Хайру эҳсон ва шод намудани қалби ашхоси ниёзманд аз фазилатҳои беҳтарини инсонӣ ба шумор рафта, хирадмандону донишмандон дар ин бора зиёд гуфтаанд. Носири Хусрави Қабодиёнӣ, ки аз шоирони бузурги форсу тоҷик маҳсуб меёбад, дар китоби “Саодатнома”-и хеш доир ба аҳамият ва фавоиди хайру саховат сухан гуфта, онро аз беҳтарин хислатҳои ҷавонмардӣ меҳисобад.

Ба бахши кулл, то дастат шавад пур,

Макун бо кас ба симу зар тафохур.

Бидеҳ, чун дод неъмат Кирдугорат,

Ки надҳад баҳри ту меросхорат.

Ин мисраъҳои пандомезу насиҳатгарона, ки метавонад файзу баракати чандин хонаводаҳоро зиёд гардонад, қобили ситоиш аст. Дар ҳақиқат, хайру сахо баракати зиндагии моро афзун мегардонаду моро ба зиндагии дурахшон ҳидоят менамояд.

Дар нуқтаи “Хайру эҳсон” мардум зиёд буданд. Яке сару либос меоварду дигаре асбоби рӯзгор. Нафароне низ буданд, ки аробачаҳои маъюбӣ ва таҷҳизоти роҳгардиро низ оварда, ба марказ мусупориданд, то корафтодае аз он баҳравар шавад. Рӯз то рӯз фаъолияти ин нуқтаи хайриявӣ пурсамар мегардид. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати маҳаллаи “Ваҳдат”, Нӯъмон Ҳасанов, ки ҳамчун таъсисдиҳандаи ин нуқтаи хайриявӣ шинохта шудааст, иброз медорад, ки алҳол дар ихтиёри марказ 10 аробачаи маъюбӣ, 4 таҷҳизоти роҳгардӣ, ҳамчунин сару либос ва дигар лавозимоти рӯзгор мавҷуд буда, рӯз аз рӯз теъдоди саховатмандоне, ки ба марказ хайрия меоваранд, меафзояд.   

Бале, Маркази эҳсонкории маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд ҳанӯз аз соли 2016 инҷониб дари хешро барои мардум кушодааст. Он бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла оилаҳои ниёзманду камбизоат, маъюбон, нафақахӯрони яккаву танҳо ва шахсони бешуғл таъсис ёфта, вазифааш аз шахсони саховатпеша ихтиёран қабул намудани сару либос ва пойафзолҳои мардона, занона, бачагона, лавозимоти рӯзгор, ҷузвдон, радиову телевизор, мизу курсӣ, кати хобу ҷевони либос ва ба ниёзмандон дастрас намудани онҳо мебошад.

- Дар ҳафт моҳи соли 2025 агар 1620 нафар мардуми саховатпешаи шаҳр ба марказ хайрия оварда бошанд, 1881 нафар эҳтиёҷманд барои худ ва аъзои оилаашон сару либос гирифтанд. Аз он сабаб, ки хайрияҳо хеле зиёд ба марказ оварда шудаанд, мо тасмим гирифтем, ки онро ба ноҳияҳои дурдаст, мисли Кӯҳистони Масчоҳ, Панҷакент, Ашт, ҳамчунин нуқтаи аҳолинишини ноҳияи Мастчоҳ барем. Дар натиҷа, то кунун 30 687 нафар эҳтиёҷманд бо сару либос ва пойафзол таъмин гаштанд ва аз саховатмандон бениҳоят миннатдоранд.

