд ҳам сифатро нигоҳ дорем ва ҳам суръати корро,-афзуд Некрӯз Султонов. 

Ҷолиб он аст, ки дар ин коргоҳ  беш аз 15 нафар фаъолият мекунанд ва Некрӯз ягона намояндаи тоҷикон миёни онҳо мебошад. Бо вуҷуди ин, ӯ тавонистааст бо рафтори нек, масъулиятшиносӣ ва маҳорати касбӣ эҳтироми ҳамкоронро ба даст орад.

Сардори коргоҳ Вадим Валерьевич аз фаъолияти Некрӯз изҳори қаноатмандӣ намуда, мегӯяд, ки ӯ яке аз кормандони боэътимод ва меҳнатдӯсти сех ба ҳисоб меравад.  Ба гуфтаи роҳбар,  маҳз муносибати хуб ва сифати маҳсулот боис шудааст, ки харидорони доимии онҳо сол то сол бештар гарданд.

- Ҷавонон бояд пеш аз ҳама, соҳибҳунар бошанд ва бо меҳнати ҳалол кор кунанд. Танҳо дар ҳамин сурат инсон  соҳиби эҳтиром мегарданд ва  натиҷаи босамар  ба даст меоранд, -мегӯяд Некрӯз.

Бозорбой Султонов падари Некрӯз, се фарзандашро дар руҳияи заҳмат  ва масъулиятшиносӣ тарбия кардааст.  Модар низ дар ташаккули  хислатҳои неки фарзандон саҳми калон гузошта, бо меҳрубонӣ ва дуои нек онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намудааст.

- Некрӯз аз хурдӣ бачаи ҷасуру боғайрат буд. Ҳоло ҳам чунин аст. Ҳар вақте ба ман занг мезанад, аз нақшаҳояш ҳарф мезанад ва маслиҳат мепурсад.  Ман дар роҳи интихобкардаи ӯ барору муваффақиятҳои нав ба навро хоҳонам, - мегӯяд падар.

Некрӯз имрӯз соҳиби  оилаи мустақил буда, падари се фарзанд аст.  Бо вуҷуди дурӣ ва кори пурмашаққат дар муҳоҷират, ӯ ҳамеша талош  мекунад, ки оилаашро  бо нони ҳалол таъмин намояд.  Фарзандонаш низ  бо интизориву муҳаббати самимӣ  аз дурии падар ёд мекунанд.  Гарчанде  падар дар муҳоҷират  қарор дорад,  соле як маротиба  назди оилааш бармегардад  ва  ду се моҳро дар канори фарзандонаш  сипарӣ мекунад.  

Қиссаи зиндагии ин ҷавонмарди тоҷик намунаи равшани меҳнатдӯстӣ, сабру таҳаммул ва масъулияти ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар мебошад.

Мисли Некрӯз Султонов ҳазорҳо ҷавонони кишвар дур аз Ватан ҳастанду зиндагии хешро пеш мебаранд. Аксари онҳо дар соҳаҳои сохтмон, хизматрасонӣ, савдо ва истеҳсолот фаъолият мекунанд.

Хулоса,  ҷавонон бояд ба омӯзиши касбу ҳунар таваҷҷуҳи  бештар диҳанд, зеро ҳунар беҳтарин сармояи инсон аст. Маҳз ҷавонони меҳнатдӯсту соҳибкасб метавонанд ҳам зиндагии худро  беҳтар созанд ва ҳам номи неки миллати тоҷикро  дар хориҷи кишвар муаррифӣ намоянд.

 

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”