Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 1-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон таҷлил мегардад. Ин сана натанҳо иди шарафу эҳтиром ба заҳмати инсон аст, балки рамзи қадрдонии нақши меҳнат дар рушди ҷомеа ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Меҳнаткашон нерӯи асосии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат ба шумор мераванд.

Дар шароити имрӯза, ки равандҳои истеҳсолӣ босуръат рушд мекунанд, масъалаи таъмини шароити бехатар ва солими меҳнат аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Зеро меҳнати арзанда танҳо дар муҳите имконпазир аст, ки он ба талаботи ҳифзи саломатӣ, бехатарӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷавобгӯ бошад.

Маҳз дар ҳамин замина, мафҳуми «ҳифзи меҳнат» ҳамчун низоми мураккаби чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ ва санитарию гигиенӣ ба миён меояд, ки ҳадафи он таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кормандон дар раванди меҳнат мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъмини шароити бехатар ва солими меҳнат яке аз ҳадафҳои муҳими давлат ба шумор рафта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.  Қонунгузорӣ ва барномаҳои соҳавӣ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон равона шуда, риояи талаботи бехатарӣ дар муассисаю корхонаҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Дар ин хусус, бо муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Муҳиддин Яъқубӣ мусоҳибае оростем, ки дар он масъалаҳои марбут ба мафҳум ва аҳамияти ҳифзи меҳнат, масъулияти корфармоён, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, вазъи риояи талаботи бехатарӣ дар корхонаҳо ва мушкилоту дурнамои ин соҳа мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

- Муҳтарам  Муҳиддин  Муинзода, мафҳуми "ҳифзи меҳнат"-ро чӣ гуна шарҳ медиҳед?   

- Ҳифзи меҳнат – низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ, ки мутобиқи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахсро дар раванди меҳнат таъмин мекунад.

Талаботи меъёрии давлатии пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат қоида, расмиёт ва талаботҳои ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равонашударо муқаррар мекунанд.

Мутобиқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, ки дар тамоми ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ шароити меҳнатии ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгўро муҳайё намояд.

- Барои ҳифз кардани меҳнат киҳо масъуланду кадом қоидаҳо бояд  риоя шаванд?

- Мутобиқи моддаи 348, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ба зиммаи корфармо гузошта шудааст.

Корфармо вазифадор аст, ки дар корхонааш намояндагии кормандон ташкил намояд, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба имзо расонад, баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот чорабиниҳои ҳифзи меҳнат гузаронад. Бо сару либос ва пойафзоли махсус кормандонро таъмин намояд, шароити мусоиди маишӣ муҳайё намояд, бо имтиёзи пешбинигардида таъмин намояд, ҳуқуқҳои занон, ноболиғонро риоя намояд, хадамоти ҳифзи меҳнат таъсис намояд, шароити бехатари меҳнат, ҷорӣ намудани низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда, ҳифзи саломатӣ ва барқароркунии қобилияти кории кормандон ва дигар масъалаҳои ҳифзи меҳнатро риоя ва таъмин намояд.

- Давоми соли 2025 ва се моҳи соли  2026-ум чӣ қадар корхонаю ташкилот мавриди санҷиш қарор гирифт?

- Аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи меҳнати Шўро ва нозирони ҳифзи меҳнати кумитаҳои соҳавӣ дар давоми соли 2025 - 1119 ташкилоту муассиса мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар натиҷа, 3364 камбудӣ ошкор  ва барои бартараф намудани он 606 амрнома супорида шуд. Оид ба вайрон кардани қонун дар бораи ҳифзи меҳнат барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор 6 мавод ба Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд супорида шуд.

Дар ин давра аз ҷониби нозирони ҳифзи меҳнат дар 5 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот дар корхонаю ташкилот тафтиш гузаронида шуда, санади тафтишотӣ бо мавод ба прокуратураи шаҳру ноҳияҳо барои маълумот ва чораҷўӣ супорида шуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 бошад, дар 257 ташкилоту муассиса санҷиш гузаронида шуд. Дар натиҷа 727 адад камбудӣ ошкор ва барои бартараф намудани он 147 адад амрнома супорида шуд. Оид вайрон кардани қонун дар бораи ҳифзи меҳнат барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор 3 мавод ба Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд супорида шуд.

