Барои донишҷӯёне, ки бо мақсади таҳсил аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд меоянд, пайдо кардани ҷойи зист яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар ин миён бархе хобгоҳро бо сабаби арзон будани ҳаққи истиқомат интихоб мекунанд, гурӯҳи дигар бошад, бо назардошти шароити зист ва имкони мустақилона ба роҳ мондани рӯзгор дар манзили иҷора зиндагӣ карданро афзал медонанд. Аммо кадоме аз ин аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқтар аст ва барои донишҷӯён чӣ бартарию маҳдудиятҳо дорад?
Умедҷон донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки манзили иҷораро барои зиндагӣ интихоб кардааст. Ба гуфтаи ӯ иҷораи хонаи якҳуҷрагӣ дар шаҳри Хуҷанд барои чор нафар дар як моҳ 1000 сомонӣ арзиш дорад. Ҳиссаи ҳар донишҷӯ аз маблағи иҷора 250 сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, хароҷоти барқ, об ва партов дар маҷмӯъ 200 сомонӣ буда, ба ҳар нафар 50 сомонӣ рост меояд. Дар натиҷа, ҳар як донишҷӯ танҳо барои иҷораи манзил ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ тақрибан 300 сомонӣ сарф мекунад. Манзили истиқоматии онҳо дорои шароити миёнаи зист мебошад. Бо вуҷуди ин, хароҷоти донишҷӯён танҳо бо пардохти иҷора маҳдуд намешавад.
-Барои хариди маҳсулоти хӯрокворӣ қариб 600 сомонӣ сарф мекунам. Дар маҷмӯъ, хароҷоти якмоҳаи ман тақрибан 1200-1300 сомониро ташкил медиҳад,-мегӯяд Умедҷон.
Зиндагӣ дар манзили иҷора ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки вақти худро мустақилона ба нақша гиранд, реҷаи рӯзмарраро мувофиқи дарс ва дигар машғулиятҳо ташкил кунанд.
Ҳамсабақи Умедҷон-Муҳаммадҷон хобгоҳи донишгоҳро интихоб кардааст. Ба гуфтаи ӯ хобгоҳ аз панҷ ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои як, ду, чор ва шашнафара мавҷуданд. Дар ҳар ошёна ошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона ҷойгир буда, донишҷӯён метавонанд аз ин шароит истифода баранд. Ҳаққи истиқомат дар хобгоҳ барои як сол 1000 сомонӣ пешбинӣ шуда, донишҷӯён ин маблағро дар ду марҳила-моҳҳои сентябр ва январ ба суратҳисоби донишгоҳ мегузаронанд. Яъне, маблағи истиқомат дар хобгоҳ ба ҳисоби миёна 100 сомонӣ дар як моҳ мебошад. Ин нисбат ба 300 сомоние, ки Умедҷон барои иҷора ва хизматрасониҳои коммуналӣ пардохт мекунад, хеле кам аст.
Муҳаммадҷон, ки ба сабаби серкорӣ барои омода кардани хӯрок вақти кофӣ надорад, бештар аз хизматрасонии ошхонаҳо истифода мебарад. Ӯ хароҷоти моҳонаи худро барои хӯрок ва дигар ниёзҳои рӯзмарра тақрибан 1000 сомонӣ ҳисоб мекунад.
Арзон будани ҳаққи истиқомат дар хобгоҳ маънои онро надорад, ки тамоми хароҷоти донишҷӯ низ кам хоҳад шуд. Барои муайян кардани маблағи воқеии зиндагӣ бояд хароҷоти хӯрок, нақлиёт, маводи таълимӣ ва дигар ниёзҳои рӯзмарра низ ба назар гирифта шаванд.
Фарқи байни хобгоҳ ва манзили иҷора танҳо ба маблағи пардохт вобаста нест. Тартиби зиндагӣ, имкони истифодаи вақти холӣ ва дараҷаи мустақилият низ нақши муҳим дорад. Дар хобгоҳ донишҷӯён бояд қоидаҳои дохилии муассисаро риоя намоянд. Аз ҷумла, тибқи ҷадвали муқарраргардида, вақти озоди донишҷӯён аз соати 8:00 то 20:00 пешбинӣ шудааст. Чунин тартиб метавонад барои донишҷӯёне, ки реҷаи тағйирёбандаи рӯзмарра доранд, маҳдудият эҷод кунад.
Дар манзили иҷора бошад, донишҷӯён имкони бештари мустақилона ба нақша гирифтани вақти худро доранд. Вале дар ин ҳолат онҳо бояд хароҷоти манзилро сари вақт пардохт намуда, масъалаҳои рӯзгорро низ мустақилона ҳал кунанд. Аз ин рӯ, интихоби ҷойи зист бояд натанҳо бар асоси нарх, балки бо назардошти шароити таҳсил, реҷаи рӯзмарра, имкониятҳои молиявии донишҷӯ сурат гирад.
Муқоисаи таҷрибаи ду донишҷӯ нишон медиҳад, ки хобгоҳ аз ҷиҳати пардохти ҷойи зист бартарии назарраси иқтисодӣ дорад. Аммо хароҷоти умумии зиндагӣ ба омилҳои гуногун вобаста аст. Бинобар ин, ҳангоми интихоби ҷойи зист донишҷӯён бояд тамоми хароҷоти пешбинишавандаи худро ҳисоб карда, имконоти молиявии оила ва шароити зарурӣ барои таҳсилро ба назар гиранд. Хобгоҳ барои донишҷӯёне, ки мехоҳанд маблағи худро сарфа кунанд, метавонад интихоби муносиб бошад. Манзили иҷора бошад, барои онҳое мувофиқ аст, ки ба мустақилияти бештар аҳамият медиҳанд.
Муҳим он аст, ки ҳар як донишҷӯ бо назардошти имкониятҳои худ қарор қабул намояд. Зеро шароити муносиб ва идоракунии оқилонаи хароҷот натанҳо ба беҳтар шудани рӯзгор, балки ба фароҳам омадани имкониятҳои муфид барои таҳсил низ мусоидат мекунад.
Муродҷон ШАРИФЗОДА,
таҷрибаомӯзи “Ҳақиқати Суғд”





