Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, таҳти №АП-1477, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич нишасти матбуотии раиси ноҳия баргузор гардид. Дар нишаст мудирони шуъбаву бахшҳо ва намояндагони ВАО, аз ҷумла рӯзномаву маҷаллаҳои “Народная газета”, “Минбари халқ”, “Ҳақиқати Суғд”,  “Суғд ҳақиқати”, “Паёми Суғд”, “Истиқбол”, “Даво”, “Азия+”, “Саломат бошед” ва “Ризқофарин” иштирок намуданд.

Нахуст раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода доир ба сафари ахири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ва ифтитоҳи иншооти таъиноташон гуногун маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 101,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 68 миллиону 307 ҳазор сомонӣ 69 миллиону 24 ҳазору 651 сомонӣ ворид гардид, ки 717 ҳазору 651 сомонӣ зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба буҷети маҳаллии ноҳияи Деваштич 31 миллиону 872 ҳазору 775 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 803 ҳазору 875 сомонӣ зиёд мебошад.  

-Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 32 корхонаи саноатӣ фаъолият карда, ба маблағи 77 миллиону 173 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 миллиону 994 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар ноҳия 4225 соҳибкори хурду миёна, аз ҷумла 2593 хоҷагии деҳқонӣ, 733 соҳибкори бо патент ва 899 соҳибкори бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст,-гуфт Ашӯралӣ Ҷалилзода. Ҳамзамон, таъкид кард, ки барои рушди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар идомаи нишаст ба соҳаи кишоварзӣ низ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир гардид. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 289 миллиону 39 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст. Аз ҷумла, 2 ҳазору 95 тонна гӯшти чорвою паранда, 12 ҳазору 150 тонна шир, 4 миллиону 760 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст. Ҳамзамон, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, саршумори чорвои калони шохдор 105 ҳазору 716 сар, чорвои майдаи шохдор 211 ҳазору 329 сар, паранда 118 ҳазору 130 сар ва асп 1163 сарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 зиёд аст.

Дар қисмати саволу ҷавоб, ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар мавриди ҷалби сайёҳон ба ноҳия, фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон ва интиқоли картошка берун аз ҳудуди вилоят, посухҳои мушаххас дода шуд. Зикр гардид, ки айни замон дар ҳудуди ноҳия 35 ёдгории таърихӣ мавҷуд буда, асосан сайёҳии дохилии рушд кардааст. Бо беҳтар шудани вазъи роҳҳои маҳаллӣ, ин соҳа низ рушд хоҳад ёфт ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ низ бештар хоҳад гардид.

Дар мавриди фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ӯғлон Каримзода иттилоъ дод, ки айни замон дар ҳудуди ноҳия 17 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд буда, дар маҷмуъ, 25 фоизи кӯдакони ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо бунёду ба истифода додани як қатор кӯдакистонҳои нав дар арафаи ҷашни Истиқлол, фарогирӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Дар хусуси интиқоли картошка берун аз ҳудуди вилоят, раиси ноҳия иттилоъ дод, ки Деваштич ҳамчун ноҳияи картошкапарвар натанҳо талаботи сокинони вилоят, балки ҷумҳуриро низ таъмин мекунад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар маҷмуъ дар ҳудуди ноҳия дар майдони 9 ҳазору 193 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 455 гектар зиёд мебошад.

Ҳамзамон, ба саволҳои намояндагони дигар расонаҳои хабарӣ дар мавриди бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон, нашри китоби шоирону нависандагон, вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, мушкилоти обёрии замин ва азхудкунии заминҳои нав, бунёди иншооти ҷашнӣ ва ғайра ҷавобҳои муфассал дода шуд.

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”