Дирӯз ҳангоми суҳбати хонаводагӣ бо модарам мавзӯи муҳим — амнияти молиявӣ ва хавфҳои нигоҳдории маблағ дар кортҳои бонкӣ ба миён омад. Модарам гуфтанд, ки беҳтар аст нафақаи он касро аз корти бонкӣ гирифта диҳам. Вақте сабаби чунин нигарониашонро пурсидам, онҳо як воқеаи нигаронкунандаро нақл карданд, ки қариб боиси ба доми қаллобони телефонӣ афтодани падарам мегардид.

Ба гуфтаи модарам, ҳангоми дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия барои табобат қарор доштани онҳо, чанд маротиба ба телефони падарам аз рақамҳои гуногуни ношинос занг задаанд. Шахсоне, ки занг мезаданд, худро гоҳе корманди бонк ва гоҳе мутахассиси бахши нафақадиҳӣ муаррифӣ намуда, бо баҳонаҳои гуногун аз падарам маълумоти шахсӣ ва бонкиро пурсон шудаанд. Онҳо рақами силсилавии шиноснома, маълумоти корти бонкӣ, суғурта ва дигар маълумоти муҳимро талаб мекарданд.

Падарам бо гумони бо кормандони воқеии бонк суҳбат доштан, ба гуфтаҳои онҳо бовар карда, қариб ҳамаи маълумоти дархостшударо пешниҳод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол додарам, ки мутахассиси соҳаи информатика ва барномасозӣ мебошад, ба телефони падарам занг мезанад, аммо мебинад, ки телефон пайваста банд аст. Вақте аз модарам сабаби ин ҳолатро мепурсад, он кас  мефаҳмонанд, ки кормандони бонк занг задаанду маълумот мепурсанд. Додарам дарҳол мефаҳмонад, ки ин эҳтимолан қаллобони телефонӣ ҳастанд ва хоҳиш мекунад, ки зангро фавран қатъ намоянд.

Пас аз шунидани ин суханон падарам телефонро хомӯш мекунанд. Додарам бошад, барои пешгирии ҳар гуна амалиёти ғайриқонунӣ фавран ба бонк муроҷиат намуда, ҳолати ба амал омадаро хабар медиҳад. Падарам низ таъҷилан ба яке аз нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ рафта, маълумоти бонкии худро тағйир медиҳанд. Азбаски онҳо аллакай қисме аз маълумотро ба қаллобон гуфта буданд, хавфи истифодаи нодурусти корт ва гирифтани маблағ вуҷуд дошт. Хушбахтона, бо тадбирҳои саривақтӣ пеши ин амали нопоки қаллобон гирифта шуд ва маблағи дар корт буда эмин монд.

Ин воқеа бори дигар нишон медиҳад, ки қаллобони рақамӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва усулҳои равонӣ кӯшиш мекунанд боварии одамонро ба даст оранд. Аксар вақт онҳо худро корманди бонк, мақомоти давлатӣ ё хизматрасониҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намуда, бо баҳонаҳои гуногун маълумоти махфии шаҳрвандонро ба даст овардан мехоҳанд. Мутаассифона, бештар аз ҳама ба чунин ҳиллаҳо шаҳрвандони калонсол ва нафақахӯрон дучор мешаванд, зеро онҳо на ҳамеша аз усулҳои нави қаллобӣ огоҳанд.

Ҳамин суҳбат маро водор сохт, ки дар бораи амнияти молиявӣ ва роҳҳои ҳифзи шаҳрвандон аз қаллобони рақамӣ маводи махсус омода намоям. Ҳадаф аз ин матлаб баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, бахусус нафақахӯрон, нисбат ба чунин хатари пинҳонӣ мебошад. Зеро танҳо бо иттилооти дуруст ва эҳтиёткорӣ метавон пеши роҳи чунин амалҳои номатлубро гирифт.

Дар шароити пешрафти босуръати технологияҳои муосир ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ дар низоми молиявӣ, масъалаи амнияти молиявӣ ва ҳифзи шаҳрвандон аз амалҳои қаллобӣ аҳамияти хоса пайдо намудааст. Имрӯзҳо аксари пардохтҳо, интиқоли маблағ ва амалиёти бонкӣ тавассути телефонҳои мобилӣ, барномаҳои интернетӣ ва кортҳои бонкӣ анҷом дода мешаванд. Ин раванд, албатта, барои мардум имкониятҳои нав фароҳам оварда, зиндагиро осон мегардонад. Аммо дар баробари ин, баъзе шахсони ноинсоф аз пешрафти технология истифода намуда, бо роҳҳои гуногун ба қаллобии рақамӣ даст мезананд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва пешгирии чунин амалҳои номатлуб, бо сардори шуъбаи нафақа  ва кортҳои бонкии филиали КВД БА ҶТ Амонатбонк дар вилояти Суғд Замира Мақсудӣ мусоҳиба намудем.

- Имрӯзҳо масъалаи амнияти молиявӣ хеле муҳим гардидааст. Ба андешаи Шумо, сабаби афзоиши ҳолатҳои қаллобии рақамӣ дар чист?

- Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки технологияҳои муосир дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо нақши калон доранд. Имрӯз аксари амалиётҳои молиявӣ тавассути интернет-банкинг, барномаҳои мобилӣ ва кортҳои пардохтӣ анҷом дода мешаванд. Ин раванд хизматрасониҳои молиявиро хеле дастрас ва босуръат гардонидааст. Аммо мутаассифона, баъзе афрод аз ҳамин имкониятҳо суиистифода намуда, бо роҳҳои фиребкорона ба даст овардани маълумоти шахсӣ ё маблағи шаҳрвандонро ҳадафи худ қарор медиҳанд.

