Дирӯз ҷаласаи Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадҷон Мамадҷонов ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони вилоят интихоб шуд. Номзадии ӯро дар ин вазифаи пурмасъули ҷамъиятӣ муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Шарифов муаррифӣ кард.

Зимни ҷаласа масъалаи омодагӣ ва баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ шуд. Ҳамзамон, иштирокдорон хотираи собиқ раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Турсунбой Раҳматовро, ки 7-уми ноябри соли гузашта вафот карда буд, бо эълони дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд. Марҳум дар давоми 8 сол ин вазифаро бар уҳда дошт.

Гуфта шуд, ки ташкилоти собиқадорони вилояти Суғд беш аз 11 ҳазор нафар собиқадоронро муттаҳид менамояд. Айни ҳол дар вилоят 2 нафар иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 41 нафар собиқадори ақибгоҳи ҷанг зиндагӣ мекунанд.

- Ҳар сол ба собиқадорони ҷанг, ақибгоҳи ҷанг, маъюбони сохти конститутсионӣ, маъюбони ҷанговарони байналмилалӣ, оилаҳои саробонашон дар ҷанг ҳалокшуда ва маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил кӯмакпулиҳо ҷудо мешавад. Соли гузашта ба 1101 нафар ба маблағи 1 миллиону 980 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шуд. Дар назар аст, ки соли ҷорӣ низ бо қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба 1046 нафар собиқадор 1 миллиону 801 ҳазор сомонӣ пардохт мегардад, - афзуд муовини раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Шавкат Алиев.

 

Файзуллохон ОБИДОВ,

"Ҳақиқати Суғд"