Чанде пеш ҳайати Корвони журналистони Суғд таҳти унвони "Суғд дар 35 - соли Истиқлолият" ба шаҳри бостонии Панҷакент сафар анҷом дод. Нахуст намояндагони ВАО аз мавзеъҳои таърихиву муқаддас ва сайёҳии шаҳр дидан карданд. Ростӣ, зиёрати Оромгоҳи қофиласолори назм устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, тамошои осорхонаи устод Лоиқ Шералӣ ба аҳли сафар эҳсоси наҷиб ва фароғати маънавӣ бахшид. Аз суҳбат бо ходимони мавзеъҳои болозикр маълумоти наву ҷолиб дар бораи ин бузургони шеъри тоҷику форс пайдо кардем. Масалан, огоҳӣ ёфтем, ки таърихи соли 1956 бори аввал қабри устод Рӯдакиро бостоншиноси маъруфи рус Михаил Герасимов дар асоси косахонаи сар маълум карда буд. Ё дар хона-музейи устод Лоиқ Шералӣ ба дунёи шеъри шоир, ки саросар аз тасвирҳои ҳунармандона, ки симои модар, хонаи тоҷикӣ ва деҳаро ба таври барҷаста инъикос мекунад, дубора ворид шудем.
Арҷгузорӣ ба чеҳраҳои шинохтаи аҳли илму адаб
Дар идома аз муассисаи таълимие, ки ба номи журналисти шинохта, яке аз нахустин шаҳидони роҳи барқарор намудани сохти конститутсионии Тоҷикистон, сармуҳаррири вақти нашрияи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализода гузошта шудааст, дидан карда, зери пояи муҷассамаи ин хомакаши номвар гулчанбар гузоштанд.
Ҳамзамон, ҳайат ба зиёрати мақбараи марҳум ва Хона-музейи Муродуллоҳ Шерализода, ки дар зодгоҳаш бунёд гардидааст, рафтанд. Қаламкашони соҳибтаҷриба сифоти неки ҳамкасби равоншодашонро ба ёд оварда, барои гиромидошти рӯҳи марҳум дуои фотиҳа хонданд.
Боз ба деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент раҳсипор шудем. Он ҷо таърихи моҳи октябри соли 2025 бо саҳми соҳибкорон Мамнунхон ва Муаззамхон Ансориҳо Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунаромӯзии Ансорӣ мавриди истифода қарор ёфта буд. Дар ошёнаи якум маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дӯзандагӣ барои бонувони маҳаллӣ фаъолият мекунад. Дар ошёнаи дуюм китобхона бо адабиёти гуногун мавҷуд аст. Дар ошёнаи сеюм меҳмонхона бо 14 ҷойи хоб барои қабули сайёҳон амал мекунад.
Дар шафати рости Маҷмаа, ки хонаи қадима мавҷуд аст, осорхонаи шоири маъруф Файзулло Ансорӣ ҷойгир мебошад. Дар осорхона дастхатҳо, асарҳо, аксҳо ва ашёи марбут ба ҳаёти адиб маҳфузанд.
- Маҷмаа бо ҳадафи рушди сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва фароҳамсозии шароити муносиб барои меҳмонон таъсис ёфтааст. Аз махзани осорхонаи бобои мо - шоири маъруф Файзулло Ансорӣ аҳли деҳа, меҳмонони дохиливу хориҷӣ баҳравар шуда, бо асарҳои назмиву драмавии эшон шинос мешаванд, - гуфтанд кормандони маҷмаа.
Ҳамчунин, намояндагони ВАО аз Мақбараи Муҳаммади Башоро, Муассисаи таълимии 52-юми Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ки ба ифтихори номи шоири тавоно Мастон Шералӣ гузошта шудааст, дидан кардем. Дар ин дабистон хона-музейи шоир фаъол аст. Дар саҳни ҳавлии он муҷассамаи шоир низ гузошта шудааст, ки ҳозирин ҳангоми гулгузорӣ дар пояи муҷассама як шоҳбайти Мастон Шералиро қироат карданд:
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.