Бояд зикр дошт, ки тобистони ҳамин сол дар як мошини калонҳаҷми тамғаи КАМАЗ ба деҳаҳои шаҳри Роғун низ ба миқдори 8500 сару либос фиристода шуд. Ташкили мошини боркашон, банду басти сару либосро ҳамроҳи волонтёр Қурбонмуҳаммад Амонов ба иҷро расонида, умед бар он мебандем, ки  маҳз дасти сахои мардум дастгири ниёзманде мешавад. Агар соли 2016 шумораи саховатмандон ба  571 нафар ва теъдоди гирандагону истифодабарандагони хайрия ба  2409 нафар расида бошад, дар соли 2025 2741 нафар мардуми саховатпешаи шаҳр ба марказ хайрия овардаанд, ки аз он  54 585 ҳазор ниёзманд барои худ ва аҳли оилаашон сару либос гирифтанд. Аз ин маълум мегардад, ки миқдори саховатмандон давоми аз рӯзҳои аввали таъсис 5 маротиба ва миқдори эҳтиёҷмандон 22 маротиба рӯ ба афзоиш овардааст- гуфт Нӯъмон Ҳасанов.

Абдусалом Аҳмедов нафарест, ки  ба муҳлати як моҳ аробачаи маъюбиро барои “иҷораи ройгон” аз маркази хайру эҳсон ба даст овард. Аробачаи маъюбӣ барояш барои ба ҷо овардани рукни панҷуми мусалмонӣ - сафари ҳаҷ буд, лозим омад.  Дар муҳлати муайян онро ба марказ оварда супурд. Манзура Бойхонова – истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд ҳанӯз ду сол қабл барои шавҳари маъюбаш таҷҳизоти роҳгардиро  гирифта буд. Тавассути он падари фарзандонаш кам - кам роҳ мегардаду аз мардуми саховатпеша басо миннатдор аст.  Шабнам Собирова барои духтараш Ёсуман аробачаи маъюбиро аз нуқтаи хайру эҳсон ба даст овард. Тавассути он духтарак ба тамошои гирду атроф баромада, то андозае худро хушбахт эҳсос намуд ва шукри даврони соҳибистиқлолӣ кард, ки барояш имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст.

Теъдоди нафароне, ки тавассути маркази хайру сахо бо сару либос, пойафзол ва дигар асбобҳои рӯзгор таъмин гаштаанду зиндагиашонро то андозае рангин намудаанд, бешумор аст. Ҳар як истифодабаранда аз тамоми шаҳрвандон, бахусус нафарони саховатпеша миннатдор буда, кӯшиш менамоянд, ки саҳми худро дар ободии ватан гузоранд.

Боиси хурсандиву шодмонист, ки Маркази хайру эҳсони маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар назди Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати  шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад, як иқдоми дигареро пеш гирифтааст, ки шоистаи дастгириву таҳсин аст. Ғайратҷон Темуров ятими кулл аст. Ҷавони 25-сола зери тарбияи бобои меҳрубонаш ба камол расида бошад ҳам, аз ӯ ҷудо шудан барояш гарон афтод. Имрӯз Темурҷон барои баровардани эҳтиёҷоти зиндагиаш ҳамчун ёрдамчии кафшергар шуда кор мекунад. Аз зиндагӣ ризоманд аст ва барои нафароне, ки дасти ёрӣ дароз мекунанд, сипос мегӯяд.

Алҳол Маркази хайру эҳсони маҳаллаи “Ваҳдат” ният доранд, ки тӯйи хонадоршавии Темурҷонро гузаронанд. Барои ин занҳои маҳалла ба хостгорӣ ҳам рафтаанду розигии аҳли оилаи духтари оқилу солеҳаеро гирифтаанд. Сару либос ва ҷиҳози арӯсию домодӣ низ бо кӯмаки саховатмандон омода асту ташкилоти хайриявии “Ормон” гузаронидани базми хонадоршавии ҷавононро дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр ба нақша гирифтааст. Иқдоми неки Маркази хайру эҳсонро мо низ дар ин рӯзҳои пурфайзи айёми моҳи шарифи Рамазон ва фарорасии баҳори нозанин боиси дастгириву сипос медонем.    

 

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”