Бо ҳукми сарнавишти нек камина баҳори соли 1972 ба остонаи қудсии идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” қадам ниҳодам, ки чунин бахти волоро ҳатто орзу карда наметавонистам. Гумон доштам, ки даргоҳи мазкур кибриёӣ ва бошандагонаш аз тоифаи фариштагонанд ва барои чун мо – одамони хокӣ - мутлақо дастнорас...

Рисолате, ки бароям шоиста донистанд, бевосита аз ҷониби котибот ва бавижа котиби масъул, роҳандозӣ мешуд. Бино бар ин, бо кормандони ин сохтори калидӣ бинои ошноӣ сохтан рост омад. Ана, дар ҳамин ҷо бори нахуст шарафи суҳбатро бо котиби масъули рӯзнома Қурбоналӣ Ӯрмонов дарёфтам ва иқрор мешавам, ки аз муоширати оғозин камина побанду гирифтори пурдониву хушгуфторӣ ва навпардозиҳои беназири устод гардидам.

Ба хотири чӣ буданашро намедонам, ки бо Қурбоналӣ-ако (банда аз ибтидо ба эшон чунин муносибат мекардам) ситораамон ба якдигар рост омаду дере нагузашта ба ҳам сахт унс гирифтем. Ба назарам чунин мерасид, ки ҳар соати суҳбат бо устод (воқеан, аз рӯйи инсофу адолат намешавад, ки дидорро бо Қурбоналӣ-ако ба масобаи “суҳбат”, “гуфтугӯ” ё “муошират” арзёбӣ намоям, зеро, мутлақо дар ҳама фурсатҳо гӯянда танҳо ҳазрати устод буданду инҷониб – шунаванда!) барои мани навкору навқалам дари хазинаҳои нав ба нави илму дониш боз мешуд. Ҳангоме ки Қурбоналӣ-ако навиштаҳои тозаашонро барои хонданам медодагӣ шуданд, ҳисси эҳтирому ихлоси камина нисбаташон даҳчандон мегардид. Дар навбати якум, мани парвардаи иншоҳои устодони беадили насри худамон – Домулло Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва дигар ҳамрадони эшонро сабки дигаргуна ва фалсафаи пурҷозибаи Қурбоналӣ-ако мафтун мекард; бо вуҷуди ғӯрию камтаҷрибагӣ эҳсос мекардам, ки устоди мо ба боғистони адабиёт пайроҳаи тозае кушодаанд.

Диди ғайриодӣ ва тасвирпардозиҳои ғайриинтизори Қурбоналӣ-ако маро ба ҳайрат меоварданд. То ҳанӯз, яъне, бо мурури беш аз ним сада, ҷумлаи нахустини як ҳикояи устод аз лавҳи хотирам зудуда нашудааст: “Каллак табарро газид”. Он вақт назди Қурбоналӣ-ако ин ҷумларо бо овози баланд чандин бор такрор карда, аз таҳи дил иқрор шудам, ки тасвирашон, бо вуҷуди ихчамӣ, беҳад зебо, асил ва пурбор афтодааст, устод кӯдаквор шодӣ карда, гаштаю баргашта мепурсиданд, мабодо ки рӯбиниву иғроқ мекарда бошам. Чун бовар карданд, ки муқир омаданам самимона аст, гӯё сарашон ба осмони ҳафтум расид. Шояд ба ҳамин сабаб буд, ки тамоми ҳикояҳо ва таҳрирҳои ду-себораи повести “Пораи дили ман”-ашонро ба хотири хондану мулоҳизаҳоямро гуфтан медоданд. Аҷиб ки, бо ҳама бузургӣ ниҳодашон аз мағрурӣ ва такаббур комилан орӣ буд ва баъзе маслиҳатҳои ман барин резахӯрони хони адабро бо камоли мамнуният мепазируфтанд...