Дар ин давра кормандони масъули ҳифзи меҳнат бо мақсади расонидани ёрии амалии ҳуқуқӣ зиёда аз 80 корхонаю ташкилотҳо ташриф оварда, оид ба риояи талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи вобаста ба ҳифзи меҳнат ёрии амалии ҳуқуқӣ расониданд.

Дар самти баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии кормандон ва маҳорати касбии кормандони иттифоқҳои касаба мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

- Мушкилоти асосӣ дар самти таъмини бехатарии меҳнат кадомҳоянд ва сабабҳои пайдоиши онҳоро  дар чӣ мебинед?

- Таҳлилҳо собит намуд, ки мушкилоти асосӣ дар самти таъмини бехатарии меҳнат ва сабабҳои пайдоиши онҳо дар корхонаю ташкилотҳо ин ҷудо накардани маблағ барои ҳифзи меҳнат аз ҷониби корфармо мебошад. Дар давоми соли 2025 аз ҷониби корфармо барои ҳифзи меҳнат 17 миллион 828,1 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст, ки ин маблағ кофӣ нест. Тибқи талаботи моддаи 353, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ташкилот ҳар сол барои ҳифзи меҳнат дар ҳаҷми муайянгардида дар асоси созишнома ва шартномаҳои коллективӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд.

Илова бар ин, надоштани маълумоти кофӣ оид ба талаботи қоидаю қонунҳои ҳифзи меҳнат аз тарафи роҳбарон ва шахсони масъули ҳифзи меҳнат дар корхонаю ташкилотҳо мебошад. Мутобиқи банди 5-и моддаи 350,

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо, ки масъули ташкили ҳифзи меҳнатанд, роҳбарон, мутахассисони хадамоти ҳифзи меҳнат на кам аз як маротиба дар панҷ сол, бояд аз курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат гузаранд, ки баъзе корхонаю ташкилотҳо ин талабот аз мадди назар дур шудааст. Инчунин ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатари корӣ рӯй медиҳанд.

- Нақши иттифоқҳои касаба дар ҳалли ин мушкилот то чӣ андоза муассир аст?

- Пешгирӣ ва назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат яке аз масъалаҳои асоси самти фаъолияти иттифоқи касаба мебошад, дар ин самт нозирони ҳифзи меҳнат корбариро пурзўр намуда, ҳамаи имконияҳоро барои бартараф кардани камбудиҳо равона мекунад.

Барои ҳалли ин мушкилот бояд равандҳои  муосир ба бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат зеҳни сунъӣ (AI) ва рақамикунонӣ дар корхонаю ташкилотҳо ҷорӣ кардан лозим аст.

Дар доираи он технологияи муосир бо назардошти ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатар аз ҷумла: - рушди зеҳни сунъӣ ва омӯзиши  дистансионӣ барои пешгӯии хатарҳои истеҳсолӣ,  роботҳое, ки самаранокиро зиёд мекунанд ва сарбории коргаронро кам мекунанд, ҷорӣ намудани истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин барои назорати минтақаҳои хатарноки истеҳсолии хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, сохтмон, саноати коркард, саноати металургӣ ва дар дигар соҳаҳои иқтисодиёт дар назар дошта мешавад.

Инчунин, Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар баланд бардоштани малакаву маҳорати умумӣ, касбию психологӣ, сифати иҷрои кор ва ба инкишофи нерўи зеҳнии ҳар як корманд такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи иттифоқҳои касаба, роҳбарони ташкилоту муассиса ва масъулони хадамоти ҳифзи меҳнат нақши муайянкунанда доранд.

Бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохўрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 баён доштанд, дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Маркази бозомўзӣ ва курсҳои такмили ихтисоси кормандон таъсис дода шудааст.

Маркази бозомўзӣ ва такмили ихтисос мувофиқи нақшаи тасдиқгардида аз давраи таъсисёбӣ зиёда аз 1100 нафар роҳбар ва шахсони масъули ҳифзи меҳнат аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, пас аз ба анҷом расонидани барномаи таълимӣ ва бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои хатм дар ҳузури комиссияи имтиҳонӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Барои суҳбат ташаккури зиёд!

 

Суҳбаторо: Манзура БАХТИЁРЗОДА,

"Ҳақиқати Суғд"