Одамон меоянду мераванд, аммо баъзеҳо бо худ чароғе меоранд, ки шуълаи он пас аз рафтан низ хомӯш намешавад. Нависанда ва публитсист Қурбон Алӣ Ӯрмонов аз ҷумлаи ҳамин нодирмарде буд, ки зиндагии кӯтоҳ, вале пурмазмуну пурбори худро ба сухан, ба андеша ва ба хидмати маънавии ҷомеа бахшид.

Ӯ нависандае буд, ки ҳарфаш аз дил меомад ва ба дил менишаст. Журналисте, ки воқеиятро бо чашми ҳассоси эҷодкор медид ва инсоне, ки ҳузураш ба атрофиён оромиш мебахшид.

Қурбон Алӣ 5-уми январи соли 1936 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Аз ҳамин хоки содаву пок реша гирифт ва ба сӯи маърифат, сухан ва эҷод қадам ниҳод. Ӯ нависанда ва журналист буд,  узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС аз соли 1975. Солҳои  гуногун ҳамчун нозири калони Хонаи эҷодиёти халқи вилоят, корманди идораи кинопракати вилоят ва дар идораҳои рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ дар вазифаҳои масъул фаъолият бурд.

Пас аз ташкилёбии дубораи вилоят, Қурбон Алӣ аз бунёдгузорони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”) гардид. Солҳои тӯлонӣ ҳамчун ходими адабӣ ва сипас котиби масъули ин рӯзнома дар ташаккул ва рушди рӯзноманигории тоҷик, инчунин дар тарбияи кадрҳои ҷавони журналистӣ саҳми бузург гузошт. Ӯ муҳаррири соҳибқалам ва омӯзгоре буд, ки бо меҳр ва бо сахтгирии солим навқаламонро ба роҳи эҷод раҳнамун месохт.

Эҷодиёти Қурбон Алӣ аз соли 1972 дар нашрияҳои гуногун рӯи чоп омад. Повести машҳури ӯ «Пораи дили ман» соли 1976 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва соли 1978 бо забони русӣ дар маҷаллаи «Помир» нашр гардид. Ӯ муаллифи китобу очеркҳои ҳуҷҷатии «Ташаббус» (1976), «Ашти калон» (дар ҳаммуаллифӣ бо Зайниддин Дӯстматов, 1978), маҷмуаи ҳикояҳои «Ситора» (1976), инчунин повесту ҳикояҳои «Пораи дили ман» (1980) мебошад. Асарҳои ҷудогонааш дар маҷмуаҳои «Субҳи ҷавонӣ», «Тулуъ», «Дар домани кӯҳсори сабз» (солҳои 1977–1978) ҷой гирифтаанд.

Қурбон Алӣ тарҷумони варзида низ буд. Ӯ ҳикояҳои А.П.Чехов, М.Шолохов, Г.Гулиаро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, ба ганҷинаи адабиёти миллӣ нафаси тоза бахшида аст. Бо ибтикори шогирдон ва ҳиммати фарзандонаш соли 2006 куллиёти осораш дар се ҷилд бо унвони «Пораи дили ман» мунташир шуд, гӯё ки пораҳои дили нависанда дубора ба ҳам омада, як  китоби бузурги сарнавиштро ташкил дод.

Аммо тақдир ба ӯ умри дароз надод. Қурбон Алӣ 22-юми марти соли 1984, дар айни гулшукуфти эҷодӣ, дар синни ҳамагӣ 48-солагӣ дунёи фониро тарк намуд. Ӯ рафт, вале суханаш, андешааш  бо дӯстон монд ва ёди некаш дар дилҳо ҷо гирифт.

Хотираҳои дӯстону ҳамкорон симои инсонии ӯро равшантар мекунанд...

