Ҳарчанд аз Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 солҳои зиёд сипарӣ гашт, ин ҷанг, ки дар таърих бо даҳшату хунрезиҳои бераҳмонааш ҳамто надорад ва бар ивази ҷони 27 миллион нафар одамони гуногунмиллати шӯравӣ ба даст омадааст, бо гузашти солҳо аҳамияту қадру қимати бештаре пайдо карда истодааст. Аз як тараф эҳсоси ватандӯстии воло, фидокориҳо баҳри ҳифзу ҳимояи Ватан, қаҳрамониҳои бемисли мардуми шӯравӣ барои имрӯзиён дарси ибрат бошад, аз ҷониби дигар фаврияти дигар кардани тактикаи ҷангӣ, сохтани аслиҳаҳои нави замонавӣ, бар душмани ғаддор амон надодану оштинопазир будани собиқ халқҳои шӯравӣ то кунун аҳамияту муҳимияти худро гум накардааст. Ба қавле, дар ин ҷанги ҷаҳонӣ дар саросари олам оилае набуд, ки даҳшати ҷанг, гуруснагӣ, қаҳатиро аз сар нагузаронида бошад.

Ёд ва хотири ононе, ки дар ин ҷанг шаҳид шудаанд, то абад дар дили инсоният боқӣ хоҳад монд. Ёди модарон, занон, духтарон, хоҳарон, ки дар ҷанг фарзанд, шавҳар, маҳбуб, бародарро гум кардаанд ва дар ақибгоҳ қаҳрамониҳо нишон додаанд, дар дили ҳамагон гиромӣ аст.

Надежда Кондратйевна Леонтйева аз зумраи бачагони даврони ҷанг буда, ки талхиҳои гуруснагӣ, маҳрумиятҳои зиёдро аз сар гузаронидааст. Ин зани  қавииродаву мардтинатро мушкилиҳои айёми ҷанг рӯҳану ҷисман обутоб додаву ҳарчанд синну солаш аз ҳаштодусесолагӣ ҳам гузаштааст, имрӯз низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеа фаъолияти густурда дорад.

Дирӯз, дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Fалаба дар Маркази таҳсилоти иловагии назди Идораи маорифи шаҳри Хуҷанд бо ибтикори директори Марказ З.Комилова бо ин бонуи соҳибоэътибор мулоқот доир шуд. Дар чорабинӣ намояндаи  Ш.Рӯзиева, Т.Атохоҷаева, намояндаи Шӯрои кумитаи маҳаллаҳои шаҳр М.Шамсиева, омӯзгорони Марказ, муҳассилин, дӯстону ҳамкасбони Н.Леотйева, волонтёрон, аҳли ҷамоатчигӣ ҳузур доштанд.

Омӯзгори забон ва адабиёти руси Маркази таҳсилоти иловагӣ Н.В.Горбатова ба чорабинии тантанавӣ оғоз бахшида, суханро ба омӯзгори дараҷаи олӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Раиси вилояти Суғд, муассиси  ташкилоти ҷамъиятии Маркази фарҳанги рус “Анастасия”, узви ҳизби коммунистиии СССР, фарзанди даврони ҷанг Надежда Леонтйева дод. Ин бонуи пуркору аъзои фаъоли ҷомеаро дар либоси низомӣ иштирокчиёни вохӯрӣ бо кафкӯбиҳо истиқбол намуданд. Суруду таронаҳои айёми ҷанг садо доданд, муҳассилин бо тайёрии пухта шеър мехонданду суруд мехонданд, ки дар толор нишастагон ҳар як суруди айёми ҷангро ашкрезон истиқбол гирифтанд.

Баромадкунандагон дар ҳаққи ин фарди шарифу нотакрор, тифли айёми ҷанг, дӯсти бузурги Маркази таҳсилоти иловагӣ Надежда Леонтйева суханони гарму самимӣ ҳамчун зане, ки ба гармиву сардии рӯзгор пуртоқатона сабру таҳаммул мекунад, ба мардуми русзабони қаламрави вилоят ҳамеша дар тӯю мотамашон ва ҳалли ҳуҷҷатгузориҳо дасти мадад дароз мекунад, ҳамчунин ба фарзандони мардуми тоҷик забони русиро меомӯзонад, ба забон оварданд. Аз номи иштирокчиён ба ин фарди шарифу муътабар  дастагулҳои тару тоза ва тӯҳфаҳо тақдим шуданд. Ҳамчунин омӯзгорон, волидони муҳассилин, волонтёрон дар ситоиши заҳматҳои ин шахсият суханони нек гуфтанд. Дар охири мулоқот Надежда Леонтйева сухан карда, барои ин қадар арҷгузории меҳнаташ ва пазироии гарму ҷӯшон изҳори сипос намуд.

Ҳадаф аз баргузории чунин як мулоқот он буд, ки ин рӯз-Рӯзи Fалаба бар фашистони гитлерӣ аз хотироти инсоният ҳаргиз зудуда нашавад, ҳамеша баҳри ҳамагон ҳамчун дарси ибрату худогоҳӣ дар самти меҳанпарвариву ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба сарзамини аҷдодӣ ва ҳар ваҷаб хоки Ватанро бо арзиши ҷон ҳифзу ҳимоят намудан боқӣ монад ва аз насл ба насл идома ёбад.

 

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”