*  *  *

Аз тақозои неки сарнавишт будааст, ки манзилҳои мову устод нисбатан наздик, дақиқан дар қисмати ғарбии Хуҷандшаҳр – азони Қурбоналӣ-ако дар деҳаи Сойча ва ҳавлии камина дар маҳаллаи Салоҳхона воқеъ буд. Раво-раво бароямон одат шуд, ки баъди аз кор фориғ гардидан аз идораи рӯзнома баромада, суҳбаткунон (дигарбора гӯшрас месозам, ки ба ном “суҳбат”-амон бештар хислати “монолог”-и устодро дошт) тақрибан панҷ километр пиёда то баромадгоҳи шаҳр мерафтем. Албатта, онҳое, ки аз хислатҳои хосаи Қурбоналӣ-ако огаҳӣ доштанд, нағз медонистанд, ки “ҷур”-гӯяки ин гуна хоҳиши эшон чӣ оҳанрабое буд: бо вуҷуди илтиҷоҳои пайвастаи камина, раҳораҳ ногузир ду-се мағозаи озуқаворро ҳатман “зиёрат” карда, дастовези заруриро мегирифтем ва ба қудрати устод қоил мешудам, ки табъашон ҳар андоза болидатар гардад, теғи забонашон ҳамон қадар бурротар ва парвози мурғи андешаашон баландтару пурвусъаттар шудан мегирифт; ҳалолашон бод ки, афзоиши бодаи дилҷӯ на ба рафторашон халал ворид мекарду на ба гуфторашон! Бардошти ман ҳамин буд, ки аз бодаи дигар, яъне, суханони пурмуҳтавои муршиди доно сархуш мешудам. Аз чунин бодаи беназири маънавӣ наздик ду сол баҳрамандӣ насибам гардид...

*  *  *

Аз беҳтарин асари нависанда – повести “Пораи дили ман” ёдовар шудам. Қурбоналӣ-ако борҳо ба ман мегуфтанд, ки иншои онро ҳини фаъолияташон дар ноҳияи Зафаробод оғоз карда будаанд. Одаташон чунин буд, ки дар ҳуҷрачаи кунҷакии котибот ҳамеша машғули эҷоду таҳрир шуда, аҳёнан ба корҳои ду нафар ҷонишинҳояшон – Абдумалик Қайюмову Исроилҷон Исмоилов ва барандаи шумора – Маҳмудҷон Ҳусейнов (равони азизи ҳар се шод бод!) дахолат мекарданд. Ба ҳиммату бузургии сармуҳаррири онвақта Усмонҷон Тоҷибоев (Худованд раҳматашон карда бошад!) борҳо тан додаам, ки нависандаро ба ҳоли худ мегузоштанд ва ҳамаи муаммоҳои банду басти саҳифаҳоро ба ҷойи котиби масъул худашон ҳаллу фасл мекарданд. Сармуҳаррир баъзан дар ғоиб забони шиква кушоянд ҳам, ба худи Қурбоналӣ-ако асло сахт намерасиданд ва таъна намезаданд, ки котиби масъул пайваста ба ҷойи кашидани бори гарони котибот оғӯштаи эҷоди хештан аст. Банда имрӯз дар ҳаққи Усмонҷон Тоҷибоев дуои хайр карда, ба хулосае мерасам, ки эшон, бешубҳа, тибқи ҳикмати “Қадри зар заргар бидонад, -Қадри гавҳар, гавҳарӣ!” рафтор мекардаанд.

Қиссаи шӯрангези худро Қурбоналӣ-ако дар ҳамон ҳуҷрачаи кунҷакиашон аз таҳрири охирин бароварданд. Боре ба наздашон даромада, рӯйи мизу фаршро пур аз варақҳои чопӣ дидам. Устод ба курсӣ нишаста, сигор дар даст рӯйболо аз шифт чашм наканда менишастанд. Аз бисёрии варақҳо илоҷи қадамгузорӣ набуд. Ночор пурсидам:

-Қурбоналӣ-ако, инҳо чӣ?

-Пораи дили ман,- бидуни он ки сӯям назар андозанд, бепарвоёна посух доданд устод.

-О, чаро ин пораҳои дил зери по?!- муносиби оҳанги ҷавобашон пурсон шудам.

-Аз сари дилбар “уй-уй” кардам!- гӯён устод қоҳ-қоҳзанон хандиданд ва дукаса “Пораи дили ман”-ро ғундошта, даста кардем.

Бешак, кӣ будани “дилбар”-ро ҳолдонҳо медонистанд...

*  *  *

Инҷониб хештанро хуштолеъ меҳисобам, чунки бо инояти бениҳояти Парвардигор дар бинои умр ҳидоятгарони беҳтарин маро раҳнамунӣ мекарданд. Аз ҷумла ягон сол дар шуъбаи саноат боз дар дасти Қурбоналӣ-ако пас аз котиби масъулиро тарк карданашон фаъолият кардам: устод мудири шуъба буданду банда – мухбири навкор.

