Оё мо ҳаёти воқеиро фаромӯш кардаем? Шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дар кадом ҷойгоҳ қарор дорад?

Имрӯз боз як субҳи нав дар ҳаёти мо оғоз шуд. Аммо на ба ҳама ин субҳ субҳи нав аст. Зеро аксарияти мо умрамонро якранг, вақтамонро фақат бо забони халқ бо дили дуюмамон “телефон, нотбук, планшет ва амсоли инҳо” оғоз ва анҷом медиҳем. Эҳтимол аксарияти мо аз бистар нахеста, аввал телефонро ба даст мегирем ва саҳифаҳои Instagram, Telegram ё TikTok-ро варақ мезанем.

Шабакаҳои иҷтимоӣ мисли тори анкабут моро иҳота кардаанд ва бе шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёти муқаррариамонро тасаввур карда наметавонем.

Онҳо тарзи муошират, фикрронӣ ва, ҳатто, тарзи зиндагии моро дигар кардаанд. Ин як кӯчиши бузург ба ҷаҳонӣ маҷозӣ маҳсуб меёбад.

20 сол пеш ҳеҷ кас тасаввур намекард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба як узви ҷудонашавандаи омма мубаддал меёбад. Бо мурури замона рӯз то рӯз ҷаҳон рӯ ба мутараққӣ ниҳода истодааст. Дирӯзҳо дар як маҳалла як телефони симин дар сари кӯчаҳо вомехӯрд, айни замон бошад, дар сари як одам 1 ё 2 телефони мобилӣ. Аз 7-сола то 70-сола додаи телефонҳову шабакаҳои иҷтимоӣ гаштаанд. Назар ба дирӯз афканем, шоҳиди он мегардем, ки истеҳсолкундагони иттилоот танҳо рӯзноманигорон буданд, ҳоло тамоми қишри ҷомеа истеҳсолкундаи иттилоотанд. Ногуфта намонад, ки дирӯз чӣ гуна иттилоотҳои судмандро дучор мешудему имрӯз чӣ гуна иттилоотҳоро дида истодаем?!

Якояки мо дар ҷодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ду нақш дорем.

Истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда. Дар ҳолате, ки аз яке аз ҳардуи инҳо ҳастем, бояд манфиату оқибати корро ба назар гирифтанро фаромӯш насозем.

Масъулияти фарҳанги истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро бояд хуб дарк намуда бошем. Донем, ки барои чӣ, чиро истеъмол ё худ истеҳсол карда истодаем.

Ҳар кореро ҳикмате нуҳуфта ва ҳар коре паҳлӯҳои мусбию манфии худро дорост. Масалан шабакаҳои иҷтимоиро ба пуле ташбеҳ бояд дод, ки тариқи он ба манзили дилҳо ва манбаи илм ворид шудан имконпазир аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ башариятро бо ҳам наздик намуданд. Мо метавонем дар як сония бо наздикони худ, ки дар дигар гӯшаи ҷаҳонанд тамоси видеоӣ дошта бошем. Хусусан, барои мо, ҷавонон ва донишҷӯён ин платформаҳо як хазинаи бузурги илму дониш гаштаанд. Имрӯз тавассути саҳифаҳои омӯзишӣ метавон ройгон ва қулай забонҳои хориҷӣ, барномасозӣ, дӯзандагию пазандагӣ ва дигар навъи ҳунарҳоро омӯхт. Илова бар ин, шабакаҳо барои соҳибкорон ва нафарони эҷодкор имконият дод, ки маҳсулот ва ҳунарҳои худро ба ҳазорҳо нафар муаррифӣ кунанду тиҷорати худро рушд диҳанд.

Мутаассифона, ин падида паҳлӯи манфӣ низ дорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба як “дузди бераҳми вақт” табдил ёфтаанд. Мо зуд-зуд ба телефон менигарем, то танҳо як паёмакро тафтиш кунем, аммо беҳуда соатҳои қимати худро барои тамошои маҳсули  дигарон, ки тамоман бефоида аст, сарф месозем.

Мо, аҳли башар рӯз то рӯз бесабр шуда истодаем ва ин ҳама таҳаммулнопазириҳо аз тамошои видеоҳои кӯтоҳ яъне, Reels, Stories -ҳои шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Фарз кардем, ягон филми ҳунарӣ ё тасвирии 1 ё 2 соатаро интихоб намудему онро дар 30 дақиқа тамошо карда шудем.

Аммо видеоҳои 30 сониягиро 3 - 4 соат, шабу рӯз тамошо кунем ҳам, чандон дилгир намешавем, гузашти вақтро дарк намекунем. Ин гувоҳи он аст, ки мо бесабр шуда, аз ҳаёти воқеӣ гурехта, ба ҷаҳони маҷозӣ ворид ва ҳаёти рангини худро ба  экранҳои дурахшон иваз намуда  истодаем.

Мушкилии дигар – таъсири равонии он аст.  Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама кӯшиш мекунанд, ки танҳо лаҳзаҳои хушбахтӣ, хӯрокҳои лазиз, либосҳои зебо ва саёҳатҳои ҷолиби худро нишон диҳанд. Бинанда, хусусан ҷавонон ин “ҳаёти идеалии маҷозӣ” -ро дида, ҳаёти воқеии худро бад мебинанд. Ин ҳолат инсонро ба афсурдагӣ (дипрессия) ва ноумедӣ дучор месозад. Мо фаромӯш мекунем, ки дар паси он ҳама шодӣ мушкилотҳои инсонӣ ниҳонанд. Мо бояд бо имрӯзи худ зиндагӣ намоем, роҳи ояндаи худро бояд худамон созем, на дар муқоиса бо ҳаёти дигарон. Аз умрамон сарфакорона ва пурманфиатона истифода намуда, намунаи ибрат ба ҷомеаи ҷаҳон бошем.

Мо наметавонем шабакаҳои иҷтимоиро аз ҳаёти худ пурра ҳазф кунем, аммо метавонем аз он дуруст истифода барем. Ҳама чиз аз худамон вобаста аст. Мо бояд тавозунро нигоҳ дорем. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки “Чӣ тавр тавозунро нигоҳ доштан мумкин аст”?

• Детокси рақамӣ (Digital Detox), яъне маҳдуд кардани вақти истифодаи телефон.

• Филтр кардани контент, яъне обуна шудан танҳо ба саҳифаҳое, ки ба гирифтани илм илҳом ва оромиш медиҳанд.

• Кибербулинг ва иттилооти бардурӯғ (фейк): яъне аз фирефта шудан аз хабарҳои бардурӯғ ва паёмҳои таҳқиромез дурӣ ҷустан.

Хулоса, мо набояд онро сарфи назар кунем, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ ҳеҷ чизро фаромӯш намекунад. Изи рақамӣ ин як ҳолнома ва обрӯи мо маҳсуб меёбад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ин оинаи рафтори мо ҳастанд. Мо бояд ҳамаи шабакаҳои иҷтимоиро дар тарозуи тафаккур бар кашем, дар ҳаёт ва фаъолияти худ бояд дуруст истифода барем, тафаккури интиқодӣ дошта бошему аз рӯйи он корбарӣ намоем.

Зарнигор МАМАДҶОНОВА, 

донишҷӯйи курси 1-ум факултети филологияи  тоҷики  Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров