
Дар вилояти Суғд ҳамасола баҳри дар сатҳи зарурӣ паси сар кардани фасли сармо аз ҷониби масъулин корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026 – 2027 низ аллакай як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Бино ба иттилои масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят барои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026 - 2027 корҳои ҳаматарафа роҳандозӣ карда мешаванд.
Бо ин мақсад Ситоди вилоятӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои фарогири иборат аз 27 банд мавриди амал қарор гирифтааст. Ҳамзамон дар ҳамаи сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ қарорҳои дахлдор қабул гардида, ситодҳои корӣ фаъолияти худро оғоз намудаанд.
Муҳимияти таъмини бехатарӣ ва фаъолияти муназзами муассисаҳо дар давраи сармо аз ҳамагон масъулияти баландро талаб менамояд. Дар ин давра ду маротиба ҷаласаи Ситоди вилоятӣ бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва масъулони шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Барои пешбурди муназзам ва самараноки корҳо намунаи шакли ягонаи ҳисоботдиҳӣ, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст, ба ҳамаи аъзои ситод ва масъулони маҳаллӣ фиристода шуд. Ин шакли ягонаи ҳисоботдиҳӣ захираи маводи асосии хӯрокворӣ, сӯзишворӣ барои гармӣ ва нақлиёт, инчунин воситаҳои заруриро барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард дар давраи тирамоҳу зимистон фаро гирифта, имкон медиҳад, ки раванди корбарӣ ва захиракунӣ пайваста назорат карда шавад.
Сӯзишворӣ ва ашёи гармидиҳӣ яке аз омилҳои асосии омодагӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои муассисаҳои маорифи вилоят талабот ба ангишт 17611,9 тонна ва ба ҳезум 8483,6 метри мукааб муайян гардида буд. Ба ҳолати 10 сентябри соли 2026 дар муассисаҳои соҳаи маориф бе назардошти бақия 14152,6 тонна ангишт ва 8487,6 метри мукааб ҳезум захира карда шуд. Ин нишондиҳанда иҷрои нақшаро барои ангишт ба 80,4 фоиз ва барои ҳезум ба 100 фоиз расонид.
Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ низ захира намудани 5488,8 тонна ангишт ва 1389,2 метри мукааб ҳезум ба нақша гирифта шудааст. То замони кунунӣ бо назардошти бақияи аввали мавсим дар ин соҳа 3724,9 тонна ангишт ва 1024,2 метри мукааб ҳезум ҷамъоварӣ гардид. Ин захираҳо имкон медиҳанд, ки беморхонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ дар давраи сармо бемамониат фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизматрасонии баландсифатро пешниҳод созанд.
Таъмини ҳаракати бехатар дар роҳҳои автомобилгард низ зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор дорад. Ҷиҳати омодагӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026 - 2027 аз ҷониби муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят» нақшаи захираи маводи зиддилағжиш бе назардошти бақия дар аввали мавсим дар ҳаҷми 3602 метри мукааб муайян карда шуд. Ҳамзамон омода кардани техникаву механизмҳои зарурӣ тибқи нақшаи тасдиқшуда бомароми идома дорад, то дар ҳолати омадани сармо ва барф роҳҳо сари вақт поккорӣ шаванд.
Дастгирии молиявӣ асоси муваффақияти ин чорабиниҳо мебошад. Дар буҷети вилоят барои соли 2026 ҷиҳати харидан ва захира намудани маводи сӯхт ба маблағи умумии 23570,7 ҳазор сомонӣ хароҷот пешбинӣ гардидааст. Аз ин маблағ ба соҳаи маориф 17562 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 5395 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи фарҳанг 264,4 ҳазор сомонӣ ва ба дигар соҳаҳои буҷетӣ 349,3 ҳазор сомонӣ равона карда мешавад.
Барои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ низ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 9339,7 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ пурра иҷро гардид, ки ин нишондиҳанда ба 100 фоизи нақша баробар аст. Аз ҷумла, ба ноҳияи Деваштич 2233,6 ҳазор сомонӣ, Ашт 1536,1 ҳазор сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 400 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 646,7 ҳазор сомонӣ, Исфара 817 ҳазор сомонӣ, Конибодом 1310,5 ҳазор сомонӣ, Спитамен 741,8 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ 836,9 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов 303 ҳазор сомонӣ, Шаҳристон 332,1 ҳазор сомонӣ ва ба шаҳри Истиқлол 182 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Ин дастгирии молиявӣ имкон медиҳад, ки маводи сӯхт ва манбаъҳои гармӣ дар маҳалҳо сари вақт ва бе монеа захира гарданд.
Амалӣ намудани ин силсила тадбирҳои пайгирона ва сари вақт ҷудо гардидани маблағҳои зарурӣ заминаи устувор фароҳам меорад, ки муассисаҳои иҷтимоӣ ва соҳаҳои муҳими иқтисоди вилоят дар фасли сармо бемамониат фаъолият намоянд. Ситоди вилоятӣ ва масъулони соҳа фаъолияти худро дар ин самт минбаъд низ бомасъулият идома дода, иҷрои пурраи ҳамаи қарорҳо ва нақшаҳои пешбинишударо таъмин месозанд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





