Нилуфар дар оилаи намунавие ба дунё омад. Падару модараш меҳнатдӯст, хоксор, меҳмоннавоз, ба қавле ҷони одам буданд.
Нилуфар мактаби миёнаро хатм намуда, ба донишгоҳи олӣ дохил шуд.
Тарбияи фарзанд, хоҳ духтар, хоҳ писар хеле мураккабу душвор аст.
Ҳар як падару модар аз рӯзи аввали ба дунё омадани фарзанд бояд ба тарбияи ӯ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Модар кўдакро бо навозиши гарму меҳрубониҳои зиёд тарбия мекунад. Ин аз падару модар заҳмати зиёд, донишу малака, маърифатнокӣ ва масъулияти бештарро талаб мекунад. Барои соҳибмаълумот шудани фарзанд бояд волидайн ҳаракат кунанд.
Кадбонугӣ, озодагӣ ва сарфаю сариштакорӣ дар ҳаёти духтар мавқеи муҳим мебозад.
Рӯзе модар ба Нилуфар тариқи оиладорӣ, чӣ будани зиндагиро фаҳмонид. Ӯ гуфт: «Духтарам, ба гуфтаҳои ман нағз эътибор деҳ, ту акнун ба воя расидӣ, ба ҳаёти мустақилона қадам мемонӣ.
Дар оилае, ки он ҷо оянда зиндагӣ мекунӣ, аз хонаи падару модарат тамоман фарқ дорад. Ба тақдир ҳеҷ чиз гуфта намешавад. Шароит, рафтору гуфтор, муҳити он хона равиши дигар дорад. Ту соҳиби хонаю дар мешавӣ, бепарво нашуда, ба ҳаёт ҷиддӣ назар намо. Барои ту ҷои бегона то одат кардан мушкил мешавад.
Оҳиста - оҳиста ба ҳамон муҳит одат мекунӣ, барои ин пурсабру пуртоқат шудан лозим аст. Ҳаёти оилавӣ аз ту масъулияти калонро талаб мекунад.
Ман ба ту боварии калон дорам, чунки корҳое, ки ба ту омӯзонидаам, аз ӯҳдааш бароӣ. Саҳар хеста наҳорӣ тайёр кун, шавҳаратро бо хурсандӣ ба кор гусел намо.
Зиндагӣ пастию баландиҳо ҳам дорад. Аз ту умедам калон, ки ҳамаи майда-чуйдаҳои рўзгордориро медонӣ. Ҳаракат кун, ки ҳастию нестиро ба хушдоманат маълум накунӣ, аз ҳарчӣ як чиз бисоз, пурбардор шав, санги вазнинро об набурдааст, - гуфтаанд.
Одам дар ҳаёт баъзан хатогӣ мекунад, гоҳе ягон кораш нағз намешавад, гоҳе туро намефаҳманд.
Нилуфар ба ҳамаи кору бори зиндагӣ аллакай тайёр, дар маҳалла духтараки намунавӣ буд. Ҳамсинфонаш, ки бо ў ҳамсоя буданд, волидайнашон ба хонаи Нилуфар мефиристоданд, то ки пухтупаз, озодагӣ, кадбонугӣ, дӯзандагӣ, эҳтирому иззат карданро ёд гиранд. Нилуфар вақташро беҳуда намегузаронид. Кўшиш мекард, ки ба корҳои хона ёрӣ расонад, машғули дарсхонӣ шавад. Ниҳоят рўзе модар ба духтар гуфт: «Ана бин, духтарам, ҳам соҳиби маълумоти олӣ шудӣ, ҳам оиладориро омӯхтӣ».
Нилуфар духтараки қадрас шуду ба хонаи онҳо хостгорҳо омаданд. Аввал аз ҳамсояҳо мепурсиданд. Онҳо дар ҷавоб, «Агар келин кунед, пулатон ҳалол аст», мегуфтанд, ниҳоят духтараки чаққону ҳамакора, пушаймон намешавед».
Нилуфар ба оилае келин мешавад, ба он хонадон хизмати шоиста мекунад. Хушдоман аз келинаш розӣ буда, хурсандиаш ҳадду канор надошт. «Шукри беадад келине дорам, ки ҳамакора аст, ин ҳам тақдири ману писарам аст», - мегўяд хушдоманаш. Ӯ ба тарбияи модари Нилуфар аҳсан мегўяд, ба маҳаллаи шавҳар ҳам келини таърифӣ аст. Ҳамсояҳои шавҳар орзу мекунанд, ки мисли ў ба писарҳояшон арўс биёранд. Хешовандони хушдомани Нилуфар мегӯянд, ки келин бошад мисли келини шумо бошад. Ба ҳама пастию баландии зиндагӣ тобовар…
Барно АБДУҒАФФОРОВА,
«Ҳақиқати Суғд»





