Дар шароите, ки рафтори аудитория тағйир ёфтааст, синамо дигар танҳо ба толор маҳдуд намемонад. Имрӯз тамошобин камтар ба кинотеатр меравад ва бештар вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронад. Ин воқеият Ромиш Яздон, коргардон ва сенариянависро водор кард, ки ба усулҳои нав рӯ оварад.
Маълум аст, ки мушкил на дар набудани шавқи мардум ба кино, балки дар тағйир ёфтани фазои тамошост.
- Мо дарк кардем, ки агар мардумро дубора ба кинотеатр баргардонидан хоҳем, бояд аввал онҳоро дар ҳамон ҷое пайдо кунем, ки ҳузур доранд, яъне дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳамин тариқ, идеяи сохтани аудиторияи худӣ ба миён омад. Яъне аввал эътимод бояд ба даст орем, баъд тамошобинро барои дидани синамо даъват созем, - афзуд коргардон.
Дар ин раванд Ромиш Яздон ба эҷоди роликҳои кӯтоҳи иҷтимоӣ рӯ овард. Ӯ бо ҳамроҳии чанде аз ҳунармандони хушзавқ видеоҳое, ки хусусияти тарбиявӣ доранд ва ҳам бо забони кино пешниҳод мешаванд, таҳия кард. Ҳадафи эшон танҳо ҷамъ кардани тамошобин нест.
- Мо аудиторияеро омода мекунем, ки фардо бо боварӣ барои дидани кино ба кинотеатр ояд. Яъне, муҳтаво ҳамчун зинаи аввалини барқарор кардани робитаи эҷодкор бо тамошобин хизмат мекунад, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Манбаи идеяҳои роликҳои гурӯҳи эҷодӣ аз лаҳзаҳои гуногуни зиндагии воқеӣ бармеояд. Барои онҳо мавзӯъ аксаран аз як эҳсос, як ҷумлаи тасодуфӣ ё як ҳолати дидааш дар кӯча оғоз мешавад.
- Ҳатто як шарҳи оддии тамошобин метавонад барои ман идея шавад. Ман кӯшиш мекунам он чизеро, ки дигарон нодида мегиранд, ба як қиссаи ибратомӯз табдил диҳам. Дар интихоби мавзӯъ се меъёр барои ӯ калидист, воқеият, соддагӣ ва таъсир. Агар як саҳнача тавонад бинандаро ба фикр водор созад ё муносибатеро ислоҳ кунад, он гоҳ ҳадафи эҷодӣ амалӣ шудааст. Яъне муҳтавои мо нафақат як маҳсулоти фароғатӣ аст, балки ҳамчун воситаи таъсири иҷтимоӣ низ бояд бошад, - андеша дорад коргардон.
Аудиторияи чунин видеоҳо якхела нест. Тибқи мушоҳидаи эҷодкор, дар Instagram бештар ҷавонон ва наврасон фаъоланд, аммо дар Facebook тамошобинони калонсол. Бо вуҷуди ин фарқият вокунишҳо нишон медиҳанд, ки муҳтаво марзҳои синну солро убур мекунад. Паёмҳое чун «ин навор гӯё аз зиндагии ман гирифта шудааст» ё «пас аз тамошо назарам ба зиндагӣ дигар шуд» далели онанд, ки роликҳо танҳо дида намешаванд, балки таъсир ҳам мегузоранд.
Ромиш Яздон чанд мисол пеш овард. Ба гуфтаи ӯ, шахсе пас аз тамошои яке аз наворҳо бо бародараш, ки ҳашт сол қаҳрӣ будааст, оштӣ кардааст. Шахси дигар эътироф намудааст, ки баъди ин видеоҳо муносибаташ бо падараш тағйир ёфта, нисбат ба аҳли хонавода ғамхортар шудааст. Ин гуна воқеаҳо, ба андешаи коргардон, нишон медиҳанд, ки кинои кӯтоҳи иҷтимоӣ метавонад ба рафтор ва тасмимҳои инсон таъсири воқеӣ расонад.
Дар оянда Ромиш Яздон ният дорад, ки таваҷҷуҳи худро бештар ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва оилавӣ равона созад. Мавзӯъҳое чун эҳтироми волидон ва омӯзгорон, муносибатҳои солими зану шавҳар, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва таъсири он ба кӯдакон ҳамеша дар мадди назари эҷодкор қарор доранд. Ӯ бо саҳнаҳои офаридааш мекӯшад дар ҷустуҷӯ ва дарки роҳи ҳалли муаммоҳое саҳм гузорад, ки қариб дар зиндагии ҳар инсон рух медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳар касе, ки муҳтавои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо мекунад, нохудогоҳ ба зиндагӣ ва муносибатҳои худ аз дигар зовия нигариста, дар зеҳнаш саволе ё андешаеро боқӣ мегузорад.




