Роҳ — яке аз рукнҳои асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як минтақа ба шумор меравад. Бе роҳҳои босифату мутобиқ ба талаботи замон рушди соҳаи кишоварзӣ, саноат, савдо, сайёҳӣ ва умуман зиндагии шоистаи мардумро тасаввур кардан душвор аст. Маҳз бо ҳамин мақсад солҳои охир дар вилоят ба масъалаи таҷдиду таъмири роҳҳои автомобилгард таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, корҳои созандагӣ дар ин самт вусъати тоза касб намудааст.
Соли 2026 низ дар доираи сиёсати ободониву созандагӣ нақшаи муфассали таъмири роҳҳои автомобилгарди вилоят таҳия гардид, ки татбиқи он ба беҳтар шудани вазъи роҳҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ ва зебогии минтақаҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар чанд соли охир дар вилоят садҳо километр роҳ таъмиру азнавсозӣ гардида, даҳҳо пулу иншооти роҳсозӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо вуҷуди ин, бинобар фарсудашавии шабакаи роҳҳо, афзоиши шумораи нақлиёт ва таъсири омилҳои табиӣ, зарурати идомаи корҳои таъмиру барқарорсозӣ ҳамоно боқӣ мемонад.
Хусусан, роҳҳои байни деҳаҳо, роҳҳои дохилишаҳриву дохилиноҳиявӣ ва қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, ниёз ба таъмири асосӣ ва ҷорӣ доранд. Баъзе роҳҳо, ки солҳои зиёд шағалпӯш буданд, имрӯз талаботи иқтисоди муосирро қонеъ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, барномаи имсола на танҳо ҳалли мушкилоти мавҷуда, балки фароҳам овардани замина барои рушди минбаъдаи инфрасохторро ҳадафи асосӣ қарор додааст.
-Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар маҷмӯъ соли 2026 дар вилоят таъмири 2542 километр роҳ дар назар аст. Аз ин миқдор – 680 километр — таъмири асосӣ, 1109 километр — таъмири ҷорӣ, 833 километр — шағалпӯшкунии роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз густариши корҳои роҳсозӣ ва муносибати системавӣ ба рушди соҳа шаҳодат медиҳанд. Дар доираи ин корҳо бартарафсозии пурраи қабати кӯҳна, таҳкими асос, мумфаршкунии босифат ва насби аломатҳои роҳ пешбинӣ гардидааст, — иброз дошт зимни суҳбат мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.
Воқеан, ин навъи таъмир имконият медиҳад, ки роҳҳо солҳои дурудароз ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ бошанду барои аҳолӣ босифат хизмат кунад. Ҳамзамон, сатҳи бехатарии ҳаракат мувофиқи матлаб буда, хароҷоти соҳибони нақлиёт низ коҳиш меёбад.
Барои иҷрои корҳои таъмиру мумфаршкунӣ дар маҷмӯъ 288 миллиону 445 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Манбаъҳои маблағгузорӣ асосан аз буҷети вилоят (45 миллиону 186 ҳазор сомонӣ), аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҶТ (3 миллиону 368 ҳазор сомонӣ), аз буҷетҳои маҳаллӣ (14 миллиону 357 ҳазор сомонӣ), аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳо (47 миллиону 565 ҳазор сомонӣ), аз ҳисоби соҳибкорон (43 миллиону 105 ҳазор сомонӣ) аз ҳисоби аҳолӣ (119 миллиону 864 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки саҳми аҳоливу соҳибкорон дар маҷмӯъ қисми назарраси маблағгузориро ташкил медиҳад ва ин омил худ далели равшани болоравии ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон мебошад.
Солҳои охир иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар корҳои ободонӣ ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Онҳо бо дарки масъулияти иҷтимоӣ на танҳо ба рушди тиҷорати худ, балки ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум саҳм мегузоранд.
Маҳз бо дастгирии соҳибкорон даҳҳо километр роҳҳои дохилишаҳриву байнидеҳавӣ мумфарш гардида, намои маҳалҳо зеботар ва шароити рафтуомад осонтар шудааст. Аҳолӣ низ бо ташаббус ва маблағгузории ихтиёрӣ дар шағалпӯшкунӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ саҳми арзанда мегузорад.
