-Алҳол 1 миллиону 478 нафар бонувони вилоят хизматчиии давлатӣ мебошанд. Ба Маркази иттилоотӣ ва машваратии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаи оиладорӣ 2321 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки сабаби муроҷиатҳо гирифтани саҳм ба замин, хушунат, бекор кардани ақди никоҳ, тақсими молу мулк ва дигарҳо мебошад,- гуфт сардори Раёсати кор бо занон ва оила Хуршеда Хоҷазода.
Соли 2025 ба Маркази занон “Гулрухсор” 1100 нафар зан муроҷиат намуданд. Раёсати кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо ин марказ баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дастгирии заноне, ки ба хушунати хонаводагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, фаъолияташро хуб ба роҳ монда, ба ин нафарон ёрии ҳуқуқию равонӣ мерасонад.
-Шумораи умумии гирандагони стипендияҳо дар вилоят 1703 нафар аст, ки аз ин шумора 853 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ, 250 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилоят барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва 600 нафар гирандаи стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, -иброз дошт сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода.
Аз ҷониби Раёсат ва сохторҳо беш аз 910 аксияву ҳамоиш, оиди шомил нашудан ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар намуди ҷинояткорӣ гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, вобаста ба баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон дар соли ҷорӣ аз ҷонибӣ масъулини Раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 4320 чорабинӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар анҷоми нишаст рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои шуғли ҷавонон, дастгирии оилаҳои ниёзманд, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ саволҳо пешниҳод намуданд.
Тӯҳфа РОЗИҚОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





