Анора аслан зодаи деҳаи Бӯстонлики шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби зодгоҳ, ки ба номи Крупская гузошта шуда буд, гирифтааст.

Пайроҳаи зиндагии ин духтараки ҷасуру қавиирода пурпечутоб аст. Оилаи онҳо ҳарчанд дар маҳалли ӯзбекзабон зиндагӣ мекарданд, аммо барои Анора гуфтугӯ кардан бо ин забон хеле душвор буд. Давом додани таҳсил бо ин забон бошад, аз он ҳам душвортар. Бинобар он бо маслиҳати падару модар ва дуои онҳо хост таҳсилро бо забони тоҷикӣ идома диҳад, аммо дар Ватан чунин таҳсилгоҳ фаъолият надошт. Меҳри Анора аз хурдӣ бо замин пайванд буд. Соатҳои дароз бо замин суҳбат мекарду ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас медонист. Ҳамин меҳр духтаракро ба Интститути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон овард. Ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи қабули донишкада супурду баъди  имтиҳонсупорӣ ба гирифтани номи донишҷӯӣ шарафёб гардид.

Солҳои таҳсил паси сар шуданду тақдири минбаъдаи Анора низ маълум гашт. Бо ҳамсабақи худ – Абдукарим Муҳаммедов, ки ҷавони хистеварзӣ буд, оила барпо намуд. Дар як вақт тибқи роҳхат дар ташхисгоҳи кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолият шуруъ намуд.

Ноҳияи Зафаробод, ки он замон Мирзочӯл ном мебурданд, солҳои 1960-1965 таъсис ёфтааст. Ба ин мавзеъ мардуми меҳнатдӯст аз ҳар гӯшаву канори кишвар ва, ҳатто, берун аз он низ ҳамчун муҳоҷир омада, муқимӣ гаштаанд. Дар солҳои аввали азхудкунии биёбони Мирзочӯл дар ин мавзеъ ҳамагӣ ду деҳа бо 60 хоҷагӣ вуҷуд дошту халос. Соли 1979 аҳли оилаи Муҳаммедовҳо низ  ба Зафаробод кӯч бастанд. Мирзочӯл ба ӯ барин мутахассисон эҳтиёҷ дошт, зеро азхудкунии биёбон ва ба замини корам табдил додани заминҳои ташналаб бар замми заҳмати беандоза пурсабриву ташаббускориро тақозо дошт.

Директори совхози онвақта Анораро наздаш даъват намуда, аз ӯ пурсид:

- Бо бачагон кор карда метавонед? Шуморо ҳамчун мудири кӯдакистон ба мардум шиносонданием.

- Ҳар кореро, ки ба уҳдаам мегузоред, кӯшиш мекунам, ба иҷро расонам.

Ҳамин тавр, Анора Хоҷаева, ки дониши хубу ақли расо дошт, бо вуҷуди он ки дӯстдори замин буду мехост дар кушодани заминҳо баробари мардон каланд занад, риштаи фаъолияташро бо кӯдакон пайваст, дар муддати кӯтоҳ теъдоди кӯдакони боғчаро бамаротиб зиёд ва ҳамчунин шумораи гурӯҳҳоро аз ду ба шаш адад расонд. Имрӯз ҳамон кӯдакистон бо номи “Табассум” дар ноҳия фаъолият дорад. Дар баробари ин меҳри замин ӯро ором намегузошт. Совхози 40-солагии Тоҷикистон бо мурури вақт ба ду тақсим гардида, эҳтиёҷ ба агроном пайдо шуд. Анора дарк намуд, агар вазифаи агрономиро ихтиёр кунад, аз ҳарвақта дида бештар ба мардум нафърасон хоҳад шуд.  Кишоварзон дар чаҳор гектар замини нав азхудшуда  асосан пахта, гандум, ҷуворимакка кишт карда, ҳосили фаровон ба даст меоварданд.

Борҳо шудааст, бригадае, ки ин зани меҳнатӣ сарвариашро ба уҳда дошт, дар миқёси ноҳия ва вилоят ҷиҳати ҷамъоварии ҳосил ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ ноил ва сарварони бригадаҳо сазовори таҳсин мегардиданд. Дар қатори ғолибон ҳамеша ному насаби Анора Хоҷаева низ буд. Ӯ ҳамчунин модари меҳрубони панҷ фарзанди дӯстрӯ буда, барои он ки фарзандонаш дар роҳи дуруст ба камол расанд, онҳоро ҳамроҳи худ ба сари замин мебурд, то дар корҳои саҳроӣ ёрӣ диҳанду меҳри заминро дар қалбашон ҷо диҳанд. Аҳли оила суханони  “Замин-Модар инсонро ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад”-ро барои худ шиор дониста, шабурӯз меҳнат мекарданд.