Бори якум бо маслиҳатҳои тӯлонии мудир ба сафари корӣ ба шаҳри Қайроққум рафта, худи ҳамон шаб аз фаъолияти корхонае мақола навиштам. Иншоро  чоп кунонида, ғарқи тарсу ҳаяҷон ба дасти мудир супурдам. Қурбоналӣ-ако хомӯшона ба варақҳо чашм дӯхта, ҳамоно хома ба даст гирифтанд. Медидам, ки дастонашон беист дар ҳаракат аст. Диламро гургон тала мекарданд. Устод болои сеюним варақ зиёда аз як соат хомаронӣ намуданд ва оқибат “Офарин, офарин!”-гӯён паҳлӯям омада нишастанд ва “мақола”-ро пешам ниҳоданд. Ҳоло ҳам фаромӯш намесозам, ки аҳволи иншоро дида, аз сиёҳии беандозаи он чашмонам сиёҳӣ зада рафт: на ба ягон ҷумла нигоҳ карда мешуду на ба ягон ибора! Худро аз хонандаи синфи якум ҳам камтар эҳсос мекардам ва гумон мекардам, ки аз шарму ҳаё мағз- мағзи вуҷудам оташ мегирад.

-Чизи нағз навиштаед,-гуфтани устодро ба болои сӯхта намакоб пиндоштам ва дигар тоқат карда натавониста:

-Мурад, ки нағз ҳамин хел мешуда бошад!- гуфтам бо дарду алам.

-Ана, ҳамин сӯзишу алам нишонаи он ки ояндаи нағз доред,- ба аҳволи ғарибам сарфаҳм рафтагӣ барин гӯё дилсӯзӣ карданд устод.-Як бор таҳрири маро нағзакак ва мулоҳизакорона дида бароеду тозанавис кунед ва боз худатон таҳрир кунед...

Ҳамон рӯз худам навбатдор будам ва пас аз нисфирӯзӣ огоҳ шудам, ки ба ном мақолаи камина дар саҳифаи дуюм ҷойгир карда шудааст. Азоби рӯҳиамро худам медонистаму Худо, бори хиҷолати вазнине ҷисму равонамро тарк намекард. Ва оқибат амри виждонро рад карда натавониста, ному насабамро аз зери мақола хат задам. Қурбоналӣ-ако, ки дар шуъба набуданд, пайдо шуда омаданду:

-О-о, муборак шавад, мақолаи якуматон рафтаст-ку!- гуфтанд ва саҳифаро аз дастам гирифта, сари мизи худ рафтанд.

Аз он ки хома дигарбора ба ҳаракат омад, ман ба шабдези ҷаҳолат маҳмези дигаре зада, бо қаҳри ниҳонӣ аз ҳуҷраи кор баромада рафтам. Зери садаи лаби ҳавзча нишаста, дар дил дар пархоши шайтону раҳмон ба қароре омадам, ки агар аҳвол ҳамин гуна бошад, оянда аз ман хабарнигор намебарояд, яъне ҳарчи барвақттар асоро ба рӯшноӣ зада, аз пайи кори дигар шуданам беҳтар. Ҳамин ҳангом ёрдамчии мусаҳҳеҳ саҳифаро ба дастам оварда дод ва дилу бедилон ба он назар дӯхта, гӯё маст бошам, ҳушёр шудам: унвони мақола хат зада, сарлавҳаи дигаре “Коргар гиламанд аст” навишта шуда буд. Асари дасти устод бароям хуб ошно буд. Ҳамин унвони аҷиб ва бисёр мувофиқ рӯҳияи маро якбора дигар кард.

Охир, муроди камина аз иншои мақола маҳз ифшои гиламандии коргарон буд, лекин, бо вуҷуди хоҳиши зиёд, ба дарёфти он муяссар нашуда будам. Ҳамоно ба ҳақ будани амали устод тан дода, зимнан ҷонибдорашон шудам. Бо таҳрири дигари Қурбоналӣ-ако ҳам розӣ шудам, ки паҳлуи имзои хатзадаи муаллиф бо ҳарфҳои калон “Истад” навишта, се карат аломати хитоб гузоштаанд...

 

Солеҳ ЗАРИФЗОД,

публитсист, дорандаи Ҷоизаи

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

ба номи Абулқосим Лоҳутӣ