Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич нишастаему дӯстону пайвандон сифати бонуи ҷашнвораро намуданд. Ба симои нуронии ӯ нигаристаму ҳамин ибораҳо аз саҳифаҳои хотиротам варақгардон шуданд: Зан – муқаддастарин мавҷудоти рӯи олам, нахустин мураббии инсонҳо, ки ба олами имрӯз тифл меовараду ӯро бо парастишу муҳаббати бепоёнаш, дар оғӯши гарми меҳрофаринаш, бо шири мусаффояш ба камол мерасонаду бо панду андарзаш чашми дилбандашро ба саҳнаи ҳаёт, ба зиндагӣ, ба мушкилоти он омода месозад. Ва ҳоло метавон гуфт, на танҳо пайвандони худ, балки насли наврасу ҷавонони ноҳияи Деваштич аз ҳамин бонуи нозукандому ширинкалом, аз ҳамин бонуи наслофару илмдиҳанда дар ҳаёт, ба аҳли ҷомеа бовафою босадоқат, бомеҳру бомуҳаббат буданро омӯхтаанд ва ҳоло ҳам ҳамагон ташнаи гуфтору самимияти ин зани ҳамадон ҳастанд.

Ин зане, ки имрӯз ба ифтихораш чунин инсонҳои нексиришт аз пойтахту аз шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлобу дигар навоҳӣ ҷамъ омадаанд, ҳарфи муҳаббатбор барояш рехтанду қайд карданд, ки муаллимаи мо дар фасли баҳори гулборон, дар рӯзҳои фарорасии Наврӯзи байналмилал ба олами ҳастӣ чашм во намудаанд ва ин зану табиати афсункор бо ҳам тавъам омадаанд, зеро баҳору модар тавлидкунанда, эҳёкунандаи табиату инсонҳоянд, яъне ҳарду сарчашмаи меҳрбору саодатбахши зиндагианд.

Баъди ин гуфторҳо ба симои нуронии соҳибҷашн - Дилбар Сатторова нигаристаму ба дарвозаи ноҳия ворид гардиданамон ба хотирам омаданд: дар ҳақиқат табиат эҳё гардидаву дар бағали замин чун кӯрпаи махмалину рангин сабзаҳо дамидаанд, нағмаи мурғони хушилҳом, навои дилнавози обшорон ва боиси шодмонист, ки борони сим-сим низ ба оинаи мошин мезаду моро ба ин водии сарсабзу хуррам хуш “истиқбол” мегирифт.

Ба маҳфили “Одамият” (чунин номгузорӣ кардаанд, ин нишасти дӯстонро) ин бонуи зебо, хоксору дилбар Дилбар Сатторова ширкат варзидаму ӯро дар оғӯши гулу гулбаргҳо, боғи фирдавс тасаввур кардам, зеро худ ба синни мубораки ҳафтод расидаасту гирдашро қиблагоҳии бедордил – забоншинос Муқим Акрамов, меваҳои умраш Манучеҳр, наберагон ва абераи ширинсухан иҳота кардаанд. Ва ба худ хулоса кардам: Ана ин давлат асту ана ин савлат. Қиблагоҳии навадсола зимни суханронӣ ҳарфҳои самимӣ гуфтанду зери мусиқии рӯҳнавоз рақси мавзун карданд. Ин марди хирад зикр доштанд, ки духтарам дар фасли арӯсон - моҳи март, дар рӯзҳои наврӯзи оламафрӯз ба олам омадаасту дилаш низ мисоли наврӯз аст. Ва орзуву таманниёти хешро нисбат ба меваи умраш баён карданд.

Набераи дӯстрӯю ватандӯсташ Манумеҳр - хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Вологдаи Федератсияи Русия, айни ҳол сарбози қисми ҳарбии 08145 мебошад, муҳаббатномаи хешро бо забонҳои модариву русӣ изҳор дошт.

Қиблагоҳиаш чун қайд карданд, ки дар фасли баҳори нозанин ба олам омадаасту худ низ мисоли баҳор аст, рост, зеро Дилбар - апаро қаблан низ мешинохтам, оилавӣ рафтуомад дорем. Аммо ростӣ, намедонистам, ки дар фасли зебои сол ба дунё омадаасту хислатҳои беҳтарини инсониро дар ниҳонхонаи дилаш ҷойгузин намудааст.