Ба чеҳраи нурониву дар офтоб сурхшудаи ин зани меҳнативу фидокор нигариста аз  ӯ мепурсам:

- Оё бароятон душвор набуд, ки ҳам бо тарбияи фарзандон машғул шаведу ҳам корҳои вазнини саҳроиро ба иҷро расонед. Охир, аз саҳар то шом дар сари замин будан ва ҷамъоварии ҳосили дилхоҳ ранҷи бешуморро металабад. Ӯ бошад, бо табассуми зебандаю ба худ хос чунин ҷавоб мегӯяд.

- Ман аз касби пешгирифтаам ҳаргиз пушаймон нестам. Аслан падару модарам мехостанд, ки ман муаллима шуда, ба таълиму тарбияи фарзандони мардум машғул бошам, аммо меҳри ман ба замин дигар буд. Худро дар  заминҳои паҳновари  Мирзочӯл медидаму ба худ мегуфтам, ки маҳз мо баринҳо бояд ин биёбонро ба мавзеи зебою дилрабо ва гулпӯшу гулбасар табдил диҳем.

Барои кишоварз шудани Анора Хоҷаева сабаби дигаре низ ҳаст. Ҳангоми мактабхонӣ бригадаи истеҳсолӣ таъсис дода, толибилмонро барои ҷалби корҳои саҳроӣ ба мавзеъҳои гуногуни кишвар мебурданд. Ҳамчун узви бригадаи боғдорон Анора ҳамроҳи ҳамсинфонаш дар яке аз токзорҳои совхоз ба боғдорон ёрӣ медод. Агрономи совхози онвақта чун дид, ки Анора бо вуҷуди серҳаракат буданаш шохаҳои токи ангурро нодуруст мебандад, ба кори ӯ эрод гирифт. “Тезкорӣ чизи хуб аст, аммо ин қадар саросемакор шавӣ,  агрономи нағз шуда наметавонӣ” – гуфта буд агроном.

- Хавотир нашавед, муаллим, то ҷои шуморо нагирам, аз ниятам даст намекашам, - бо оҳанги шӯхӣ гуфта буд Анора.

Солҳои мактабхониву донишҷӯӣ паси сар шуданд. Анора давоми ин солҳо кӯшиш намуд, ки орзуяшро амалӣ гардонда, ваъдаи дар назди муаллим додаашро ба иҷро расонад ва ба ваъдааш вафо кард. Солҳо гузаштанду бо он агроном-муаллим борҳо вохӯрд. “Духтари ҷасур будаӣ, ваъдаатро фаромӯш накардӣ, ба ту барори кор мехоҳам” гӯён даст ба дуо бардошт муалллим, ки акнун бузургсол гашта буд.  Анора Хоҷаева имрӯз агрономи номиест, ки ҳамагон, хусусан мардуми ноҳияи Зафаробод ба хубӣ мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Ӯ шукргузор аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ умр ба сар мебараду аз неъматҳои даврони сулҳу осоишта бархурдор.

Зафаробод – ҳамон маконе, ки замоне чӯлу биёбонро мемонд, имрӯз обод шудааст, ба биҳишти рӯи замин мубаддал шудаасту заминҳои ҳосилхез дорад. Меваҳои шаҳдбори боғдоронро на танҳо мардуми ноҳияву вилоят, балки берун аз он ҳам тановул мекунанду  ба офарандагонаш аҳсан мехонанд. Ва бешак, дар пухтарасии онҳо саҳми Анора – хола низ ҳаст.

Ин бонуи меҳнатӣ, ки тамоми умри босамарашро сарфи корҳои накӯ карда, барои ободии диёраш камар бастааст, имрӯз дар ҳалқаи фарзандону наберагон даврони бузургсолӣ меронад. Бо вуҷуди ин, ором нишаста наметавонад ва вазифаи пурмасъулияти раиси шӯрои занҳои шаҳраки Ҳамид Алиевро ҳанӯз аз соли 1980 инҷониб ба уҳда дорад. Маслиҳатгару раҳнамои ҷавонону  навхонадорон аст.

Борҳо иштирокчӣ ва ғолиби намоишҳои ҳунариву фестивалҳои гуногун гашта, нуфузи зафарободиёнро боло бардоштааст. Соҳиби ифтихорномаву сипосномаҳои зиёд буда, муҳаббати халқро нисбат ба худ подоши заҳматҳои чандинсолаи хеш медонад.

 

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”