Аз Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ба номи директори бойгонии вилоят мактуб омад. Дар он гуфта мешуд, ки дар ҳақиқат иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, зодаи ноҳияи Ғончии вилояти Суғд Тош Қурбонов соли 1942 ба фронт сафарбар шуда, барои фидокориҳояш бо медали “Барои хизматҳои ҷангӣ”, ки таҳти шаҳодатномаи Б-1869249, А-9018332 номнавис шудааст, тақдиронида шудааст.
Ин мактуби ҷавобӣ, ки бо дархости пайвандону фарзандони иштирокчии ҷанг омада буд, аҳли оиларо шод гардонд, зеро бо гузашти беш аз ҳаштод сол низ маълум гардид, ки халқ фарзандони диловари худро фаромӯш нахоҳад кард.
Убури пайроҳаи зиндагӣ барои омӯзгори пурмасъулият, фидокору меҳнатдӯст Тош Қурбонов саҳлу осон набуд. Ӯ зодаи деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич буд. 108 сол қабл аз ин, чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар мактаби зодгоҳ таҳсили илм намуд. Пасон соли 1932 озими шаҳри Хуҷанд шуда, ба курси муаллимтайёркунӣ ҳуҷҷат супурд.
Давоми як соли таҳсил Тош аз устодони соҳибтаҷрибаи ин даргоҳ сабақи маърифат гирифта, дараҷаи дониши хешро баланд бардошт. Дар курс бо баҳои аъло мехонд, аммо бо вуҷуди он аз дониши хеш қаноатманд набуд. Хост давоми таҳсилро дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд идома диҳад ва ба ин муваффақ ҳам шуд. Баъди хатми омӯзишгоҳ, ки солҳои 1937-1938-ро дар бар мегирифт, ба зодгоҳ омад. Мактаби деҳа ба муаллим ва сарваре чун Тош Қурбонов ниёз дошт. Он солҳо бинои мактаб вуҷуд надошт, барои фарзандони мардум дар хонаҳои бойҳо курсҳои маҳви бесаводӣ мегузарониданд. Баъди як соли ҳамчун мудири мактаб шинохта шудани Тош лаёқати ташкилотчигӣ ва чашмикордонии ӯро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи ҷонишини раиси комиҷроияи ноҳияи Калининобод таъин намуданд. Дар як вақт мардум ӯро ҳамчун сарвари мактаб мешинохтанду эҳтиромашро ба ҷо меоварданд.
Тош Қурбонов солҳои нахустини оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои тайёр кардани афсарон ба сафи Армияи Сурх ва сафарбар намудани онҳо дар деҳаҳои ноҳияи Калининобод адои вазифа намуд. Бо вуҷуди он ки ҷавонмард дар ватан хизмати софдилона ба ҷо меовард, аммо эҳсосоти ба майдони ҳарб рафтану ҳимояи марзу буми кишвар ӯро ором гузошта наметавонист. Ин буд, ки соли 1942 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ раҳсипор гашта, давоми ду сол мардонавор бо душман ҷангид. Соли 1944 ҳангоми муҳорибаи Смоленск бо душман аввал аз дасти рост, баъдан аз гурдааш ярадор шуда, дар госпитал табобат гирифтааст. Ҷавонписари шуҷоъ ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз ба итмом расидани ҷанг ба ватан баргашт ва ақибгоҳро, ки аз майдони муҳориба ҳеҷ монандӣ надошт, мавзеи корзори хеш қарор дод.
Солҳои баъдиҷангии 1946 Тош Қурбоновро мардуми деҳа боз ба вазифаи аввала – директори мактаби деҳаҳои Росровут ва Метк муносиб донистанд. Дар солҳои душвори баъдиҷангӣ қаҳрамони мо яке аз бонуфузтарин шахс дар байни мардуми собиқ ноҳияҳои Калининобод ва Шаҳристон маҳсуб дониста мешуд. Зеро бо ташаббуси бевоситаи ин марди меҳнатӣ ва дар қӯраи зиндагиву майдони ҷанг обутобёфта фарзандони мардуми деҳаҳои Метк ва Росровут соҳиби мактаб шуда, барои бо таълим фаро гирифтани онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Он солҳо сохтани на танҳо бинои мактаб, балки як хона душвориҳои ба худ хос дошт.
