Оид ба фаъолияти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд давоми нимсолаи якуми соли 2026 сардори раёсат Ғайрат Оқилзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони васоити ахбори омма гузориш дод. Зикр гардид, ки мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” давоми соли 2026-ум дар ҳудуди вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 20602 нафар шаҳрванди корҷӯй ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷониби мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 12080 шаҳрванд барои бо ҷои корӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 58,6 фоизи нақшаи Барнома аст.
Ҳамасола бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандкардашуда, яъне квота муқаррар мегардад, ки имсол 2332 ҷойро ташкил медиҳад. То ин муддат 1316 шаҳрванд бо ҷойи корӣ тариқи квота бо кор таъмин гардиданд, ки 56,4 фоизи нақшаи барномавиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳҳои январ-июни соли 2026 бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта 180 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Тавассути ин ярмаркаҳо 1714 нафар корҷӯ ва бекорон бо ҷойҳои корӣ таъмин гашта, 1442 нафар ба касбомӯзонӣ ва 322 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ҷамъи шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 3478 нафарро ташкил дод.
Тибқи қоидаҳои расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро доранд, ба 236 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 1 миллону 106,3 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт шудааст.
Самти дигари фаъолияти мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин таъину пардохти кӯмакпулӣ ба шаҳрвандони бекор мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба 3112 нафар шаҳрванд ба маблағи 3 миллиону 264,5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуд. Ҳисоби миёнаи кӯмакпулиҳои пардохтгардида дар вилоят 1049 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ба 2883 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатшуда 2 миллиону 948,1 ҳазор сомонӣ ва ба 229 нафар шахсони аз маҳбас озодшуда 316,4 ҳазор сомонӣ маблағ кӯмакпулӣ пардохт шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 982 шаҳрванди бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Шаҳрвандони бекор тавассути ташкили корҳои ҷамъиятӣ ба корҳои ободонию кабудизоркунии ҳудуд, корҳои обёрию ирригатсионӣ, хизматрасонӣ ва нигоҳубини пиронсолону маъюбон, ба тартиб овардани ёдгориҳо, масҷиду ҷойҳои муқаддас ва дигар намуди корҳо сафарбар гардиданд.
Боиси зикр аст, ки касбомӯзонии шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо воситаи филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” ба роҳ монда шуд.
- Имрӯз дар вилоят як корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд”, 13 филиали Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе” дар деҳаи Маҳрами шаҳри Конибодом ва филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази касбомӯзию соҳибкории шаҳри Душанбе” дар шаҳри Гулистон фаъолият доранд. Муҳлати омӯхтани касбҳо аз 1 то 3 моҳ буда, муассисаҳои таълимии мазкур аз рӯи зиёда аз 40 намуди ихтисосҳо касб омӯзонида метавонанд, - гуфт сардори раёсат.
Дар фарҷом намояндагони васоити ахбори омма ба масъулин саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





