Модар калимаи муқаддас аст, ки бо шуниданаш қалб ором мешавад. Ӯ нахустин омӯзгор, нахустин паногоҳ ва нахустин дӯст барои ҳар як инсон мебошад.  Пеш аз он, ки мо сухан гӯем, қадам гузорем,  модар бо дуои пок ва нигоҳи пурмеҳр моро муҳофизат  мекунад,  ба  роҳи рост мебарад.  Ҳар қадами зиндагӣ бо ҳидоят ва панду насиҳати модар равшан мешавад. Ӯ  ба мо  сабр, ростқавлӣ, бахшиш ва меҳру инсондӯстиро меомӯзад.

Дар шаҳри зебоманзари  Истиқлол  номи  Муҳаббат Каримоваро бо эҳтиром ва самимият ба забон  мегиранд.  Ин модари 92 -  сола  бо симои пурнур,  қалби саршор аз меҳр ва хиради зиндагисозаш миёни мардум мақоми хос дорад.  Муҳаббат Каримова яке аз бонувони заҳматкаш ва намунаи ибрати ҷомеа ба шумор меравад. Ӯ модари панҷ  фарзанд  буда,  тамоми умри худро ба тарбияи фарзандони солиму  солеҳ бахшидааст.  Ҳаёти ӯ саршор  аз меҳнат, сабр, таҳаммул  ва  муҳаббат ба аҳли оила ва Ватан мебошад.

Ин бонуи фидокор 35 соли фаъолияти меҳнатиашро ба корхонаи истеҳсоли пойафзолбарории “Нури Ховар”  бахшидааст. Дар ин муддат ӯ ҳамчун корманди  масъулиятшинос, содиқ ба касби худ шинохта шудааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳунари  пойафзолбарорӣ  низ нозукиҳои худро дорад. Нахуст нозукиаш  дар ҳамин аст , ки фаҳмидани андоза ва шакли пой зарур аст. Ҳунарманд бояд фарқиятро бо чашми таҷрибадида дарёбад. Марҳилаи интихоби маҳсулот низ басо муҳим аст. Пӯст, резина, ширеш ва ришта бояд босифат бошад.  Як интихоби нодуруст дар ин кор метавонад заҳмати чандрӯзаи коргарро барбод диҳад. Фаъолияти чандинсолаи ӯ дар ин корхона  нишон медиҳад, ки меҳнати ҳалол ва садоқат ба касб инсонро ба мартабаи баланд мерасонад. Ӯ дар пешрафти истеҳсоли саноат саҳми арзанда гузошта, дар рушди соҳа нақши муҳим бозидааст.

Зиндагии Муҳаббат Каримова натанҳо бо шумораи солҳо, балки бо санҷишҳои сахти таърих арзёбӣ мешавад. Ӯ аз зумраи он шахсоне мебошад, ки айёми ҷангро бо чашм дида, талхӣ,  гуруснагӣ, интизорӣ ва изтиробро бо дил эҳсос кардааст.  Дар он солҳо ҷавон буд, баъд аз рафтани шавҳараш  ба ҷанг  ҳамаи бори зиндагӣ ба сараш монд, аммо рӯҳи бузург дошт, бо дастони нозукаш нон мепухт, барои аҳли оила таъом омода мекард, замин шудгор мекард,   аз кор омада шабона ба дӯхтани либос машғул мегардид.  Бар замми ҳамаи корҳои рӯзгор боз ба тарбияи фарзандон вақт ҷудо мекард, ҳамеша онҳоро панду насиҳат мекард,  то дар оянда ба роҳи рост ҳидоят шаванд.

Натанҳо зани меҳрубон,  балки модари босаводу маърифатпарвар мебошад. Бо вуҷуди синну соли муборак  донандаи се забон ҳаст ва бо ҷаҳонбинии  фарох  ҳамаро ба ҳайрат меорад.  Ин маърифати баланд нишон медиҳад, ки илмомӯзӣ ҳеҷ гоҳ ба синну сол вобаста нест.  Забондонӣ барои  эшон танҳо малака нест,  он пули пайванд миёни дилҳо ва фарҳангҳост. Хотираи қавӣ, суханони пурмазмун ва андешаҳои амиқаш  нишони он аст, ки рӯҳи ҷавон дар қалби эшон ҳамеша зинда аст.  Имрӯз атрофи ин модари хирадмандро фарзандон, наберагон, аберагонаш  иҳота кардаанд.   Ҳар яки онҳо аз панду насиҳатҳои модар баҳра гирифта, зиндагии худро бо дуои неки ӯ идома медиҳанд. Барои аҳли  хонавода ӯ натанҳо модар, балки маслиҳатгар, пуштибон ва чароғи хонадон аст. Имрӯз фарзандонаш дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кардаанду бо рафтору гуфтори нек номи модарро сарбаланд месозанд.

Вақте аз ӯ пурсон шудем, ки асрори 92 соли зиндагии солиму пурбаракаташ дар чист, бо лабханди ором ҷавоб медиҳад: “Нияти пок, меҳнати ҳалол ва дили бекина”.  Ӯ ҳамеша ҳаракатро дӯст медошт, кор мекард дар ҳавои тоза.

Ғизояш одӣ, табиӣ ва беисроф буд. Муҳимтар аз ҳама қалбашро аз кинаву ғазаб пок нигоҳ медошт. Ба гуфтаи ӯ бахшидан беҳтарин даво барои дил аст.  Ӯ бовар дорад, ки умри дароз натанҳо аз тандурустӣ, балки аз оромиши рӯҳ  сарчашма мегирад.

Ҳикматҳои рӯзгори ӯ ба ҷавонон сабрро  меомӯзад, дар таҳсил дар кор, дар сохтани оянда. Ӯ борҳо таъкид кард, ки роҳи рост  ҳамеша кӯтоҳ нест,  вале бо виҷдон тайшуда инсонро ба мақсад мерасонад.  Дар замоне, ки бисёриҳо саодатро дар молу мансаб меҷӯянд, зиндагии ин модар исбот мекунад, ки хушбахтӣ пеш аз ҳама дар оромии  дил, эҳтироми инсонҳо ва муҳаббат ба оила аст.

Сокинони шаҳри Истиқлол  ӯро  ифтихори шаҳр медонанд,  зеро умри пурбаракати Муҳаббат Каримова саҳифае аз таърихи зиндаи диёр мебошад.  Бо дуоҳои неки модарона ва қалби пур аз меҳри ӯ имрӯз низ барои атрофиён манбаи гармӣ ва умед аст.

Бигзор умри  мубораки Муҳаббат Каримова боз ҳам дарозу пурсаодат бошад ва меҳри модаронааш  ҳамеша равшангари роҳи фарзандону пайвандон гардад.

 

Тӯҳфа РОЗИҚОВА

“Ҳақиқати Суғд”