Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани рейдҳои муштарак оид ба назорати риояи қонунгузорӣ дар баргузории ҷашну маросим 222 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба шаш моҳаи аввали соли 2025, ки ба 184 ҳолат баробар буд, 38 ҳолат бештар аст. Дар ин бора сардори шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими вилояти Суғд Илҳом Худойдодзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар вилоят 7407 маъракаву маросим баргузор шуда, барои баргузории онҳо 65 миллиону 805 ҳазору 505 сомонӣ харҷ шудааст. Тибқи қонун, дар ин ҳисоб танҳо хароҷоти тӯйи домодиву арӯсӣ дохил шуда, маросими азодорӣ бе харҷ гузаронида мешавад.
Дар зарфи нимсолаи аввали соли 2026 сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маблағҳои барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаашонро ба корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ равона сохтанд.
- Аз ҷумла, сокинони ноҳияи Ашт 290 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Шаҳристон 105 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Деваштич 100 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Зафаробод 65 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Бӯстон наздик ба 13 ҳазор сомонӣ маблағи барои сафари ҳаҷ пасандозшудаашонро барои таъмири роҳҳои пиёдагард, сохтмони мактаб, мустаҳкамкунии пули деҳа сарф кардаанд, - иттилоъ дод Илҳом Худойдодзода.
Ёдовар мешавем, ки феълан дар вилояти Суғд 930 иттиҳодияи динӣ, 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 91 масҷиди ҷомеъ, 809 масҷиди панҷвақта ва 17 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ фаъолият дорад. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 иттиҳодияҳои динӣ ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, оилаҳои дорои беш аз ду нафар маъюб ва ятимон ба маблағи 3 миллиону 974 ҳазору 565 сомонӣ кӯмаки хайриявӣ расониданд. Дар моҳи шарифи Рамазон ва иди Қурбон ҳаҷми умумии амалҳои хайриявӣ ба 17 миллиону 384 ҳазор сомонӣ расид.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”





