
Ҷумъаназар Баротзода сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, моҳи апрели соли 2025 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваст. Қабл аз ба хизмати Ватан-Модар рафтан, ӯ дар Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуд.
-Барои ман хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мояи ифтихору сарфарозӣ буд. Пас аз хатми мактаби миёна ба комиссариати ҳарбӣ рафта, барои даъвати навбатӣ худро номнавис кардам. Ба ман пешниҳод карданд, ки дар Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа” ройгон таҳсил кунам ва соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шавам. Бо хушнудӣ ин пешниҳодро қабул кардам ва давоми чанд моҳ нозукиҳои ин касби пуршарафро аз худ намудам,-гуфт Ҷумъаназар.
Бале, Ҷумъаназар Баротзода ҳоло дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Исфара сарбаландона хизмат мекунад ва барои ҳифзи марзу буми кишвар талош меварзад. Дар баробари ӯ, додараш Фахриддин низ дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан хизмат мекунад ва вазифаи ҷонии худтаъмини амният ва суботи комили кишвари азизамон-Тоҷикистонро таъмин менамояд.
Писари хурдии хонавода Муҳаммад низ нақша дорад, ки пас аз хатми мактаби миёна мисли бародарбузургҳояш ба хизмати Ватан-Модар равад.
Сафи ин гуна ҷавонони ватандӯсту хештаншинос кам нест ва шумораи онҳо сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Тибқи иттилои масъулин, то даъвати тирамоҳии соли 2026 дар мактабҳои ронандагии Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа” дар вилояти Суғд 1815 нафар ҷавон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Аз ҷумла, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 230 нафар, шаҳри Истаравшан 210 нафар, Панҷакент 210 нафар, Исфара 160 нафар, Конибодом 120 нафар, ноҳияи Ҷаббор Расулов 120 нафар, Спитамен 120 нафар, Деваштич 100 нафар, Ашт 100 нафар, Зафаробод 80 нафар, Мастчоҳ 80 нафар ва Хуҷанд низ 80 нафар.
Тавре масъулин қайд мекунанд, ин иқдом ба ҷавонон имкон медиҳад, то ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастан соҳиби касбе шаванд, ки дар ҷомеа серталаб аст. То дар оянда барои пешбурди рӯзгорашон мусоидат намояд.
Имрӯз, ки барои таҳсил дар мактабҳои ронандагии хусусӣ аз 4000 то 5000 сомонӣ харҷ мешавад, таҳсил дар мактабҳои ронандагии Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа” як навъ дастгирӣ ва ҳавасмандсозии ҷавонон аст. Ба ин васила, онҳо ҳам барои таҳсил ва ҳам барои хизмат ба Ватан дилгарм мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа бо ташаббуси Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тайёрии тодаъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ фаъолият менамояд.
Муассиса, тавре аз номаш бармеояд, мададгори мудофиаи Ватан буда, дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар рисолати муҳимро ба уҳда дорад. Фаъолияти он ба омода намудани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва тарбияи насли ватандӯст равона шудааст.
Мактабҳои муттаҳидаи техникӣ ва автомобилии тобеи муассиса ҳамчун яке аз манбаъҳои асосии омодасозии мутахассисони соҳибихтисос барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ин рисолати пуршарафро софдилона иҷро намуда истодаанд. Хатмкардагони муассисаҳои таълимии он дар сафи сохторҳои низомии кишвар хизмат намуда, дар ҳифзи истиқлол ва амнияти миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Айни замон, дар доираи фаъолияти муассиса даҳҳо клуб ва маҳфилҳои авиатсионӣ, варзишӣ-техникӣ, тирандозӣ, мотосиклронӣ, картингронӣ ва авиамоделизм таъсис дода шудаанд, ки барои наврасону ҷавонон мактаби тарбия, ҷасорат ва мардонагӣ ба шумор мераванд.
Муассиса дорои захираҳои кадрӣ ва зеҳнии арзишманд, заминаи муосири таълимию моддӣ-техникӣ ва таҷрибаи бой мебошад.
Бо истифода аз ин имкониятҳо он ба яке аз ниҳодҳои муҳими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон, инчунин тарғибгари ғояҳои ватанхоҳӣ ва садоқат ба Ватан табдил ёфтааст.
Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони муассиса дар роҳи омодасозии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва таъмини мудофиаи Ватан масъулияти бузургро бар дӯш доранд. Аз ин лиҳоз, Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-ро метавон яке аз сохторҳои муҳими мудофиавӣ ва мададгори воқеии ҳифзи марзу буми кишвар номид.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”





