Дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Иттифоқҳои касаба – ҳомии меҳнаткашон, нерӯи созандаи ҷомеа” маҳфили идона баргузор гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии адабиётшинос ва рӯзноманигор Саидумрон Саидов Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абудуллоев доир ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи шаҳру навоҳии вилоят, ҳомии асосии меҳнаткашон ва шарики боэътимоди давлат будани иттифоқҳои касаба фикру андешаи худро иброз дошт.

Мавсуф қайд кард, ки пас аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Иттифоқҳои касабаи шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 24-уми октябр Рӯзи кормандони Иттифоқҳои касаба таҷлил мегардад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки соли равон Рӯзи кормандони иттифоқҳои касабаи кишвар бо 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омада, он бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Пешвои халқпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониву мулоқотҳояшон доир ба нақши иттифоқҳои касаба дар ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, ҳимояи манфиатҳои меҳнаткашон ва фароҳам овардани шароити мусоид дар коргоҳу ташкилотҳо ва шароити арзандаи зиндагӣ ва ваҳдати миллӣ таъкид менамоянд. Ш. Абдуллозода изҳор дошт, дар коргоҳе, ки ҳуқуқи корманд ба эътибор гирифта, шароити мусоиди меҳнатӣ фароҳам оварда, муносибати корфармо ва корманд дар пояи адолату ҳамдигарфаҳмӣ қарор мегирад, самараи меҳнат назаррас хоҳад шуд. Дар ин радиф Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамкории судманд қарор дорад ва ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ҳамаҷониба онро дастгирӣ менамояд. 

Муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон кулли кормандони Шӯрои иттфоқҳои касабаи вилоятро бо ин рӯзи саид табрик намуда, оид ба саҳми иттифоқҳои касаба дар таҳкими сулҳу субот, рушди муносибатҳои солими меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашон фикру андешаи хешро иброз дошт.  

Сипас филми мустанад доир ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилоят, таърихи он, дастовардҳои иттифоқҳои касабаи соҳавӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар намоиш дода шуд.

Шоири шинохта Гулноз аҳли нишастро бо ин рӯзи фархунда табрик намуда, дар бораи қадру манзалати иттифоқҳои касаба ва арҷгузорӣ ба меҳнати ҳалоли аъзоёни иттифоқи касаба сухан ронда, таъкид дошт, ки “меҳнати ҳалол на танҳо василаи таъмини рӯзгор, балки сарчашмаи обрӯву эътибор ва худшиносӣ” низ мебошад.

Дар идомаи маҳфил собиқадорон ва фаъолони соҳаҳои мухталиф қадршиносӣ гардида, дар қисмати озмуни “Корманди беҳтарини иттифоқҳои касаба” оид ба таърихи ҳаракати иттифоқҳои касаба, ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашон, бехатарии меҳнат ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дониши касбии кормандон тариқи саволу ҷавоб санҷида шуда, ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар барномаи фарҳангӣ, ки анҷомбахши ҳамоиши идона буд, ҳофизони шинохта Олим Воҳидов ва Сироҷиддин Худоймерганов бо суруду тарномаҳои хеш хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Дар маҳфили идона намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарону фаъолони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, собиқадорони меҳнат ва аҳли фарҳангу ҳунар ширкат варзиданд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”