Дар зиндагӣ шахсиятҳое арзи ҳастӣ доранд, ки бо роҳу усул ва амалҳои созандаи хеш баҳри рушди ҷомеа хизмати басо мондагор кардаанд. Барои баъзеҳо ин роҳ бо касбу ҳунар, барои дигарон бо фаъолияти ҷамъиятӣ ва хизмат ба ҷомеа пайванд мегирад. Новобаста аз он ки ба чӣ коре шуғл меварзанд, кӯшиш менамоянд, ки дар рушди ҷомеа ҳиссаи сазоворе аз худ боқӣ гузоранд.
Ба тақвими зиндагиномаи бонуи соҳибкасб, зани соҳибмаърифат, инсони заминиву хоксор, бонуе, ки тамоми ҳастии худро ба рушди ҷомеа бахшидааст, назар афканда, хоҳем, дид, ки он басо пурпечутоб аст. Маҳз меҳнати бурдборона ва софдилонаи ӯ дар сохторҳои гуногун имконият фароҳам овардааст, ки зина ба зина ба пеш қадам ниҳода, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар созад.
Бале, Дилбар Раупова аз қабили чунин бонувон аст, ки тамоми фаъолияти худро ба рушди ҷомеа бахшидааст. Ӯ 16-уми октябри соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Падараш Зоҳирҷон Оқилов директори мағозаи ҷавоҳирот буд. Модараш Савринисо Оқилова бонуи хонанишин буда, 6 фарзанд, се духтару се писарро тарбия мекарданд. Ҳамин тарбияи хуби волидон буд, ки фарзандон соҳибмаълумот гардиданд. Дилбар фарзанди сеюми хонадон буд. Кӯшиш мекард, ки аз хоҳарону бародарон қафо намонда, дар андӯхтани дониш намунаи ибрат бошад. Вақте, ки муҳассили мактаби миёнаи №3-юми шаҳри Хуҷанд буд, пайваста кӯшиш мекард, ки дар дарсҳои аз устодон барои худ чизе гирад, ки боиси пешрафт ва фарох гардидани донишаш гардад.
Дар дабистон ӯро ҳамаи устодон эҳтиром мекарданд. Дилбар андеша мекард, ки пас аз хатми дабистон таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон давом дода, соҳиби касби пуршарафи табибӣ гардад. Аммо гапи хона ба бозор рост намеояд, гуфтагӣ барин ба шаҳри Душанбе рафтану таҳсил намудан ба ӯ муяссар нашуд. Ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи педагогии шаҳри Ленинобод (имрӯза ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) ба риштаи омӯзгори фанни математика ва нақшакашӣ супурд.
Толеаш баландӣ карду донишҷӯ шуд. Дар ин кошонаи маърифат кӯшиш мекард, нағз хонад, дониши худро такмил диҳад. Аз ин рӯ, пайваста мутолиа мекард. Ин амали Дилбар аз назари устодон пинҳон намонд. Ӯро сарвари гурӯҳ таъйин намуданд. Ин боварии устодон ба ин духтарчаи ташнаи дониш болу пар кушод. Аз ин рӯ, пайваста заҳмат мекашид, то ин ки бештар хонад, дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок кунад.
Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро соли 1978 дар сохторҳои Кумитаи комсомоли вилояти Ленинобод ба ҳайси мутахассис оғоз намуда, дар тӯли даҳ сол таҷрибаи ғании ташкилотчигӣ ва кор бо мардумро ба даст овард.
Солҳои 1988–1993 вазифаи роҳбарии яке аз сохторҳои Кумитаи комсомоли вилояти Ленинободро ба зимма дошт. Аз соли 1993 фаъолияти меҳнатии худро ӯ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваст. Солҳои 1993–1995 ба ҳайси мутахассис фаъолият намуда, солҳои 1995–1996 роҳбарии шуъбаи протоколиро ба уҳда дошт. Аз соли 1996 то соли 2007 ҳамчун роҳбари яке аз сохторҳои дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кард.
Солҳои минбаъда низ барои Дилбар Раупова марҳилаи муҳими фаъолияти касбӣ буданд. Солҳои 2007–2011 ба ҳайси мутахассиси пешбари бахши умумии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2011–2015 ба ҳайси мутахассиси калони шуъбаи назорат ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият намуд.
Аз соли 2015 то имрӯз Дилбар Раупова дар шуъбаи хизматрасонии умумӣ, назорат ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳайси мутахассис кор мекунад.
Фаъолияти чандинсолаи ӯ дар мақомоти давлатӣ пеш аз ҳама бо кор бо мардум, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва масъулияти баланд дар назди ҷомеа иртибот дорад. Барои шахсе, ки солҳои зиёд дар чунин сохторҳо фаъолият кардааст, таҷриба, сабру таҳаммул, муносибати дуруст бо шаҳрвандон ва масъулиятшиносӣ аҳамияти хоса доранд.
Фаъолияти меҳнатии Дилбар Раупова беш аз чаҳор даҳсоларо дар бар мегирад. Дар ин муддат ӯ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, марҳила ба марҳила таҷриба андӯхта, дар пешбурди корҳои ташкилӣ ва маъмурӣ саҳм гузоштааст.
Имрӯз бо роҳи тайкардаи ин бонуи соҳибдил назар афканда, андеша меронем, ки зиндагии ӯ, қадамҳои бурдборонааш дар соҳаҳои гуногун намунаи роҳи пурпечутоби инсонест, ки бо меҳнати ҳалол, сабру таҳаммул ва масъулияти беандоза аз як марҳила ба марҳилаи дигар гузаштааст. Шоёни зикр аст, ки арзиши воқеии зиндагӣ натанҳо дар солҳое, ки сипарӣ мешаванд, балки дар корҳои неке мебошанд, ки дар ҷомеа амалӣ менамоянд. Имрӯз ин бонуи соҳибкасб бо таҷрибаи бойи корӣ дар хизмати давлатӣ фаъолият намуда, вазифаи худро бо масъулият иҷро мекунад. Роҳи тайкардаи Дилбар Раупова намунаи зиндагии меҳнат ва садоқат ба касбу вазифа буда, таҷрибаи чандинсолаи ӯ барои насли ҷавоне, ки фаъолияти худро дар хизмати давлатӣ оғоз мекунад, метавонад мактаби ибрат бошад.
Лозим ба ёдоварист, ки Дилбар Раупова дар оиладорӣ низ бонуи хушбахт аст. Ӯ ҳамроҳи ҳамқадами ҳаёташ Ҳотамҷон Раупов боғе бунёд намудааст, ки дар он меваҳои шаҳдбори зиндагӣ ба камол расиданд. Яъне, дар зиндагии якҷояи онҳо се нафар шамъчароғи зиндагӣ ба воя расиданд, ки ҳамаи онҳо имрӯз номбардори волидони хешанд. Рустамҷон корманди Хадамоти гумрук, Раънохон корманди омори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Равшанҷон дар фирмаи “Барс” фаъолият доранд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун кор кунанд ҳам, анъанаҳои неки волидонро идома медиҳанд. Ҳадафи онҳо як–хизмат кардан баҳри ободию осоиштагии Ватани азизи худ.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





