Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Зан- модар тоҷи офариниш” бахшида ба Рӯзи модар ва 133 - солагии зодрӯзи модари аллома Бобоҷон Ғафуров, шоираи ширинкалом Розия Озод дар толори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки фаъолзанону собиқадорон, гирандагони стипендияи ноҳиявию вилоятӣ ва президентӣ, устодони таълимгоҳҳо ва ихлосмандони ин зани фидокор баргузор гардид.
Директори осорхона Муқаддам Ҳошимзода ҳозиринро бо фарорасии баҳори нозанин шодбош гуфта, дар остонаи таҷлили Рӯзи модар ёдовар шуданро аз рӯзгори шоира Розия Озод – модари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров, ки барои ҷаҳониён ва хусусан тоҷикон писареро ба дунё оварда, тарбия намуд, ки миллати тоҷик ва таъриху тамаддуни бойи халқамонро бо навиштани китоби “Тоҷикон” ба оламиён муаррифӣ намуд, нек арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки офарандаи зебоӣ ва асоси саодатмандиву шукуфоӣ, ҳамчунин нерӯи пешбаранда будани зан-модар дар меҳвари сиёсати фарҳангпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, занону духтарон ҳамавақт зери пуштибонӣ ва дастгириҳои давлату Ҳукумат қарор доранд.
“Нақши ҷойгоҳи занони мубориз ва қаҳрамон дар масири таърих” унвон дошт маърӯзае, ки номзади илмҳои таърих, дотсент Шавкат Шарифов ба самъи ҳозирин расонд. Ӯ ҳамчунин дар бораи қаҳрамонию шуҷоатмандии занони муборизу далер Томирис, Сфарейле, Рухшона, Зайнаббибӣ, Мастура ва дигарон бо истифодаи далелҳои таърихӣ нақлҳои пурмазмун кард.
Аз маърӯзаи номзади илмҳои филологӣ, котиби илмии осорхона Розиқҷон Муталлибов дар бораи аҳамияти иқтибосҳо аз хотироти хоҳарони академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Алломаи замон”-и профессор Усмонҷон Ғаффоров бошад, аҳли нишаст як таассуроти хотирмон бардоштанд.
Сарходими илмии осорхона Мутриба Мамадҷонова дар бораи саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди саводнокии занони тоҷик ва сармутахассиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зеварой Бобоева дар бораи заҳмати шоистаи занони сарбаланди тоҷик дар ташаккули ҷамъият сухан гуфтанд.
Конфронс бо суруди дилнишини аллаи модар аз ҷониби омӯзгори фанни таърихи МТМУ №32 Саноат Шодмонқулова ва сурудҳои ба модар бахшидаи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия Абдусаид Ғаффоров ва Муборакшоҳ Сафаров табъи ҳозиринро шод гардонд.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