Албатта дар рӯзи мавлуд ҳамагон ҳарфи дил мегӯянд ва дар ин маҳфил низ ҳар нафаре муҳаббатномаи хеш баён доштанд. Апаи Дилбарро чунин тасаввур кардам: Ӯ бонуест росттинат баҳри ифшои муҳаббат нисбат ба дигарон, омӯзгорест, ки ҳар як ҳарфу амалаш баҳри пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек рехта шудааст. Замоне бар дӯш вазифаи омӯзгориро дошт ва бо ҳамсараш, шодравон Азимҷон Сатторов, муҳандис ва ободкори ҷамъият, собиқ директори ҶСК “ДСМ -28” оилаи намунавӣ доштанд. Инро аз меҳрномаи муаллима Бунафша Қутбиддинова дарк кардам, ки ӯ гуфт:

- Касби муаллимиро аз ҳамин апаи одамдӯсту инсонпарварам омӯхтаму дил бохтам. Аз ман ба сол бузургтаранд, агар гӯям дар он лаҳзаҳои бароям мушкил дасти ман бигирифт, хато нахоҳад шуд. Муаллима қадам гузоштанду ман аз паяшон рафтаам. Нурафшонкунандаи пайроҳаи зиндагиам ҳастанд. Ва то ҳол ҳар як рафтору амали ин кас бароям боиси ибрату омӯхтанист.

Дилбар ба қадри меҳнату ранҷи нафари дигар мерасад. Инро аз ёдоварии ҳамкораш, ки замоне ҳар ду дар самти маориф фаъолият бурдаанд, дарёфтам. Ҳангоми меҳнат дар шуъбаи маорифи ноҳия, баргузории семинару тренингҳо баҳри санҷиш ба ҷамоатҳои дурдаст роҳсипор гардидан ва ё таклифи омӯзгорон аз он ҷониб на танҳо худ, балки дигар ҳамсафонашро низ таъкид менамудааст, ки муаллимон баҳри дарёфти навоварие омадаанд ва дониши хешро дареғ надоранд, балки аз методу усулҳои нав онҳоро бохабар созанд. Аз гуфтори ин муаллима аёнам гашт, ки ӯ хатмкунандаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 16-и ноҳияи Деваштич ва 51-и шаҳри Истаравшан аз фанни таърих ва ҳуқуқ насли ояндаро огоҳ сохтааст. Ҳамчунин наворе, ки пешкаши аҳли нишаст намуданд, Дилбар баҳри рӯзкушӣ ба муассисаи таълимӣ пой наниҳодааст, балки ҳар яке аз ин толибилму талабаро дасташ бигирифтаасту бо муҳаббати худ бар дили наврасону ҷавонон баҳри аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумлаи русиву англисиву немисӣ, бо ёрии намояндагони давлати хориҷ ранҷ кашидааст. Дар дарсҳояш на танҳо асбобҳои айёнӣ омода кардаасту ашёи лозимӣ сохтааст, инчунин намояндагони ҳамон давлатро бо омода сохтани лоиҳа таклиф намудаасту забони муоширатро ба насли имрӯз омӯзонидааст. Чанд наворе, ки аз ташрифи намояндагони давлати хориҷ ба ин ноҳия пешниҳод карданд, маро ба ҳайрат гузошт, зеро духтаракону писаракони муассисаи таълимӣ, шояд синфҳои 6-7 бошанд, бо меҳмонони давлати хориҷ бо забони англисӣ муошират доштанд. Чун гуфтори онон шунидам, дарк кардам, ки ҷавонони 14-15 сола бе мамониат, бе мушкилӣ ва бе ҳеҷ хатогӣ бо забони англисӣ, немисӣ ҳарф мезананд. Ана ин аст гуфтам ба худ, муҳаббат ба касб, муҳаббат ба насли оянда, муҳаббат ба идомадиҳандагони ҷомеаи фардо, ки баҳри забономӯзии эшон аз ҳама гуна усулҳои шоиста истифода кардааст. Воқеан, ба забономӯзӣ ҷалб сохтани насли имрӯзро Пешвои миллат низ дар ҳар як гуфторашон таъкид менамоянд.

Тавре муовини Раиси вилоят, инсони накӯкор Зуфар Исмоилзода зикр доштанд, баҳри пешрафти илму маориф, ташаккули зеҳнии насли имрӯз ин бонуи маҳфилоро заҳмати зиёд кашида, ҷавонон- духтарону писаронро дар баробари илм-омӯзӣ, ҳамчунин духтарону бонувони хонанишинро ба ҳунармандӣ ҷалб намудааст. Бо ин мақсад тибқи лоиҳаи пешниҳоднамудааш бо ёрии ширкати Оғохони IV барои дилбохтагони ҳунарҳои мардумӣ мошинкаи дарздӯзиву дигар техникаи дӯзандагии муосирро дарёфтаасту дасти аксари духтаронро ба ин касб рост намудааст. Мавқеи чунин бонувон барои насли ояндаи Тоҷикистони ҳамешабаҳор, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, хеле муҳим мебошад. Дар оиладорӣ низ намунаанд. Имрӯз фарзандону наберагонашон дар ҷамъият мақоми шоистаи хешро дарёфтаанд.

