Дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба шарофати сиёсати инсонпарварона, хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизмати шахсиятҳои шинохтаву содиқу вафодори Ватану миллат ба ҳукми анъана даромада, дар партави он дар вилояти Суғди бостон низ ҳар сол ҷашни зумраи чеҳраҳои муниру мондагори қаламрави вилоят баҳри тарбия ва ибрат ба насли ҷавон бошукӯҳу хотирмон таҷлил карда мешавад.

Боиси шодмонӣ ва ифтихор аст, ки дар соли ҷашни таърихиву ҳумоюнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз дар доираи нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҷлили ҷашни 75-солагии ходими ҳизбиву давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ, Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи ордени «Дӯстии халқҳо», медалҳои ҷашнии «20-солагии таъсисёбии телевизиони вилояти Суғд», «20 ва 30-солагии ҲХДТ», 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Карамулло Одилов назардошт шудааст.

Зиндагиномаи ин шахсияти шинохтаву соҳибэҳтироми ҷомеа барои наслҳои имрӯзу фардо чун намунаи ибрат боиси омӯзишу пайравист. Ҳадафи баргузории чунин чорабиниҳо низ маҳз сабақи зиндагӣ бардоштан аз гузаштаи пурифтихору самари неки ҳаёти инсонҳои шоиста мебошад.

Карамулло Одилов 16-уми майи соли 1951 дар шаҳри бостонии Ӯротеппа (алҳол Истаравшан) дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд.

Пас аз хатми мактаби миёнаи шаҳр соли 1967 ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1971 бомуваффақият хатм намуданд. Фаъолияти меҳнатии худро дар зодгоҳ, дар шуъбаи молияи кумитаи иҷроияи шаҳри Ӯротеппа оғоз намуда, то соли 1986 дар вазифаҳои нозири калон ва мудир сарбаландона кор карданд. Маҳорати ташкилотчигӣ, роҳбарӣ ва чашмикордонии мутахассиси ҷавони соҳаи молияро ба назар гирифта, роҳбарияти вилоят ӯро ба вазифаи пурмасъул, сардори Идораи молияи вилояти Ленинобод даъват намуданд. Карамулло Одилов, ки донандаи хуби касби хеш буданд, дар рушди молияи вилоят саҳми беназир гузошта, то соли 1994 дар ин вазифа фаъолият намуданд ва дар як вақт дар марҳилаҳои ҳассосу тақдирсози мамлакат, яъне аз соли 1992 то охири соли 1993 вазифаи муовини раиси комиҷрояи вилояти Ленинобод оид ба масъалаҳои иқтисодиро низ иҷро намуданд.

Устод ҳамчун намояндаи кумитаи иҷроияи вилоят ва масъули соҳаи иқтисодиёт ҷиҳати эъзоздориву меҳмоннавозӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи будубоши вакилони Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри таърихии Арбоб аз оғоз то анҷоми Иҷлосия иштирок намудаанд, ки таассурот ва хотираҳои неки хешро пайваста дар воситаҳои ахбори омма инъикос менамоянд.

Бо назардошти малакаву маҳорати кордонӣ ва таҷрибаи дурнигарона роҳбарияти вилоят Карамулло Одиловро моҳи апрели соли 1994 ба вазифаи раиси Кумитаи иқтисодиёт ва ояндабинии вилояти Ленинобод ва оғози соли 1995 ба ҳайси муовини якуми раиси шаҳри Ӯротеппа таъин намуданд.

Ин фарди шариф ҳамчун донандаи хуби иқтисодиёту молия солҳои 1996–2004 дар филиалу бахши вилоятиву шаҳрии «Тоҷпромбонк» дар шаҳрҳои Чкалову Хуҷанд дар вазифаҳои роҳбарӣ кор карда, ниҳоят боз ба системаи молия пайвастанд ва солҳои 2005–2012 дар вазифаи сардори Раёсати молияи шаҳри Чкалов (ҳозира Бӯстон) ва солҳои 2012–2014, яъне то ба нафақа баромадан дар вазифаи сардори Раёсати молияи ноҳияи Спитамен содиқонаву софдилона хизмат намуданд.

Ин мутахассиси беҳамтои соҳаи молия дар тӯли фаъолияти меҳнатии зиёда аз 43-солаи хеш дар мақомоти гуногуни идоракунии давлатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодию бонкдорӣ хизмати бошарафона намуда, ба тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаҳои молияю бонкдорӣ ва хизмати давлатӣ эътибори махсус медоданд, ки аз ин сабаб бисёр мутахассисони ин соҳаҳо ӯро устоди худ меҳисобанд ва нисбати эшон эҳтироми хоса доранд.

Карамулло Одиловро ҳанӯз аз солҳои 2000-ум чун як чеҳраи сиёсиву мутахассиси асили соҳаи иқтисодиёту молия мешиносаму эҳтиром дорам. Ҳамкориамон бо устод аз соли 2019 ҳангоми фаъолият дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят, ки он кас муовини раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияро бар дӯш доштанд, боз ҳам наздику қавӣ гардид.

Чунин дарёфтам, ки устод воқеан аз чеҳраҳои намоёну шинохтаи вилояту кишвар буда, агар дар давраи фаъолияти хизматӣ ҳамчун мутахассиси соҳибмактаби соҳаи иқтисодиёту молия муаррифӣ гардида бошанд, имрӯз дар даврони бузургсолорӣ бо таҷрибаи беназири зиндагӣ, ҳамчун идеолог ва тарғиботчии фаъолу соҳибқаламу соҳибкитоб чеҳранамоӣ доранду соҳибэҳтироми ҷомеа гардидаанд.