Ин ҳамгироӣ нишон медиҳад, ки ободонии роҳҳо танҳо вазифаи давлат нест, балки рисолати умумимиллӣ мебошад.
Нақшаи таъмири 2542 километр роҳ дар соли 2026 қадами устувор дар роҳи рушди инфрасохтори вилоят мебошад. Ҳаҷми назарраси маблағгузорӣ ва ҷалби васеи манбаъҳои молиявӣ аз ҷиддияти ният ва ҳамоҳангии тамоми сохторҳо дарак медиҳад. Аз ҷумла, 680 километр таъмири асосӣ маънои азнавсозии пурраи қитъаҳои фарсудашударо дорад. Дар доираи ин корҳо бардошти қабати кӯҳнаи асфалт, таҳкими замина, мумфаршкунии нав ва хаткашии роҳҳо амалӣ мегардад. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки роҳҳо солҳои сол бо сифати баланд ба аҳолӣ хизмат расонанд. Таъмири асосӣ бештар ба роҳҳои дорои аҳамияти калони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардида, ба беҳтар шудани робитаи байни шаҳру ноҳияҳо мусоидат менамояд.
Боиси таъкид аст, ки бино ба маълумоти масъулин қисми зиёди роҳҳои маҳаллӣ бо саҳми буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ мумфарш гардид. Бисёре аз соҳибкорони ватандӯст бо дарки аҳамияти инфрасохтор дар рушди тиҷорат ва беҳбуди зиндагии мардум, дар ободонии маҳалҳои худ фаъолона иштирок менамоянд. Аҳолӣ низ бо ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузории молиявӣ дар шағалпӯшкунӣ ва таъмири роҳҳои байнидеҳавӣ саҳми арзанда мегузорад. Ин раванд нишон медиҳад, ки ободии роҳҳо танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ нест, балки кори муштараки тамоми ҷомеа мебошад.
Дар маркази — шаҳри Хуҷанд имсол низ таваҷҷуҳ бештар ба таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ ва кӯчаҳои маҳаллаҳо равона гардида, бо дарназардошти афзоиши нақлиёт 62 километр роҳ таъмир гардида, аз ин 44 километр мумфаршкунии роҳҳои асосӣ ва 18 километр роҳ таъмири ҷорӣ хоҳад шуд. Саҳми соҳибкорон дар ободонии роҳҳои маҳаллӣ назаррас буда, тибқи нақша ба маблағи наздик 12 миллион сомонӣ бо ташаббуси аҳолӣ як қатор кӯчаҳои маҳаллаҳо бо истифодаи 3 миллиону 550 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ мегарданд.
Бино ба иттилои масъулин имсол низ дар партави эълон гардидани соли 2026 чун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” дар мавриди ободонӣ ва беҳтаркунии соҳаи роҳу роҳдории манотиқи мухталифи вилоят корҳо тадриҷан идома меёбанд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ соли равон корҳои мумфаршкунӣ ва шағалпӯшкунӣ дар деҳот босуръат ҷараён гирифта, то охири сол таъмиру мумфаршкунии 208 километр роҳ, асосан дар ҷамоатҳои дурдаст, ки солҳои зиёд ба таъмир ниёз доштанд барқарор карда хоҳанд шуд. Аз рӯи дурнамо то охири соли равон дар шаҳру навоҳии Ашт (204 километр), Спитамен (198), Кӯҳистони Мастчоҳ (195), Конибодом (177), Исфара (176), Айнӣ (161), Ҷаббор Расулов (158), Мастчоҳ (157), Истаравшан (156), Панҷакент (153), Деваштич (150), Шаҳристон (121), Зафаробод (113), Гулистон (67), Бӯстон (47) ва Истиқлол (19) километр роҳҳои вилоят корҳои таъмири асосӣ, ҷорӣ ва шағалпӯшкунӣ гузаронида мешавад.
Бешубҳа, идомаи чунин иқдомҳои созанда ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва тақвияти робитаҳои дохиливу берунаи вилоят мусоидат хоҳад кард.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




