Дар миёни кӯҳҳои Деваштичи вилояти Суғд модаре зиндагӣ мекунад, ки синнаш аз сад гузаштаасту соҳиби 10 фарзанд, 50 набера, 140 абера ва 17 чабера аст. Аҷибаш он аст, ки ӯ телефони мобилии худро дораду баробари ҷавонон қадам мегузорад. Вай ҳангоми сӯҳбати телефонӣ иброз дошт, ки нияти неку меҳнати ҳалол ва машқи ҷисмонӣ касро ба мурод мерасонад.
Зӯҳро Носироваи 100-сола 21-уми январи соли 1926 дар деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Вай солҳои ҷавониашро дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипарӣ кардааст. Яъне шурӯъ аз понздаҳсолагӣ, солҳои 1941-1945. Он вақт ӯ дар дашти “Анбарғаз” зиндагӣ мекарду гандумҳоро даравида нон мепухт ва ба аскарони ақибгоҳ мефиристод. Ҳамин матонат ва меҳнати ӯ барои наслҳои оянда намуна гардид.
Зӯҳро Носирова соли 1948 мактаби миёнаи деҳаи Угукро хатм карда, бо корманди фаъоли Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Носиров хонадор шуд. Онҳо соҳиби 11 фарзанд гардида, ба воя расонанд. Ба гуфти очаи Зӯҳро барои соҳибилм гардидани фарзандонаш саҳми падар низ калон мебошад.
Ҳоло очаи Зӯҳро бо вуҷуди садсолагиаш дастони тавонову бозуҳои пурқувват дорад. Ҳатто дар ин синну сол ӯ қодир аст, ки машқи ҷисмонӣ кунаду ба корҳои хона кӯмак расонад. Ӯ ба ҷавонон маслиҳат медиҳад, ки бо дили поку кори ҳалол ба халқу давлат хизмат карда, як сару як тан шаванд. Беш аз 20 нафар наберааш бо дуои модаркалон сарбаландона адои хизмати Модар – Ватан кардааст.
Барои фарзандону наберагон ҳаёти пурмашаққати модар намуна буда, ҳар лаҳза аз ӯ дуо мегиранд. Фарзанди калонии очаи Зуҳро Нозир Носиров бо ифтихор баён дошт, ки будани модарам барои ман хушбахтист. Ӯ натанҳо моро тарбия кард, балки фарзандони барӯманди диёрро тарбия намуд.
Ҳукумати Тоҷикистон Зӯҳро Носироваро бо медали “Ветеран-труд”, ҷоизаҳои ҷашнӣ барои ғалаба дар ҶБВ ва унвони “Модари қаҳрамон” қадрдонӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ заҳмати зан чӣ дар хона, чӣ дар саҳро ва чӣ дар ҷомеа ҳамеша қадр мегардад.
Очаи Зӯҳро ҳаётро бо самимияту қаноатмандӣ паси сар кардааст. Дар тӯли ду аср шоҳиди бисёр ҳодисаю рӯйдодҳо шуда, ҳамчун қаҳрамонмодар дар ҷомеа эътироф гардидааст. Лаҳзаҳои хотирмони ӯ дар ҳаёт хеле зиёд аст, ки яке аз онҳо вохӯрии ӯ бо косманавт Валентина Терешкова дар соли 1987 буд.
Вохӯрӣ бо Валентина Терешкова барои очаи Зӯҳро як рӯйдоди фаромӯшнашаванда буд . Ӯ бо ифтихор нақл мекунад, ки суханони гарму рӯҳбахши Терешкова ба занону модарон неруи тоза бахшидааст. Ба гуфтаи модаркалон, Валентина Терешкова мушкилии хонаводагиашонро ҳал кардаасту маслиҳати ҳуқуқӣ додааст. Ин хотироташ фаромӯшнашуданист.
Сад соли зиндагии пурбаракати Зӯҳро Носирова худ як мактаби ибрат аст. Ӯ давраҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронидааст, солҳои душвори ҷанг, давраи барқарорсозии хоҷагии халқ, замони соҳибистиқлолии кишвар. Бо чашмони худ дигаргуниҳои азимро дида, ҳамеша ба ояндаи нек бовар доштааст. Ба андешаи ӯ, замон дигар мешавад, аммо арзишҳои инсонӣ аз ҷумла, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми калонсолон ҷовидонаанд.
Имрӯз, дар ҳалқаи фарзандону наберагон, ӯ худро хушбахт меҳисобад. Ҳар саҳарро бо дуо оғоз мекунад ва барои тинҷию оромии Ватан даст ба сӯи Парвардигор мебардорад.
Вай мегӯяд, ки сирри дарозумрӣ дар ҳаракат, ғизои сабук ва дили бекина аст. Бо табассум илова менамояд, ки ҳатто истифодаи телефони мобилӣ барояш душвор нест, зеро инсон бояд ҳамқадами замон бошад.
Оилаи Носировҳо бо сарҷамъӣ ва эҳтироми ҳамдигар номбардори диёранд. Фарзандони ин хонадони бузург Нозир Носиров, Абдуваҳоб, Малоҳат, Абдуманнон, Абдукамол, Садоқат, Абдуҳилол, Рафоқат, Роҳатой ва Марҳамат идомадиҳандаи роҳи пуршарафи падару модар мебошанд.
Ҳамин гуна, модари садсола бо иродаи қавӣ ва рӯҳи ҷавон ба атрофиён паёми умед мебахшад. Ҳаёти ӯ намунаи равшани он аст, ки инсон бо нияти нек, меҳнати ҳалол ва муҳаббат ба зиндагӣ метавонад асри пурпечутобро бо сарбаландӣ тай намояд. Зӯҳро Носирова на танҳо модари як хонаводаи бузург, балки ифтихори як диёр ва рамзи матонату сабру таҳаммул мебошад.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”




