- Дар шаҳри Бӯстон то ҳол панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, дар доираи онҳо 700,7 ҳазор доллари ИМА аз худ шудааст.
Сармояи хориҷӣ асосан барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, сармояи мустақим барои истеҳсоли молу маҳсулот ва беҳтар намудани хизматрасонӣ, инчунин сармояи дохилӣ барои бунёду ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва иншооти манзилию иҷтимоӣ равона гардидааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ аз 223 банд иборат буда, то имрӯз 248 чорабинӣ амалӣ шудааст, ки 111,2 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, барои соли 2026 зиёда аз 50 номгӯи корҳои ободониву бунёдкорӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 адади онҳо иҷро шудааст.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъмири куллии меҳмонхонаи «Хуҷанд» бомаром идома дошта, барқарорсозии кӯли шаҳрӣ бо истифода аз имкониятҳои шаҳр ва ҷалби соҳибкорону сармоягузорон пурра анҷом ёфтааст. Дар самти таъмини аҳолӣ бо оби тоза низ нишондиҳандаҳо мусбат арзёбӣ шуданд. Ҳаҷми маблағи ҳаққи хизматрасонии қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бӯстон дар ин давра 3,8 миллион сомониро ташкил дода, пардохти он пурра ва сари вақт таъмин гардидааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 буҷети умумии шаҳр бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 132,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 5,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Даромади маҳаллии буҷети шаҳри Бӯстон 52,8 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбати нақша 767,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 101,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар самти саноатикунонии босуръати кишвар гуфта шуд, ки соҳаи мазкур ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа, теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёнаи шаҳр ба 62 адад расид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 459,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 35,9 миллион сомонӣ ё 105,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар анҷоми нишаст миёни роҳбарияти шаҳр ва намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба корҳои ободониву созандагӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рушди шаҳр саволу ҷавоб сурат гирифт.