Қаллобон бештар аз беогоҳии баъзе истифодабарандагон истифода мебаранд. Масалан, онҳо метавонанд худро корманди бонк муаррифӣ намуда, аз ҳамсуҳбаташ  рақами корт, рамзи махфӣ ё рамзи тасдиқиро талаб кунанд. Агар шахс чунин маълумотро пешниҳод намояд, қаллобон метавонанд маблағро аз ҳисобаш ғайриқонунӣ истифода баранд.

Дар шароити муосир масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва молиявии шаҳрвандон дар сиёсати давлат низ мавқеи муҳим дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки:

«Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, истифодаи дурусту бехатари технологияҳои муосир ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад». Ин нукта бори дигар нишон медиҳад, ки масъалаи амнияти молиявӣ на танҳо вазифаи муассисаҳои бонкӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд низ мебошад.

-Кадом намуди қаллобии рақамӣ имрӯз бештар мушоҳида мешавад?

- Имрӯзҳо чанд усули маъмултарини қаллобии рақамӣ вуҷуд дорад:

Якум – зангҳои қаллобӣ. Шахсоне, ки худро корманди бонк ё намояндаи ташкилоти молиявӣ муаррифӣ мекунанд, ба шаҳрвандон занг зада, маълумоти махфии корти бонкиро талаб мекунанд.

Дуюм – паёмакҳо ва истинодҳои қалбакӣ. Баъзан ба телефон ё почтаи электронӣ паёмак меояд, ки гӯё аз бонк ё ташкилоти дигар аст. Дар он истинод ҷойгир мешавад, ки шахсро ба сомонаи қалбакӣ мебарад ва аз ӯ ворид сохтани маълумоти корт ё рамзи махфиро талаб мекунад.

Сеюм – фиреб дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Дар баъзе ҳолатҳо қаллобон бо номи шахсони шинос ё ширкатҳо саҳифа кушода, аз шаҳрвандон бо баҳонаҳои гуногун маблағ талаб мекунанд.

Чорум – пешниҳоди бурд ё мукофот. Ба баъзе одамон хабар медиҳанд, ки онҳо дар ягон озмун ғолиб шудаанд. Барои гирифтани мукофот гӯё бояд маблағи муайян фиристанд ё маълумоти корти бонкиро пешниҳод кунанд.

- Барои пешгирии чунин ҳолатҳо шаҳрвандон бояд чӣ кор кунанд?

- Қоидаҳои асосии амнияти молиявӣ чандон мураккаб нестанд, аммо риояи онҳо хеле муҳим аст. Маълумоти корти бонкиро ба касе надиҳед. Рақами пурраи корт, рамзи  махфӣ (PIN) ва рамзҳои тасдиқӣ маълумоти шахсӣ мебошанд. Ба зангҳои шубҳанок бовар накунед. Кормандони бонк ҳеҷ гоҳ рамзи махфии корт ё рамзи тасдиқиро талаб намекунанд. Ба истинодҳои номаълум ворид нашавед. Агар паёмак ё почтаи электронӣ бо пешниҳоди шубҳанок расад, беҳтараш онро нодида гиред. Барномаҳои мобилиро танҳо аз манбаъҳои расмӣ зеркашӣ намоед. Агар нисбати  қаллобӣ шубҳа пайдо шавад, фавран ба бонк муроҷиат кунед.

-  Бонкҳо барои ҳифзи маблағҳои муштариён чӣ тадбирҳо меандешанд?

- Имрӯзҳо муассисаҳои бонкӣ барои таъмини амнияти амалиётҳои молиявӣ аз технологияҳои пешрафта истифода мебаранд. Масалан, системаи рамзгузорӣ, тасдиқи дукаратаи амалиётҳо, огоҳиномаҳои фаврӣ тавассути паёмак ва мониторинги доимии амалиётҳо аз ҷумлаи чунин чораҳо мебошанд.

Ҳамзамон бонкҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, то муштариён дар бораи қоидаҳои амнияти молиявӣ маълумоти кофӣ дошта бошанд. Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ мусоидат мекунанд.

Коршиносон бар он назаранд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии қаллобии рақамӣ мебошад. Агар шаҳрвандон дар бораи усулҳои маъмултарини фиреб маълумоти кофӣ дошта бошанд, онҳо метавонанд худро аз чунин хатарҳо ҳифз намоянд.

Имрӯзҳо дар кишвар барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва молиявии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус  дода мешавад. Ин иқдомҳо барои ташаккули ҷомеаи огоҳу масъулиятшинос замина фароҳам меоранд.

Дар ҷаҳони муосир, ки технологияҳо бо суръати баланд рушд мекунанд, масъалаи амнияти молиявӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст. Қаллобии рақамӣ метавонад ба ҳар шахс зарари молиявӣ ва равонӣ расонад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, эҳтиёткорӣ ва риояи қоидаҳои оддии амнияти молиявӣ барои ҳар як шаҳрванд зарур мебошад.

Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, рушди ҷомеаи муосир пеш аз ҳама, ба маърифати баланд, масъулиятшиносӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон вобаста аст. Аз ин рӯ, танҳо бо ҳамкории муассисаҳои молиявӣ, мақомоти давлатӣ ва худи шаҳрвандон метавон амнияти молиявиро таъмин намуда, ҷомеаро аз ҳар гуна амалҳои қаллобӣ эмин нигоҳ дошт. Амнияти молиявӣ – ин на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки ҷузъи муҳими амнияти ҷомеа ва кафили рушди устувори кишвар мебошад.

 

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”