Мусаллам аст, ки асоси ҷомеаи солимро оилаи солим ва насли солим ташкил медиҳад. Ин нуқтаи муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гашта буд.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Агар волидайн ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонанд ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳанд, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад.
Оилаи солим оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ ташкил медиҳад. Вақте талоши мо барои ободии ҷомеаи солим равона бошад, пас оилаи солим бояд дар меҳвари он қарор дошта бошад ва вайронии он боиси нобудии ҷомеа хоҳад гашт. Вале боз ҳам ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он шакл медиҳаду нигоҳ медорад.
Мард сарвари хонавода ва зан бону, сарпарасти хона аст. Чунончӣ, дар урфият ҳам мегӯянд: шахсро ба оилааш назар бинамо. Аз ин рӯ, танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчунин, фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд, чунки таълиму тарбияи хуби онҳо ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, ҳароина муассиси оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд. Ба дурустӣ, бунёди оилаи солим кори саҳл нест ва аз инсон масъулияти гаронеро тақозо мекунад. Шариати мо ҳам дар ин асно ҳуқуқҳои хосеро бар зану шавҳар муқаррар кардааст, ки танҳо дар заминаи иҷрои ҳар кадоме аз ҳуқуқҳо оилаи хубу солимро бунёд кардан мумкин аст. Танҳо пас аз иҷрои ин амалҳо ҳам мард ва ҳам зан метавонанд дар фазои муҳаббату якдигарфаҳмӣ оилаашонро мустаҳкам нигоҳ доранд.
Дар ҷомеаи муосири тоҷик оила яке аз муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Маҳз оила ҳамчун омили асосии интиқолдиҳандаи нақшҳо ва симоҳои мадании байни наслҳо буда, дар иҷтимоишавии ҷомеа саҳми бузург дорад. Ҷомеа бе оила вуҷуд дошта наметавонад, чунки оила пойдевори ҷомеа аст. Агар тарбияи оилавӣ дуруст ба роҳ монда шавад, зинаҳои дигари ҳаёти фарзандон бо муваффақият паси сар мегарданд, ё баръакси ҳол, агар дар оила нофаҳмиву беаҳамиятӣ нисбат ба фарзандон ҳукмфармоӣ кунад, ин боиси пайдоиши кӯдакони душвортарбия мегардад.
Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, пос доштани таъриху фарҳанги ниёгонамон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тайёр намудани насли ояндасоз хеле баланд арзёбӣ менамояд.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ дар масъалаи ғамхорӣ ба ин ниҳод, баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа, масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои созанда диққати ҷиддӣ дода, соли 2015-ро “Соли оила” эълон намуда буданд. Бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шуд. Новобаста аз ин, дар нигоҳ доштани оилаи солим дар ҷомеа, вобаста ба дигаргуниҳои раванди иҷтимоию сиёсӣ, масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҳам ҷой доранд. Равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ тақозо менамоянд, ки арзишҳои миллӣ дар фарҳанги оиладорӣ нигоҳ дошта шаванд. Аммо дар муносибатҳои оилавӣ мушкилоти зиёде ҷой доранд, ки сабаби пош хӯрдани оила гардида истодаанд.
Дар айни замон масоили ташвишовар дар ҷомеа ин аст, ки сол аз сол ҷудошавии оилаҳо, хусусан ҷавонон ба назар мерасад. Сабабу омилҳои мусоидаткунанда ба раванди мазкур, пеш аз ҳама, муносибатҳои нодурусти оилавӣ байни падару модар ва фарзандон, баҳсҳои оилавӣ байни зану шавҳар, вуҷуд надоштани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни аҳли хонавода, таваллуди фарзанди маъюб, зӯроварӣ дар оила, сатҳи пасти саводнокӣ, бекорӣ, мушкилоти молиявӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин таъсири филмҳои пур аз саҳнаҳои муноқишавии оила, истифодаи нодурусту ғайримақсадноки сомонаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои иттилоотӣ ва ғайра мебошанд.
Барно АБДУҒАФФОРОВА,
«Ҳақиқати Суғд»