Аҳмадҷон Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон, бо эҳтиром ёд мекунад: Қурбон Алӣ мактаб ва донишгоҳро бо забони ӯзбекӣ хатм карда бошад ҳам, эҷодаш ба забони тоҷикӣ бо фасоҳат ва зебоӣ сурат мегирифт. Ӯ нисбат ба худ сахтгир буд, бисёр мехонд, бисёр кор мекард ва маҳз ҳамин серталабӣ боис шуд, ки дар умри кӯтоҳ осори  арзишманд ба мерос  гузорад.

Медонам, ки акои Қурбон Алӣ як романе ҳам навишта буданд бо номи «Кабки дарӣ», ки мутаассифона, нотамом монд. Мехоҳам хотираеро қисса кунам, ки воқеан роман доштани акои Қурбон Алиро собит мекунад.

Як бегоҳ, солҳои ҳаштодуми асри гузашта, аз кор ба хона мерафтам. Дар истгоҳ ногаҳон чашмам ба нафаре афтод, ки ба устод Фазлиддин Муҳаммадиев хеле шабоҳат дошт. Ба он нафар наздиктар шудам ва дидам, ки воқеан худи устод Фазлиддин Муҳаммадиев ҳастанд. Аҳволпурсӣ кардем. Он кас гуфтанд, ки ба хонаи Қурбон Алӣ рафтанӣ ҳастанд.

Устод гуфтанд:

-Қурбон Алӣ барои хондан ва баён кардани фикру андешаҳои ман як романашонро дода буданд, ки «Кабки дарӣ» ном дорад. Ман дар Исфара будам ва фурсат ёфтам асарро мутолиа кунам. Албатта, роман ҳоло тамом нашудааст, аммо фикру пешниҳодҳоямро мехоҳам ба Қурбон Алӣ расонам. Агар корро идома диҳанд, як романи хуб мешавад.

Ҳамин тавр, ман таксӣ гирифтам ва бо ҳамроҳии устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба хонаи акои Қурбон Алӣ раҳсипор шудем. Дар хонаашон моро ҳамсарашон пешвоз гирифтанд ва гуфтанд, ки он кас ба моҳидорӣ рафтаанд. Чун ҷои ҳамешагии моҳидории ӯро медонистем, рост ба соҳили дарё рафтем.

Он бегоҳ дар канори рӯди Сир чӣ шоми хотирмон ва фараҳбахше буд… Суҳбатҳои бисёр ҷолибе доштем роҷеъ ба асрори нависандагӣ, ҳунари нигорандагӣ, дарди эҷод ва масъулияти сухан.

Мутаассифона, умр вафо накард, то романи «Кабки дарӣ»-и Қурбон Алӣ ба анҷом расаду ба дасти хонанда расад. Қурбон Алӣ воқеан нависандаи чирадаст буданд. Маслиҳатгари хуби нависандагон, муҳаррири бисёр тавоно. Дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» дар рушди журналистикаи солҳои 1970–1980 саҳми назаррас гузоштаанд.

Ҳамчун нависанда нигоҳу бозёфтҳои аҷиб доштанд. Ман ибораи «бӯи офтоб»-ро бори аввал маҳз аз забони он кас шунида будам. Инсони наҷибе буданд. Рӯҳашон шод бод.

Сайидамин Ҷило, шоир ва драматург: Қурбон Алӣ Ӯрмонов барои ман пеш аз ҳама як инсони оромтабиат, вале бисёр донишманд буд. Аз он нафароне, ки баланд ҳарф намезананд, аммо ҳар суханашон вазн дорад. Ҳузури ӯ дар муҳити эҷодӣ ҳамеша эҳсос мешуд. Ҳар боре бо ӯ ҳамсуҳбат мешудам, эҳсос мекардам, ки ӯ бештар мешунавад, то мегӯяд. Аммо вақте сухан мекушод, як ҷумлааш метавонист барои муддати дароз ба фикр барад. Қурбон Алӣ суханро беҳуда сарф намекард, ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар эҷод. Ӯ ба адабиёт бо чашми масъулият менигарист. Барояш навиштан танҳо ҳунар набуд, қарз буд  қарз назди замон, назди хонанда ва назди виҷдони худ. Шояд барои ҳамин ҳам асарҳояш пурмазмуну таъсирбахшанд.

