Шарифҷон Ҷумъазода раиси шаҳри Исфара зимни нишасти матбуотӣ омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шаҳр арзёбӣ кард. Тавре ӯ гуфт, дар зарфи солҳои 2022–2026 дар Исфара иҷрои 1085 лоиҳа ба нақша гирифташуда, то имрӯз 1005 лоиҳа ба маблағи беш аз 377 миллион сомонӣ амалӣ гардид, ки иҷрои нақшаро ба андозаи 101,1 фисад таъмин сохт. 

Ин лоиҳаҳо соҳаҳои ҳаётан муҳимро фаро гирифта, сохтмони иншоотҳои зеринро таъмин намуданд. Аз ҷумла,  13 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, 170  иншооти маориф, 50 иншооти тандурустӣ, 21 иншооти соҳаи варзиш, 15 иншооти истироҳатию фароғатӣ ва сайёҳӣ, 49 маркази савдою хизматрасонӣ, 16 кӯпрук, 18 бинои маъмурӣ ва 18 бинои бисёрошёна. Дар соли ҷорӣ низ 59 иншоот ба истифода дода шуда, дар 36 иншооти дигар корҳо босуръат давом доранд.

Тавре таъкид гардид, гардиши савдои хориҷӣ ба 80,8 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 42, 3 милион доллар зиёд аст. Содирот низ ба зиёда аз 17 миллиону 260 ҳазор доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3775508 миллион доллар зиёд мебошад. Дар шаҳри Исфара ҳамчунин чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. Аз оғози татбиқи ин лоиҳаҳо 12,3 миллион доллари ИМА азхуд шуд. Дар доираи лоиҳаи грантии CASA-1000, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, 9 миллион доллар маблағи грантӣ азхуд гардид. Ҳамзамон, ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахши саноат низ идома дорад. Ширкати чинии «Chin Pingmei Shenma Holding Co Ltd» ба корхонаи «Ангишт»-и ҶДММ «Талант» аз маблағи умумии сармоягузории пешбинишуда 430 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид кард.

Аз шумораи умумии лоиҳаҳои амалишуда 873 лоиҳа аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорон ва сокинон иҷро гардид. Бино ба таъкиди раиси шаҳр, бахши хусусӣ низ дар иқтисоди Исфара нақши назаррас дорад. То ин давра шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба 17 ҳазору 933 нафар расид. Аз ин шумора 2090 нафар тибқи патент, 1596 нафар бо шаҳодатномаи дорои шартҳои махсус ва 1039 субъект бо шаҳодатнома фаъолият дошта, 12 ҳазору 290 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст.

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба 1 миллиону  865,3 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиши он ба 112,8 фоиз баробар шуд. Саршумори чорвои калони шохдор ба 50 ҳазору 904 сар расида, нисбат ба соли гузашта 733 сар зиёд шуд. Истеҳсоли гӯшт 2 ҳазору 270,3 тонна ва истеҳсоли шир 12 ҳазору 497,7 тонна мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ танҳо дар солҳои охир ба 14 миллиарду 865 ҳазор сомонӣ расид, ки суръати афзоиши он 112,8% аст. Нисбат ба соли пешин истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба таври назаррас афзуд, аз ҷумла  картошка 30 401 тонна, сабзавот: 50 868 тонна, полезиҳо 1 034 тонна ва меваҷот  ба 52 545 тонна, ки аз ин ҳиосб 44 563 тонна зардолуи машҳури Исфара аст, расид, - шарҳ дод раиси шаҳр.

Дар соҳаи маорифи шаҳри Исфара истифодаи технологияҳои муосир ва рушди инфрасохтори таълимӣ идома дорад. Дар давраи ҳисоботӣ барои муассисаҳои таълимӣ 16 компютер, 21 принтер, 170 тахтаи электронӣ ва 180 проектор харида шуд. Дар натиҷа, шумораи умумии компютерҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба 2 ҳазору 613 адад расидааст.

- Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ду кӯдакистон барои 64 кӯдак ва биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии №60 ва №70, ки барои 840 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаст, ба истифода дода шуд. Дар муассисаи таълимии №76 низ се синфхонаи технологӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамзамон, дар деҳоти Навгилем сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 720 ҷойи нишаст идома дорад. Дар ин иншоот ҳамчунин толори варзишӣ сохта мешавад, - иттилоъ доданд масъулини соҳа.

 Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”