Нишасти матбуотии чор ниҳод, аз ҷумла Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Кумитаи идораи замини вилояти Суғд, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ва Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд доир гардид. Сохторҳои марбута доир ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 ба рӯзноманигорон маълумот доданд.
- Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми шаш моҳи аввали соли равон 53 қуттии нав барои ҷамъоварии партовҳо ва 37 нуқтаи партовҷамъкунии навсохташуда ташкил гардид. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини назорати давлатӣ ва пешгирии ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои бесоҳиб насби камераҳои мушоҳидавӣ ба 103 адад расонида шуд. Натиҷаҳо нишон дод, ки бо мусоидати камераҳои мазкур 136 протокол тартиб дода шуда, 53 ҳазору 40 сомонӣ маблағи ҷарима пешниҳод ва бо пуррагӣ ситонида шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар моҳҳои апрел – майи соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 728 нуқтаи партовҳои бесоҳиб муайян гардида, то айни ҳол бо андешидани чораҳои зарурӣ 356 адади онҳо бартараф карда шудаанд.
- Дар давоми шаш моҳи соли 2026 аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 86 ҳолати худсарона ишғол намудани китъаҳои замин муайян ва барои қабул намудани қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуд. Умуман, аз тарафи кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ дар давоми шаш моҳи соли 2026 ба ҳолати 17-июни соли 2026 ҳамагӣ 3047 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 2244,80 гектар аз ҷумла корами обӣ 748,17 гектар, корами лалмӣ 45,65 гектар, боғоти обӣ 622,78 гектар, боғоти лалмӣ 1,80 гектар, чарогоҳҳо 415,54 гектар ва дигар заминҳо – 410,86 гектар ошкор шудааст. Вобаста ба ин протокол ва қарор тартиб дода, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ин қонуншиканиҳо роҳ додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1848742 сомонӣ ҷарима баста шуд, ки ба суратҳисоби махсуси кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 1600742 сомонӣ воридот таъмин карда шуд, - гуфт сардори Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Тоҳир Толибзода.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2026 ба масоҳати умумии 598,92 гектар заминҳо аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ, ғайрикишоварзӣ, зери об, ҷангалу бешазор, буттазор ва корами лалмӣ ба намуди корами обӣ ва боғ гузаронида шудаанд Ҳамзамон, соли 2026 дар ноҳияи Спитамен 5 гектар заминҳои боир ба намуди заминҳои корами обӣ гузаронида шудаанд.
- Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншоотҳои обрасонии вилоят, аз ҳисоби буҷети вилоят 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, аз ин маблағҳо ба ноҳияи Зафаробод 1 миллион сомонӣ, ба ноҳияи Мастчоҳ 500 ҳазор сомонӣ ва ба ноҳияи Ашт 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, маблағҳои мазкур барои рушди соҳаи обрасонӣ мусоидат менамояд. Маблағҳои ҷудогардида дар соли 2026-ум дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Ашт барои харидории қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ ва инчунин барои омода намудани иншоотҳои обрасонии ноҳияҳо равона карда шуда истодааст. Дар ин мавсим таҷҳизотҳои муҳофизатии барқи пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳоро ба танзим дароварда шуда, аз тарафи нозирони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо санҷиш гузаронида шуд, - гуфт муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Ҳалимҷон Ҳоҷиев.
Гуфта шуд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025 - 2026 бобати сари вақт ва тибқи меъёр бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо аз манбаъҳои худҷорӣ дарёи Хоҷабоқирғон, Оқсу, Исфара, Исфана ва Зарафшон ва дигар манбаъҳои обрасонӣ, аз тарафи Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо корбарӣ карда шуд.
Барои таъминоти оби полезӣ дар миқёси вилоят ба майдони 194,5 ҳазор гектар бастани шартномаи тарафайн ба нақша гирифта шуда, то имрӯз ба майдони 164,8 ҳазор гектар бо 88 ассотсиатсияи истифодабарандагони оби полезӣ шартномаи хизмати обрасонӣ баста шудааст, ё ки 85 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра қарзи истифодабарандагони об аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ аз санадҳои тасдиқшуда бо усули афзоиши 147,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
- Дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳаҷми маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 7 миллиарду 323 миллиону 213 ҳазор сомонӣ, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110,2 фоизро ташкил мекунад, баробар гардид. Аз ҷумла ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 3 миллиарду 291 миллиону 423,2 ҳазор сомонӣ ё 102,5 фоиз ва соҳаи чорводорӣ 4 миллиарду 031 миллиону 790,2 ҳазор сомонӣ ё 117,3 фоизро ташкил дод, - гуфт муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 48,6 фоиз ва бахши аҳолӣ 51,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ба 44,9 фоиз ва чорвопарварӣ ба 55,1 фоиз баробар гардид.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук дар вилоят ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба санаи 1 июли соли 2026-ум 65 миллиону 491 ҳазор долларро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ аз вилоят 16 ҳазору 137 тонна сабзавот, 44 ҳазору 972 тонна меваҷот, 29 тонна тамоку, 201 тонна пашм, 1084 тонна консерваҳо, 19 ҳазору 792 тонна нахи пахта ва 75 ҳазору 232 дона чарми хом содирот гардид.
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон оид ба фаъолияти чор ниҳоди марбута саволҳо пешниҳод гардиданд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