Дар муҳити рӯзноманигорӣ Қурбон Алӣ муҳаррири дақиқкор буд. Ӯ мехост, ки сухан поку фикр равшан бошад ва масъулияти ҳар ҷумла эҳсос шавад. Ман борҳо дидаам, ки соатҳо ғарқи андеша мешуданд. Гӯё дар ботинашон ҷаҳони дигаре ҷӯш мезад. Имрӯз, ҳар гоҳ номи он касро ба забон меорам, пеши назар дар баробари як  нависандаи пурҳунар, инсонияти баланд, хоксорӣ ва садоқат ба сухан ҷилва мекунад.

Ӯрунбой Усмонов, адиб ва рӯзноманигор: Бо акои Қурбон Алӣ бисёр наздик будем. Он солҳо ман ҷавон будам ва қадамҳои аввалинамро дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ мегузоштам. Маслиҳату раҳнамоиҳои он кас дар шаклгирии маҳорати ман нақши бисёр боризу фаромӯшнашаванда дорад.

Он замон дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», ки ҳар рӯз нашр мешуд, кор хеле зиёд буд. Акои Қурбон Алӣ котиби масъул буданд, барои ҳамин то дергоҳ дар идора мемонданд. Бо вуҷуди хастагӣ, ҳаргиз аз  суҳбат бо мо, ҷавонҳо  канора намегирифтанд.

Бегоҳиҳо як соат ба боғи Камоли Хуҷандӣ ҳамроҳ ба гардиш мебаромадем. Суҳбатҳои мо дар он лаҳзаҳо комилан дар бораи адабиёт буд. Устод аз нақшаҳои эҷодии хеш бо шавқ нақл мекарданд. Аз сужаҳои ҳикояҳое мегуфтанд, ки барои навиштан дар зеҳнашон чарх мезад. Ҳис мекардӣ, ки дунёи ботинии он кас ҳамеша дар ҳаракат аст, ҳамеша дар ҷустуҷӯи сухани нав.

Ҳамзамон, барои камоли эҷодии ман низ маслиҳатҳои зиёде медоданд, ки ман аз онҳо хеле баҳравар шудаам. Маҳз он кас маро бо эҷодиёти нависандаи маъруф Габриэл Гарсиа Маркес ошно карданд. Рӯзе ҳангоми пиёдагардӣ гуфтанд:

-Урунбой, «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсиа Маркесро гирифта хонед, бароятон бисёр манфиат дорад.

Бо маслиҳат ва тавсияи устод ин асарро мутолиа намудам ва воқеан ҳам он бароям бисёр мақбул шуд. Баъд аз он дигар асарҳои ин нависандаро низ пайдо карда хондам. Худи устод низ бисёр мехонданд. Аз нависандагони ҷаҳонӣ зиёд мутолиа  мекарданд, дар эҷод диду назарҳои муосир доштанд. Сабки хоси он кас буд, ки асарҳояшон миёни хонандагон зуд маҳбуб мешуд. Ман ҳикояи «Девор»-и он касро хонда ба чунин  хулоса омада будам, ки Қурбон Алӣ воқеан дар эҷоди ҳикоя дасти қавӣ ва нигоҳи ғанӣ доранд.

Рафоат Муъминова, рӯзноманигор: Солҳои 1979–1982 бо устод Қурбон Алӣ Ӯрмонов ҳамкор будам. Он кас аз зумраи нависандагони воқеан соҳибқаламу соҳибистеъдоди тоҷик буданд. Фарди бисёр шарифе буданд, бо инсонияти баланд, қалби нозуку пурэҳтирос ва хулқу атвори некӯ. Ягон маротиба надидаам, ки бо овози баланд сухан гуфта бошанд. Табиати ниҳоят ором доштанд.

