- Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар ҳудуди вилояти Суғд офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба мушоҳида расида, аз ҷониби сохторҳои масъули Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят силсилаи чорабиниҳои фаврӣ ва пешгирикунанда амалӣ карда шуданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар ҳудуди вилоят 6 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расид ва зарари расонидашуда 6 миллиону 316 ҳазор сомониро ташкил дод. Барои муқоиса, дар ҳамин давраи соли 2025 дар вилоят 5 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ сабт шуда, 4 нафар ҷони худро аз даст дода буданд ва зарари молиявӣ ба 847 ҳазор сомонӣ баробар буд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Фурқат Шодизода. 

Иттилоъ дода шуд, ки аз 6 ҳолати табиии соли ҷорӣ 5 ҳодисаи омадани сел дар шаҳри Панҷакент ва як ҳодисаи омадани сел дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шудааст.

Доир ба ҳолатҳои ғарқшавӣ ва фаъолияти наҷотдиҳандагон гуфта шуд, ки дар давоми нимсолаи якуми соли 2026 дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 ҳолати ғарқшавии фалокатовар бо сабабҳои гуногун ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (14 ҳолат) 7 нафар зиёд мебошад.

Бо сари вақт хабардор намудан ва фаъолияти фаврии наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар шаҳри Хуҷанд 5 нафар шаҳрванд аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби наҷотдиҳандагон 9 нафар наҷот дода шуда буд. Вобаста ба мавсими оббозӣ ва дар асоси нақша - чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ барои соли 2026, ки аз ҷониби Раиси Кумита тасдиқ гардидааст, санҷиши объектҳо ва омодагӣ идома доранд, ки гурӯҳи кории Раёсат ҳолати омодагии минтақаҳои истироҳатию меҳнатӣ, санитариву профилактикӣ ва варзишиву солимгардониро пайваста месанҷад. Барои бартараф намудани камбудиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба шахсони масъул 36 огоҳинама супорида шуд. Ҷиҳати кам кардани хавфи офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Исфара, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Гулистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии садҳои муҳофизатӣ гузаронида мешаванд.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани селроҳаҳо ба масофаи 27 ҳазору 592 метр ва тоза намудани каналҳои обёрикунанда ва заҳбуру заҳкашҳо ба масофаи 15 ҳазору 605 метр ба иҷро расонида шуд.

Аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳои мухталиф доир ба фаъолияти соҳа пешниҳод гардид ва диққати рӯзноманигорон бештар ба селроҳа ва оқибатҳои нохуши он, ғарқшавӣ ва паноҳгоҳҳо дар ҳолати ба вуқуъ пайвастани ҳолатҳои фавқулодда нигаронида шуда буд.

 Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқиати Суғд”