Таваҷҷуҳи рӯзафзун ба бунёди мактабу кӯдакистон
Тавре зимни суҳбати рӯ ба рӯ бо рӯзноманигорон Мақсатилло Усмонзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент гуфт, дар тамоми деҳоти Панҷакенти бостонӣ бунёди муассисаву кӯдакистонҳои наву замонавӣ вусъат пайдо кардааст. Бо ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави кӯдакистонҳо сатҳи таълиму тарбияи наврасон ва фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсил марҳала ба марҳала афзоиш меёбад.
- Ҳоло дар шаҳр 141 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Панҷакент сохтмони 22 иншооти соҳаи маориф ба назар гирифта шуд, дар назди 14 муассисаи таълимӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, инчунин дар назди 10 муассисаи таълимӣ сохтмони толорҳои варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ сохта шуда истодааст. Дар арафаи Рӯзи дониш 8 муассисаи таълимиро кушода, ба истифода додем. Хушбахтона, имсол 85 фисади шогирдони мо тариқи ММТ ба макотиби олии кишвар дохил шуда, соҳиби унвони донишҷӯӣ шуданд, - иброз дошт Мақсаттилло Усмонзода.
Нишондиҳандаҳои рушди соҳаи саноат
Шаҳри Панҷакент дар ҳудуди вилояти Суғд бо бакорандозии корхонаҳои бузурги саноатӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи калон мегузорад. Ҳайати сафари корвони журналистони вилоят аз якчанд коргоҳҳои шаҳри Панҷакент, алалхусус, аз ҶДММ КМ “Зарафшон”, ҶДММ, “Салмон Бинокор” ва сехҳои қаннодию дӯзандагии шаҳр, ки барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат муосидат мекунад, дидан кардем. Ҳар коргоҳи саноатӣ дар баробари пеш бурдани фаъолияти истеҳсолӣ боз барои амалҳои неку хайр ҳиссаи арзанда мегузорад.
- Масалан, ҶДММ КМ “Зарафшон” барои хайрияҳои иҷтимоӣ беш 3 254 100 доллари ИМА ҷудо кард, ки барои сохтмони синфхонаҳои нав ва инфрасохтори ҷамъиятӣ, ҳамчунин тавассути ташаббуси «Кор ва соҳибкорӣ дар наздикии хона» лоиҳаҳои мақсаднок дастгирӣ меёбанд, - гуфт масъули ин корхонаи металлургӣ.
Ҷорӣ кардани усулҳои агротехникии нав дар соҳаи кишоварзӣ
Бунёди гармхонаи гидропоникии "Моғиён-АГРО" дар шаҳри Панҷакент аз таҷрибаҳои камтаринест, ки самарабахш будани тарзи кори онро хоҷагидорон собит мекунанд. Онҳо дар даруни гармхонаи навсохт, ки дар он кӯчатҳои сабзу серҳосили помидору бодиринг, қаламфури булғорию қулфинай авҷу нумӯъ дошт, ба рӯзноманигорон махсусияти чунин гармхонаро шарҳ додданд.
Гармхонаи «Моғиён-АГРО» бо усули гидропоникӣ аз соли 2023 боз ба парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ машғул аст. Ҷолиб ин аст, ки дар ин навъи гармхона растаниҳо бе хок парвариш меёбад. Решаи кӯчатҳо моддаҳои минералии зарурӣ ва обро аз маҳлули махсуси ғизоӣ ба худ мегирад. Ба ҷойи хок субстратҳои инертӣ (керамзит, кокос, пашми минералӣ) истифода мешавад, ки барои нигоҳ доштани растанӣ хизмат мекунад. Ҳоло гармхонаи мазкур барои 15 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам овардааст.
Насби панҷараи барқӣ дар майдони кишт таҷрибаи техникии нав барои хоҷагии деҳқонии "Сомониён" - и Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аст. Бале, хоҷагидорон дар майдони 2,5 гектар, ки помидору қаламфури булғорӣ бо усули обёрии қатрагӣ парвариш мешавад, панҷараи барқӣ насб карданд.