Танҳо барои дастрас намудани ин ва ё он масолеҳи бинокорӣ мебоист масофаи аз 25 то 50 километр роҳро байни роҳи Калининобод ва Шаҳристон бояд тай мекард. Бо маркаб ва аробаҳо овардани масолеҳи сохтмон кори саҳлу осон набуд. Бо вуҷуди он, дар муддати муайян сохтмон ба анҷом расид, ки аз ҳама бештар толибилмон шоду хурсанд буданд. Аммо мушкилии дигаре пеш омад, ки директори мактаб дар ҳалли он душворӣ мекашид. Барои таълиму тарбия додани шогирдон мутахассисон намерасиданд. Мактаб ба омӯзгор эҳтиёҷи калон дошт.
Тош Қурбонов ноумед нашуд. Ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Хуҷанд ва Айнӣ дархост фиристод ва хушбахтона, дархосташ қабул гардид. Аммо мушкилии бо манзили зист таъмин кардани онҳо ба миён омад. Сарвари пухтакору чашмикордон роҳи ҳалли онро низ ёфт. Омӯзгоронро дар яке аз ҳуҷраҳои ҳавлии худ ва хешовандон ҷой дод, барояшон шароити кор омода кард. Солҳои баъдӣ мактаби деҳаи Росровут яке аз беҳтаринҳо ҳисобида шуда, ба таври таҷрибавӣ ба шогирдон сабақ медод. Заҳмати шабонарӯзӣ, меҳнати пайваста, лаёқати баланди корбарии ӯро ба назар гирифта, ҳизби Комунистии комитети иҷроия ва шуъбаи маорифи ноҳия ӯро бо ифтихорномаҳо ва мукофот тақдирониданд. Ба ӯ барои хизматҳои бенуқсонаш унвони Аълочии маорифи халқро муносиб донистанд, ки он солҳо ба ин унвон ангуштшумор одамон сазовор мегардиданд.
Тош Қурбонов ба ғайр аз сохтмони мактаб ҳамчунин, дар ободонии деҳа, бунёди роҳҳо, сохтмони нуқтаҳои тиббӣ, мағозаю дигар иншооти хизматрасонӣ саҳми арзанда гузошта буд. Ба ғайр аз ин, баҳри ҳаёти осоиштаи мардум саҳм мегузошт: навхонадоронро насиҳат мекарду ба оиладорон маслиҳат медод, намегузошт, ки оилае бе сабаб пароканда шавад. Дар баробари фаъолияти пурсамар ӯ муддати ҳаждаҳ сол котиби ташкилоти партиявии ҳизби коммунистӣ дар мактаби деҳа буд. Борҳо вакили мардумӣ дар ноҳия ва ҳудуди ҷамоат интихоб шуда, сазовори боварии мардум гардида буд.
Имрӯз мардуми деҳа Тош Қурбоновро ба некӣ ёд мекунанд. Хотираи неки ин марди накӯ дар дилу дидаи халқ ҷо гирифтааст ва то ҳанӯз мардум аз иқдомҳои неку наҷиби ӯ ёд мекунанд.
Ҳамчунин, 12 фарзанди Тош Қурбонов пайрави падар буда, дар ободии маҳалли худ саҳми босазо гузоштаанд. Фарзанди нахустини он кас Наврӯз Қурбонов идомадиҳандаи касби қиблагоҳии хеш буда, солҳои тӯлонӣ байни мардум ҳамчун котиби комсомол, раиси ҷамоат, раиси хоҷагӣ ва ҳамчунин директори мактаби № 24-уми деҳаи Росровути ноҳияи Ғончӣ шуда, фаъолият кардааст. Шаш фарзандону пайвандони Тош Қурбонов имрӯзҳо фаъолияти хешро ҳамчун омӯзгор идома дода, барои тарбияи насли ояндасоз заҳмати беандоза мекашанд. Се нафари дигар бошад, дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ба аҳолӣ хизмати софдилона мерасонанд.
Хотираи неки абармарди шуҷоъ, ҷавонмарди матинирода, ҷанговари шуҷоъ, ташаббускору созанда Тош Қурбонов бигзор ҷовидонӣ бошад.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