Карамулло Одилов ҳамқадами замон буда, дар истифодаи технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ хеле моҳир ва балад ҳастанд. Устод бо иқдому ташаббуси шоиста дар шабакаи иҷтимоии Телеграмм таҳти унвони “Гурӯҳи дӯстони қадршинос ва шахсиятҳои ватанпараст” ва Ватсап бошад, бо номи “Аҳли илму адаб ва рӯзноманигорон” 6-7 сол инҷониб гурӯҳ боз кардаанд, ки як корпуси бузурги идеологиро мемонад ва шахсиятҳои шинохтаву соҳибтаҷрибаву соҳибмактаб, хоса элитаро дар он гирд овардаанд. Дар он гурӯҳ маводи беҳтарини тарбиявиву ахлоқӣ, масъалаҳои муҳими ҳаррӯзаи ҳаёти ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон гузоштаву муҳокимаву баррасӣ мешаванд. Роҳбар ва ташаббускори асосии гурӯҳ, ки худи устод ҳастанд, ҳар субҳ бо суханони рӯҳбаландкунандаву дилхушкунанда ба аҳли гурӯҳ салому паём фиристода, барори кор орзу мекунанд ва аз махзани беинтиҳову навҷӯиҳои хеш панду ҳикматҳое ирсол мекунанд, ки ҳама бесаброна пазмони онҳо мешаванд.

Устод баробари сиёсатмадор ва иқтисодчии соҳибтаҷриба будан, инсони комил, боғайрату мушкилнописанду меҳнатдӯст ва китобхону донишманду ҳамадон ҳастанд. Карамулло Одилов хизмат ба халқу Ватан ва миллатро рисолати инсониву қарзи шаҳрвандии хеш дониста, ҳамеша бо аҳли ҷомеаанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳизбӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо пешсафу намунаи ибрату омӯзиш мебошанд. Мехоҳанд таҷрибаи бузурги зиндагии худро барои дигарон, хоса насли ҷавон тақсим намоянд.

Мегӯянд, ки инсонро дар сафар меомӯзӣ. Дар ҳамсафарӣ бо устод дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дарёфтам, ки воқеан, он кас мактаби одамияту донишу таҷриба ҳастанд, новобаста аз бузургҷуссагиву солорӣ чаққонанду боғайрат, аз меҳнат хасташавӣ надоранд, шукргузор аз зиндагиву ҳаёт ва Ватани соҳибистиқлолу офтобиву ҳамешаҷавонанду дорои қалбу ғайрати ҷавонӣ мебошанд. Суҳбату мулоқоташон вобаста ба мардуми дар толор ҳузурдошта одиву фаҳмо, нишонрасу боҳадаф мебошад.

Дурандешии устод буд, ки он кас баъди баромадан ба нафақа кӯлвори андешаву таҷрибаи бузурги зиндагиро тавассути қалами сабзи хеш бо навиштаҳои ҷолиб, хонданиву тарбиявӣ ҳамчун узви фаъоли ҷомеа, тарғиботчиву идеологи рӯзгордида манзури аҳли ҷомеа намуданд, ки имрӯз мардум аз лаёқату истеъдоди нодири устод баҳраманданд.

Китобҳояшон таҳти унвони «Андешаҳои  иқтисодшинос», «Мақолаю очеркҳо ва панду андарзи ниёгон», «Шахсияти шинохта ва мунир», «Шаҷараи авлоди Одиловҳо», пандномаҳои гирдовардаашон бо номи «Бисту се ҳикмат ва андарзи ниёгон», «Кодекс чести финансиста», «Кодекс чести банкира», «Мудрые мысли» ва «Мудрые мысли и советы» баҳри тарбияи ахлоқию хештаншиносии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони ҷавони соҳаҳои гуногун чун дастури раҳнамо истифода мешаванд.

Ҳамкории устод бо идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” ҳамчун рӯзноманигор, ки он кас аз соли 2010-ум узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд, доимист. Навиштаҳои сабзу созандаи сиёсиву иҷтимоӣ, тарбиявию фарҳангии устод саҳифаҳои рӯзномаро пайваста зеб медиҳанду манзури муштариёну ҷомеа мегарданд.

Масъулиятшиносӣ ва хушҳавсалагии устод дар он аст, ки шакли электронии ҳар маводашонро баъди чоп талаб мекунанд ва ҳамаи онро гирд меоранд. Ба ифтихори ҷашни 95-солагии рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” ба китоби ҷашнии “Шукӯҳи сухан” чун муштариву ҳамкори ҳамешагиии нашрия маводи ҷолибу хотираҳои нек манзур намуданд, ки аҳли эҷод аз он шод гардиданд.

Дар ин лаҳзаҳои баҳори фаррухпай, ки устоди арҷманд аз 75-умин баҳори пурсаодати зиндагӣ баҳраманд гардидаву дар ҳалқаи оилаву фарзандону набераву аберагони дилбандашон давлати пирӣ доранд, аз номи худ ва аҳли эҷоди рӯзнома ин рӯзи фархундаро барояшон самимона шодбош гуфта, баҳрашон саломатии бардавом, умри дароз, қалами сабз, рӯи сурху сари баланд ва амалӣ гардидани тамоми орзуҳои неки зиндагиашонро орзумандам.

 

Аминҷон ШАРИФЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”