- Ба панҷара ё симхор нерӯи барқ аз панелҳои офтобӣ таъмин мешавад. Вақте инсон ё ҳайвон тасодуфан ба сим даст мерасонад, задани зарбаи барқиро ҳис мекунад, - афзуд Шавкатулло Музаффаров корманди хоҷагии деҳқонии “Сомониён”.
Бунёди беморхонаҳои замонавӣ дар маҳал
Ҳайати Корвони журналистони Суғдро, ки таҳти унвони "Суғд дар 35 - соли Истиқлолият" ба шаҳри бостонии Панҷакент рафта буданд, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар назди бинои навбунёди Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ пешвоз гирифт.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо ҳамдастии мардуми худшиносу ватандӯст дар ободонии шаҳр ҳисса гузошта истодаанд. Албатта, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ заҳмат кашидани мову Шумо натиҷаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мебошад. Дуруст аст, ки ободу зебо сохтани ҳар гӯшаи диёр вазифаи ҷонии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, - гуфт раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни истиқболи меҳмонон. Дар идома бо роҳнамоии раиси шаҳр аҳли қалам бо шарту шароите, ки дар беморхонаи минтақавии болозикр фароҳам оварда шудаст, шинос шуданд.
Ба гуфтаи сартабиби беморхона Улуғбек Шодибеков, муассисаи нав дорои 120 кати табобатӣ буда, дар он 160 корманд, аз ҷумла 12 духтури дорои ихтисосҳои гуногун фаъолият мекунад.
- Бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва шаҳр таҷҳизоти зарурии муосири тиббӣ дастрас карда шуд. Имрӯз сокинон метавонанд барои ташхису табобати бемориҳои дарунӣ, ҷарроҳӣ, бемориҳои занона ва дигар намудҳои бемориҳо ба ҳамин ҷо муроҷиат кунанд», - гуфт ӯ.
Қаблан муассисаи тиббӣ танҳо 90 кат дошту шароити он ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ набуд. Шуъбаи ҷарроҳиву бемориҳои асаб низ вуҷуд надошт. Дар беморхона ҳоло шуъбаҳои бемориҳои дарунӣ, терапевтӣ, бемориҳои занона, сироятӣ ва асаб ҷарроҳӣ фаъолият дорад.
Пештар беморхона фарсуда буд ва шароити замонавии табобату ташхис вуҷуд надошт. Ҳоло шумораи катҳо аз 90 ба 120 расида, шуъбаи ҷарроҳӣ бо 20 кат ва шуъбаи бемориҳои асаб бо 10 кат фаъол гардид. Тавре масъулони соҳа гуфтанд, беморхонаи мазкур ба беш аз 60 ҳазор нафар хизматрасонии тиббӣ мерасонад. Ба он на танҳо сокинони ҷамоатҳои наздик, балки шаҳрвандони деҳоти дурдаст ва, ҳатто, баъзе сокинони ноҳияи Айнӣ барои гирифтани хизматрасонии тиббӣ муроҷиат мекунанд.
- Яке аз бартариҳои муассисаи нав барои сокинон дастрасии ташхису табобати бемориҳои занона мебошад. Пештар барои гирифтани чунин хизматрасонӣ ва ташхиси махсус сокинони минтақаҳои дурдаст ба маркази шаҳр мерафтанд. Акнун сокинон барои гирифтани табобат ва ташхиси бемориҳои занона роҳи дарозро убур намекунанд. Чун хизматрасонии заруриву саривақтиро дар ҳамин беморхона дастрас аст, - таъкид кард сартабиб.
Дар маҷмуъ, сафари корвони журналистон ба шаҳри Панҷакент бори дигар нишон дод, ки ин шаҳри бостонӣ барои сазовор ҷашн гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ рӯ ба созандагиву бунёдкорӣ ниҳода, симои ҳар деҳоту шаҳракҳоро рӯз аз рӯз беҳтару хубтар карда истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар партави сиёсати созанда ва саҳми фаъоли сокинону соҳибкорон, роҳи рушди устувор, беҳтарсозии шароити зиндагӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоиро пайгирона идома медиҳад.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”