Дар байни ҷомеа соҳиби обрӯву нуфузи баланд буданд. Дар шуъбаи адабии рӯзнома якҷо бо Озод Аминзода ва Ҳадиятилло Тӯйчизода (равонашон шод бод!) фаъолият мебурданд. Бисёр вақт он касро дар пайроҳаву гулгаштҳои хиёбони ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан мумкин буд. Ғарқи андешаҳои худ, соатҳо ором-ором қадам мезаданд, гӯё бо худ ва бо сухан гуфтугӯ дошта бошанд.

Ин ҷо бояд гӯям, ки аслан ному насаби устод Курбоналӣ Ӯрмонов аст. Вале устод ба тахаллуси худ “Қурбон Алӣ”-ро интихоб намуда, ҳамаи маводи худро бо ин имзо чоп мекунониданд ва хонандагони бешуморашон он касро бо ин ном мешинохтанд.

Асарҳои Қурбон Алӣ  «Пораи дили ман», «Кавкаб» ва дигарҳо  дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодум асарҳои рӯимизии хонандагони сершумор буданд. Забони асарҳояшон фасеҳ, ширин ва нотакрор буд. Дар ҷодаи адабиёт сабку услуби хоси худро доштанд, сабке, ки хонандаро зуд ба худ мекашид.

Он кас кам ғизо тановул мекарданд ва мегуфтанд:

“Эҷодкор набояд то серӣ ғизо хӯрад, вай бояд ҳамеша худро сабук ҳис кунад, то ба эҷод омода бошад”.

Асарҳои ин фарди шариф аввал дар саҳифаҳои рӯзномаамон (“Ҳақиқати Суғд”) интишор мегардид ва муштариён идомаи онҳоро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Оилаи он кас низ инсонҳои соҳибмаърифату зиёӣ буданд. Ҳамсарашон директори мактаби рақами 33-и ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров буданд, фарзандонашон низ имрӯз ҳама дар ҷомеа соҳибэҳтиром, зиёиёни пешқадаманд.

Ман то ба идораи рӯзнома ба фаъолият оғоз намуданам ҳам, ҳанӯз аввали солҳои ҳафтодум, ба назди ин фарди шариф меомадам. Ҳикояҳои навмашқонаамро, баъзан тарҷумаҳоямро меовардам. Устод ба навқаламон хеле боэҳтиёт муносибат мекарданд, то ки дар ҷодаи адабиёт қалбашон шикаста нагардад. Барои беҳбуди минбаъдаи фаъолияти эҷодӣ маслиҳатҳои худро ҳеҷ гоҳ дареғ намедоштанд.

Аз ин устоди азизу нависандаи баркамол дар ҷодаи нигорандагӣ бисёр омӯхтаам ва худро шогирди ӯ мешуморам.

Рӯҳи устоди азизу арҷманд шод бод.

Бале, ӯ зиндагиро низ бо фалсафаи хосе мепазируфт: кам мехӯрд, то сабук бошад, то ҳамеша ба эҷод омода монад. Оилааш  ҳамсар ва фарзандон  ҳама инсонҳои зиёӣ ва соҳибэҳтироманд, идомадиҳандагони роҳи маънавии ӯ.

Имрӯз вақте асарҳои Қурбон Алиро мутоила мекунем, дарк месозем, ки ӯ аз ҷумлаи он нависандагоне буд, ки зиндагиро на тасвир, балки эҳсос мекард. Ӯ суханро аз дил мегирифт ва ба дил месупорид. Гарчанде умраш кӯтоҳ буд, аммо осораш умри дароз дорад.

Имрӯз, дар остонаи 90-солагии ӯ, мо аз нависандаи ҳунарманд, аз як мактаби эҷод ва  аз  ҷаҳонбинии равшан ёд мекунем. Аз нафаре, ки “Пораи дилаш” дар саҳифаҳои китобҳо ва дар қалби хонандагон бо муҳаббат метапад.

 

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”