Пас аз суханронии муовини Раиси вилоят боз ба маҳфилорои имрӯза, ки дар саҳна истодааст, нигаристам. Боз мегӯям, гарчанде мешинохтам, акнун дарк карда истодаам, ки ин бонуи нармдилу накӯгуфтор олами пурғановати худро доштааст. Дар ин олам ба ҷуз саодати зиндагиро дарёфтан тухми накӯӣ коридан, дасти ҳамагон гирифтан, баҳри дарёфти луқмае дар зиндагии уфтодае кӯшиш намудан будааст. Ҳамин нукта дар суханронии собиқадори меҳнат Рафоат Бобоева ва Масрура Сиддиқова таъкид шуд.

- Бале, ҳамин апаи Дилбар буданд, ки моро ҳунар  омӯзониданду соҳибкасб намуданд. Ва имрӯз шодам, ки на танҳо худам, балки ду духтарам низ аз ҳамин касб ризқи хеш меёбанд, - қайд кард бонуи дар паҳлӯям нишаста.

Муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, ки худ низ аз ҳамин омӯзгори асил аз фанҳои таъриху ҳуқуқ огоҳӣ ёфтааст, дар бораи зиндагӣ ва рӯзгори Дилбар Сатторова, дастовардҳояш ва то ҳол дар хизмати халқ буданаш андешаронӣ намуд.

Қайд гардид, ки ҳанӯз соли 1987 дар баробари вазифаи омӯзгориро бар зимма доштан, дар деҳаҳои Ободӣ ва Тошбеки шаҳри Истаравшан китобхонаи шахсӣ бо номи “Инқилоби Октябр” таъсис додаасту пиру барноро ба қироати роману повесту шеъру тарона ҷалб намудааст.

Дилбар Сатторова аз зумраи бонувони нозукбину нуктасанҷу мушоҳидакор аст. Баҳри дастгирии оилаҳои камбизоати деҳоти дуру наздики ноҳияи мардумаш меҳнатқарин бо дастгирии Британияи Кабир маърифати экологии ҳамагонро баланд бардошт.

Ҳамчунин, меҳрномаи хешро тавассути онлайн Зиёда Ашӯрова аз номи хатлониён, Меҳроҷ Отаев, зодаи ноҳияи Деваштич, шогирд, хатмкунандаи Маркази хонандагони болаёқати ноҳия, алҳол табиби Беморхонаи давлатии шаҳри Тюмени Федератсияи Русия қайд кард, ки заҳматҳои муаллимаи дилсӯз Дилбар Сатторова буд, ки мо забонҳои хориҷиро хуб аз бар намудему имрӯз дар муҳоҷират бо касби табибӣ машғулем.

То оғози маҳфил бо дӯстони дерин ҳамсӯҳбат гардидам. Зани боиффату дунёдида, меҳнатқарину инсондӯст, собиқадори арсаи меҳнат Мамлакат Абдусамадова ҳангоми сӯҳбат изҳор доштанд, ки “Дилбар ҷони одам аст. Аз кор ҳарос надорад. Доимо аз навовариҳо, аз навгониҳои олам, аз камбудии ҳаёт воқиф асту сайъ мекунад, ки ҳамон норасоиро бартараф созад. Ва ба ин комёб ҳам мешавад. Касе бо мададе дари ӯро кӯфтааст, ноумед нарафтааст. Ҳоло ташкилоти ҷамъиятии “Таҳмина”- ро бар уҳда дораду ҳамроҳи халқ аст”. Ва чанд лаҳзаҳои ҷолибро аз рӯзгори Дилбар Сатторова ёдовар гардиданд.

Дар ин мавод наметавон зиндагиномаи бонуи маҳфилорову дилбари ҳамагон – Дилбар Саттороваро ба риштаи қалам кашид, аммо ӯ аз ҳар дақиқаи барояш эҳдогардида босамар истифода бурдаасту бо каломаш, бо рафтораш, бо иқдомҳои шоистааш тӯдакаши халқи азизаш гардидааст.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ,

“Ҳақиқати Суғд”